Озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавон дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ

Рӯзи 16-уми ноябри соли равон дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба Иҷлосияи тақдирсози 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни ихтироъкорон ва навоварони ҷавон доир гардид. Рафти озмун аз ҷониби ВАО, нашрияҳои ҷумҳуриявӣ ба риштаи ахборотӣ кашида шуд.

Дар озмун донишҷӯёни донишгоҳ бо завқи баланди техникӣ ихтирооти худро ба аҳли ҳакамон пешниҳод намуданд. Ҳудуди сӣ ихтироъ ва навовариҳои техникӣ дар озмун ба намоиш гузошта шуда, аз онҳо 9 ихтирои беҳтарин сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.

Боиси қайд аст, ки дар асоси нақшаи чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ донишгоҳ дар давоми сол ду маротиба чунин озмунҳоро доир менамояд, ки ин озмуни навбатӣ дар давоми соли равон дуюмин аст. Ёдовар мешавем, ки озмуни мазкур бахшида ба ҷашни Наврӯз доир гардида буд.

  • ozmuni-ixtirokoron2
  • ozmuni-ixtirokoron3
  • ozmuni-ixtirokoron4
  • ozmuni-ixtirokoron5
  • ozmuni-ixtirokoron6
  • ozmuni-ixtirokoron7
  • ozmuni-ixtirokoron8
  • ozmuni-ixtirokoron9