11-уми ноябри соли 2017 ба ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ собиқ ректори Донишгоҳи давлатии техникии автомобилию роҳсозии Маскав – Приходко В.М. ташриф овард. Дар ин вохӯрӣ аз донишгоҳ нақлиётчиён, олимон, аспирантон ва докторантони PhD иштирок намуданд.

Приходко В.М. доктори илмҳои техникӣ, профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Федератсияи Россия буда, дар пешрафти фаъолияти донишгоҳи мазкур ҳиссаи арзанда дорад.

Дар рафти вохӯрӣ доир ба имкониятҳои таҳсили илм дар донишгоҳҳои Федератсияи Россия аз ҷониби аспирантон ва донторантони PhD саволҳои бешумор пешниҳод гардид, ки ҷавоби қаноатбахш гирифтанд.