Рӯзҳои 21-22 декабри соли 2017 муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Абдуллоев М.А. бо даъвати Бюрои илмии минтақавии Осиё ва Уқёнуси Ороми ташкилоти ЮНЕСКО, ба шаҳри Ҷакартаи Ҷумҳурии Индонезия ҷиҳати дар семинари минтақавии муҳандисӣ зери унвони «Тақвияти нақши ЮНЕСКО ва ECOSF барои дастгирии талабот ва стандартизатсияи таҳсилоти муҳандисии FEIAP дар пешбурди ҳамкориҳои ҷанубу ҷанубӣ, барои ояндаи муҳими муҳандисон дар Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором» (The Engineering Regional workshop on “Strengthening the Role of UNESCO and ECOSF to Support the Engineering Qualification and Standardization of FEIAP in Promoting South-South Cooperation for Sustainable Engineers’ Future in Asia and the Pacific Region) сафари хидматӣ дошт.
Дар семинари мазкур намояндагони муассисаҳои таҳсилоти муҳандисӣ ва илмӣ аз Малайзия, Покистон, Эрон, Чин, Шри-Ланка, Индонезия, Озарбойҷон, Мянмар ва ғайра иштрок доштанд:
Профессор Ариф Раҳмон, раиси иҷроияи Комиссияи миллии Индонезия барои ЮНЕСКО;
Доктор Германи Дардак, сардори Пажуҳишгоҳи муҳандисии Индонезия;
Доктор Унгул Прянто, сардори Агентии арзёбӣ ва Истифодаи технологияи Индонезия;
Профессор Шаҳбаз Хон, директори муассисаи ЮНЕСКО (Идораи Ҷакарта);
Профессор, доктор Манзур Сумро, Президенти фонди илмии ECOSF;
Профессор, академик, доктор Чуа Хина Тэик, собиқ Президенти федератсияи институти муҳандисии минтақаи Осиё ва ҳавзаи Уқёнуси Ором (FEIAP);
Ли Йи Чонг Хон, Президенти академияи муҳандисӣ ва технологияи давлатҳои рӯ ба тараққӣ (AETDEW);
Шоев М.Э., муовини сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Абдуллоев М.А. , муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалии ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ.
Намояндагони дигар муассисаҳои таҳсилоти муҳандисӣ ва илмӣ аз Малайзия, Покистон, Эрон, Чин, Шри-Ланка, Индонезия, Озарбойҷон, Мянмар ва ғайра.
Дар рафти семина масъалаҳои зерин муҳокима гардиданд:
Натиҷаи Форуми сатҳи баланди байналмилалӣ ва семинар дар мавзӯи «Рушди нақшаи роҳи стандартизатсия ва аккредитатсияи таҳсилоти муҳандисӣ ва системаи касбӣ (EQSAPS)», ки рӯзҳои 27-29 март дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ДТТ ба номи акад. М.С. Осимӣ баргузор гардида буд. (Result of International High Level Policy Forum & Workshop on “Developing the Roadmap on Engineering Qualification, Standardization, Accreditation & Professional System (EQSAPS)”).
Системаҳои аккредитатсионӣ барои стандартизатсияи устувории муҳандисӣ (Accreditation systems for sustainable engineering standardization).
Рушди муҳандисони ҷавон (Development of Young Engineers).
Занон дар муҳандисӣ (Women in Engineering).
Лоиҳаи “Як камар — як роҳ” дар муҳандисӣ (One Belt-One Road (OBOR) and Engineers).
Бунёди ҳамкории Ҷанубӣ — Ҷанубӣ дар тахассуси муҳандисӣ (Building South-South Cooperation in Engineering Qualification).
Ҷамъбасти семинар.