ТАБРИКОТИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКИИ ТОҶИКИСТОН БА НОМИ АКАДЕМИК М.С. ОСИМӢ ОДИНАЗОДА ҲАЙДАР БАХШИДА БА 1-УМИ СЕНТЯБР – РЎЗИ ДОНИШ
Устодон, кормандон ва донишҷўёни азизи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ!
Шуморо ба муносибати 1-уми сентябр – оғози соли таҳсили 2017-2018, Рўзи Дониш муборакбод мегўям.
Соли таҳсили нав таҷассумгари оғози марҳилаҳои нави омўзиш ва таҳсил барои ҳар як нафар хотирмон аст. Махсусан ин рўз барои донишҷўёни курси аввал – он нафароне, ки бори аввал ба ин даргоҳи илму маърифат қадам мегузоранд, аҳамияти хос дорад. Аз ин рў, ба донишҷўёни курси якум муроҷиат карда гуфтаниам, ки Шумо ҷавонони хушбахтед ва дар даврони истиқлол ба камол расида, бо ақлу заковати худ ба интихоби касби пуршарафи муҳандисӣ иқдом намудаед. Шумо боварӣ дошта бошед, ки барои пешрафти иқтисодиёти Тоҷикистони азиз ва зиндагонии ҳар яки мо касби интихобнамудаи Шумо ҳамчун қувваи пешбарандаи истеҳсолот доимо дар хизмат аст. Зеро Шумо ҳамчун нақлиётчӣ, энергетик, металлург, сохтмончӣ, механик ва ғайраҳо як шохаи истеҳсолотро пеш хоҳед бурд. Ин гуфтаҳо аз дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бармеояд. Дар ҳар як вохўрӣ ва суҳбатҳо Роҳбари азизи кишвар барои омўзиши илмҳои техникӣ таваҷҷуҳ намуда, зарурати касби мову Шуморо боз ҳам таъкид медоранд.
Донишҷўёне, ки дар курсҳои болоии таҳсил бо омўзиш фаро гирифта шудаанд, фориғ аз таҳсил аллакай дар корхонаҳои истеҳсолӣ бо таҷрибаомўзиҳои таълимию истеҳсолӣ дониши андўхтаи худро мукаммал менамоянд. Дар ин ҷода бароятон, донишҷўёни азиз, бурдбориҳо таманно намуда, роҳи омўзиши фарох, бомақсад ва ояндадорро таманно дорам.
Устодони азизро таманнои саломатии бардавом, хонаободию саодатмандӣ менамоям. Бигзор дар ин роҳи мушкили таълиму тарбия, омодасозии кадрҳои ҷавобгўйи талаботи бозори меҳнат кушоиш ва пешравиҳо насибатон бод.
Дар Соли ҷавонон бигзор рў ба омўзишҳои нав ба нав ниҳодани ҷавонон, оғози татбиқи ғояҳои нави омўзишӣ ва азхудкунии донишҳои нави муосир, худшиносиву худогоҳӣ, миллатдўстию ватанхоҳӣ мароми ҳар як нафар бошад.
Бори дигар оғози соли нави таҳсил муборак бошад.
