Аз 1  то 4 октябри соли 2017 дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон   ба номи акад М.С. Осимӣ вохурӣ дар доираи лоиҳаи “Водная Гармония” баргузор гардид. Дар ин лоиҳа профессорон ва ходимони илм аз ҳафт давлат дар соҳаи обтозакунӣ ба донишгоҳ ташфир оварданд.

Барномаи ҳамкории Норвегия бо Евразия дар доираи маълумоти олӣ ин барномаи ҳамкории байни Донишгоҳҳои Норвегия,  Беларус,  Қазоқистон, Қирғизистон, Молдова, Тоҷикистон ва Украина мебошад. Давлатҳои ҳамкор дар ҳолати даровардани ислоҳот дар раванди таълими мактабҳои олӣ ҳастанд ва баъзе аз онҳо аъзои просесси Болон мебошанд.

Дар ин барнома даҳто мактабҳои олӣ иштирок доранд: Донишгоҳи илмҳои дақиқи Норвегия, Донишгоҳи техникии миллии Украина, Донишгоҳи миллии хоҷагии оби Украин), Донишгоҳи давлатии химико-технологии Украина , Донишгоҳи давлатии технологии Черкаси (Украина), Донишгоҳи давлатии технологии Беларус, Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ, Донишкадаи кӯҳи-металлургии Тоҷикистон, Донишгоҳи давлатии Қазоқистон ба номи М.Ауэзов, Донишгоҳи миллии Қирғизистон ба номи Ж.Баласагын.

Мақсади асосии лоиҳа чунин аст:

  • алоқамандии устувор аз ҳисоби ҳамкории зич бо семинарҳо, роҳнамои байни донишгоҳҳо ва тадқиқотҳои якҷоя дар соҳаи об;
  • мукаммалкунии барномаҳои бакалаврӣ ва магистрӣ аз ҳисоби мубодилаи таҷриба байни шарикон ва бо воситаи мусоҳибаи онҳо;
  • зиёдшавии интеносионализасия аз ҳисоби миқдори зиёди донишҷӯён ва коркунони донишгоҳҳо ба дигар давлатҳо ва гузаронидани тадқиқотҳои илмӣ, лексияҳо, дастурҳои озмоишӣ ва нашри онҳо;
  • паҳнкунии натиҷаҳои барнома байни давлатҳои ҳамкор.

Ҳангоми баргузории ҷаласа дар ДТТ    чунин маърӯзаҳо шунида шудаанд:

  1. Алоқаи беруна дар лоиҳа.
  2. Алоқа бо корхонаҳои истеҳсолӣ.
  3. Раванди хариди таҷҳизот барои гузаронидани корҳои озмоишӣ.
  4. Барӯйхатгирии таҷҳизоти озмоишӣ.
  5. Пур кардани сомона оиди маълумот дар бораи донишгоҳҳо.
  6. Матни корҳои озмоиши барои гузаронидани корҳо.
  7. Пешрафти масъалаҳои тарҷумаи китобҳои дарсӣ.
  8. Хониши донишҷӯён дар лоиҳаи тобистона.
  9. Ҷалб кардани донишҷӯён ва иштирок онҳо дар таҷрибаомузии тобистона дардонишгоҳҳи илмҳои дақиқи шаҳри Осло
  10. Курсҳои забони англисӣ барои донишҷӯён ва устодони ҷавон.

Лоиҳа чунин натиҷаҳоро ба даст бояд биёрад:

  • Баланд бардоштани аҳамиятнокии маълумоти олӣ дар мамлакатҳои шарик бо воситаи коркард ва мувофиқа кардани барномаҳои таълимӣ дар масъалаҳое, ки ба обтаъминкунӣ, тозза кардани партовоб ва истифодабарии оқилонаи захираҳои обӣ вобастааст ва ба барнома даровардани ин масъалаҳо.
  • Беҳтар кардани сифати таълим.
  • Васеъ ва ҳамоҳангсоз кардани сифати тадқиқотҳои магистрӣ ва мақолаҳои илмӣ дар соҳаи обтаъминкунӣ.
  • Мустаҳкам кардани алоқаҳои илмӣ байни донишгоҳи Норвегия ва донишгоҳҳои ҳамкор.

Рӯзи 2-юми  октябри соли 2017 бо иштироки меҳмонон  дар инсититути масъалаҳои об, гидроэнеогетика ва экологияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон семинарӣ-илмӣ баргузор гардид. Дар кори семинар маърузаҳо оиди тоза ва безараргардонии обҳои табиӣ ва партовобҳои корхонаҳои саноати шунида шуд.Барои иштирокчиёни семинарэкскурсия ба Қалъаи Ҳисор, музейи этнографии академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуд.

Рӯзи 3 октябри соли 2017 иштирокчиёни семирар ба факултети Сохтмон ва меъморӣ ,  кафедраи“Системаҳои муҳандисии биноҳо ва иншоот”-и Донишгоҳи техникии Тоҷикистон шиносои бо  озмоишгоҳҳои кафедраро аз назар гузарониданд. Аз ҳисоби лоиҳаи Водная Гармония дар кафедра таҷҳизотҳои озмоишгоҳи замонавии санҷиши сифати об  гирифта шудааст. Дар ин лоиҳа координатор   д.и.т. профессор Азизов Р.О. ва аъзоёни ин лоиҳа аз кафедраи СМБ ва И н.и.т., дотсент Бокиев Б.Р ва муаллими калон Умаров Б.У.мебошанд.

Маълумоти бештар:

https://www.waterh.net/project-meeting-in-tajikistan/

Университеты-партнеры