Гузаронидани озмуни умумиҷумҳуриявӣ дар “Соли ҷавонон” аҳамияти муҳим дорад. Ин озмун барои ҳавасмандкунии донишҷӯён ва баланд гардидани сатҳи тафаккур, ҷаҳонбинӣ, дониши сиёсӣ ва ҳиссӣ ватандӯстии донишҷӯён мусоидат менамояд. Барои гузаронидани озмун комиссия дар ҳайати Ашуров А.Н. – раис, Акрамов С.С., Шарипов Ш., Раҳмонов А., Фохаков А.С., Ҳикматов Ҷ.Ҳ. – аъзоён, Холиқова М. – котиб таъсис дода шуд.

Дар ин озмун донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд, аммо дар байни онҳо донишҷӯёни зерин бо тафаккур ва заковати хеш фарқ доштанд.

Донишҷӯи бахши 3 – юми гурӯҳи 700201А1 факултети С ва М Муминов Ашрафҷон.

Донишҷӯи бахши 4 – уми гурӯҳи 690101А факултети С ва М Қодирзода Нилуфар.

Донишҷӯи курси 2 – юми гурӯҳи 690101Б факултети С ва М Камолов Муҳаммад.

Баъд аз гузаронидани озмун ҳайати комиссия ба чунин қарор омад, ки ба донишҷӯён ҷойҳои зерин дода шавад:

  1. Муминов Ашрафҷон – ҷои якум
  2. Қодирзода Нилуфар – ҷои дуюм
  3. Камолов Муҳаммад – ҷои сеюм

Номзадии Муминов Ашрафҷон донишҷӯи бахши 3, гурӯҳи 700201А1 барои иштирок дар озмуни Ҷумҳуриявии “Донишҷӯи сол  — 2017” пешниҳод карда шавад.

Руйхати иштирокчиёни озмун

Р/Т Ном ва насаб Гурӯҳ Ихтисос Факултет
1 Муминов Ашрафҷон 3-00201А1 Сохтмони саноатӣ шаҳрвандӣ С ва М
2 Қодирзода Нилуфар 4-690101А Меъморӣ С ва М
3 Камолов Муҳаммад 2-690101Б Меъморӣ С ва М
4 Бобоев Муҳаммад 2-740603 Ташкили технологияҳои хизматрасонии техникӣ Нақлиёт
5 Сафаров Омирҷон 2-370401Б Истифодабарии техникии киштиҳои ҳавоӣ ва муҳарикҳо Нақлиёт
6 Қарабозов Насим 4-430101А Неругоҳҳои барқӣ Энергетикӣ
7 Ақназарова Хайринисо 3-440101А1 ТИИН М ва КН
8 Норова Ҷонона 4-260202-07А1 Менеҷменти истеҳсолӣ ТИ
9 Иброимов Ибрат 2-7002Б1 Сохтмон БНТУ