Бо Қарори Шӯрои олимон ва фармоиши ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ барои 337 нафар хонандагони мактаб-интернати ношунавоёни ноҳияи Рӯдакӣ туҳфаҳои солинавӣ супорида шуд.

Ин иқдоми хайрхоҳона дар пайравии сиёсати хирадмандона, инсондӯстона ва падаронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола аз ҷониби роҳбарият ва аҳли коллективи донишгоҳ ба ниёзмандон амалӣ карда мешавад.