Дар факултети “Сохтмон ва меъморӣ”-и ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба «Соли ҷавонон» ва 40-солагии фаъолияти илмию педагогӣ ва эҷодии декани факултет – Ҳасанов Нозимшо Назокатшоевич семинар-машварати илмӣ-амалии докторантон, аспирантон, магистрон ва донишҷӯён таҳти унвони “Ташаккулёбии муҳити меъмории дастрас” баргузор гардид.
Ибтидо, мувофиқи барномаи семинар-машварат намоиши эҷодиёти донишҷӯёни факултет – макету лоиҳаҳо, расму намунаи пайкараҳо ва монанди инҳо баргузор шуд.
Дар намоиш намунаи беҳтарини корҳое, ки донишҷӯён таҳти роҳбарии устодони факултет анҷом додаанд, пешкаши ширкаткунандагони семинар-машварат гардид.
Рафти намоишро ҳакамон баҳогузорӣ ва беҳтаринҳоро муайян намуданд, ки онҳо дар маҷлиси тантанавӣ қадрдонӣ шуданд.
Дар семинар-машварат меҳмонони зиёд аз Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии ш. Душанбе – Азизов С.С., Шарифҷов Т.С., инчунин аз муассиса ва ширкатҳои сохтмонию меъмории шаҳр, ҳамкурсон, хатмкардагони факултет ширкат намуданд.
Дар семинар-машварат муовини ректори ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ оид ба корҳои тарбия – Ашӯров А.Н. баромад карда, дар бораи пешрафту комёбиҳои факултети “Сохтмон ва меъморӣ” ва махсусан дар бораи Ҳасанов Н.Н. суханронӣ намуд.
Баъдан меҳмонон низ бо суханҳои табрикотӣ баромад намуданд.
Дар баромади худ докторанти PhD – Шокиров Р.М. ва магистрант – Мирзоев М. дар мавзуи “Ташаккулёбии муҳити меъмории дастрас” доир ба нозукиҳои ин соҳа ва касби эҷодӣ фактҳои ҷолиб оварданд.
Дар семинар-машварат маводи таълимию илмӣ ва эҷодии Ҳасанов Н.Н. низ муаррифӣ карда шуд.
Рафти семинар-машваратро бо намунаҳои зиёди маводи намоишии пешкашшуда намояндагони ВАО сабт ва наворбардорӣ намуданд.