Дар дунё кам нестанд шаҳрҳое, ки бо доштани чандин хусусияту сифати одамиёна ва шаклу рехти бинову дигар иншоот номвар гардидаанд. Бархе бо иморатҳои боҳашамату сар ба фалаккашида, баъзеяшон бо доштани манораҳои осмонбӯс, бархи дигар бо осори гаронбаҳои асрҳо боқимонда, аз ҷумлаи кӯшку қасрҳо ва дигар биноҳои қадима.

Таърих гувоҳ аст, ки бобову аҷдодони мо — тоҷикон бо донишу хирад дар ҳама соҳа, хоса меъмориву сохтмон парчами пешсафиро афрошта буданд. Сар карда, аз шаҳрҳои қораи Ҳинд то Ховари миёнаву наздик ва Хуросону Осиёи Марказӣ, нақши дастони муъҷизаофари аҷдодонамонро дидан мумкин аст. Бинои Тоҷмаҳал дар Ҳиндустон, манораву кӯшкҳои зиёд дар шаҳрҳои Бухорову Самарқанду Хива, Исфаҳону Ҳирот ва ғайра ин ҳама маҳсули дасти муҳандисону меъморон ва устоҳои моҳири тоҷик аст.

Имрӯз низ муҳандисону меъморони чирадасти тоҷик бо усулу маҳорати фавқулодда идомадиҳандаи анъанаҳои неки аҷдодӣ мебошанд. Нақши дастони устоҳои муосиру гулдасти тоҷикро дар ақсои олам ва шаҳрҳои зиёди кишвар, ки имрӯз дар ҷаҳон назир надоранд — дар биноҳои бо тарҳи миллии тоҷикона сохташудаи шаҳрҳои гуногуни мамолики Аврупо, ҳатто он сӯйи уқёнус – шаҳри Боулдери ИМА ва ғайра дидан мумкин аст.

Пойтахти ҷумҳурии мо – шаҳри азизи Душанбе бо симои имрӯзаи хеш ва иморатҳои оливу боғҳои биҳиштоинаш он ҳамаро дар худ ғунҷонидааст ва дар радифи шаҳрҳои пешрафтаи дунё қарор гирифтааст. Рангомезиҳо ва офаридаҳои бемисл солҳои охир бо шукуҳу ҷалоли тоза дар иншооти тозабунёд, аз қабили Китобхонаи миллӣ, Кохи Наврӯз, Душанбе – плаза, Рӯдакӣ– плаза ва даҳҳо иншооти дигар, ки рӯз аз рӯз қомат меафрозанд ва симои шаҳри нозанинамонро нозанинтар мегардонанд, таҷаллӣ меёбанд.

Ҳанӯз шашсола будам, ки бо амри иттифоқ, ҳамроҳи хонаводагӣ ба шаҳри Душанбе кӯчидем. Диққати мани хурдсолро дар баробари роҳу ҷодаҳои тахту ҳамвор ва пур аз мошинҳои ҳарранга, равуои одамони зиёд дар гулгаштҳои зебову назаррабо, ҳамчунин  иморатҳои боҳашамату зебо ба худ ҷалб карда буд. Шаклу рехти биноҳо, махсусан бинои имрӯзаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, Шӯрои Олӣ, Қасри муҳташами Миллат ва дигар биноҳои маъмуриву истиқоматӣ дар замири кӯдаконаи ман руҳу нишоти тозае эҷод мекард. Борҳо нақшу тарҳи кӯчак ва нусхаи шабеҳи он биноҳоро аз гилу чӯб месохтам, тарҳи онҳоро рӯйи варақ меофаридам ва муддатҳо бо худ медоштам, ки дар гӯшае худнамоӣ мекарданд… Имрӯз, пас аз гузашти солҳо эҳсос мекунам, ки бедор гаштани шавқу шӯре дар ниҳоди мани хурдсол амри тасодуф набуда,  минбаъд пешаи бинокориро касб карданам, далели муҳаббати бепоён ба ин касаба будааст.

Соли 2017 бароям соли фаромӯшнопазир хоҳад буд. Зеро маҳз дар «Соли ҷавонон» ба номи баланди донишҷӯ сазовор гардидам ва дар симои Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. С. Осимӣ дари кохи таълим бароям боз гардид.  Устодони сахтгиру дар айни замон меҳрубони донишгоҳ, ки ҳар кадом унвонҳои илмӣ доранд, дар бинои хуштарҳу замонавии факултети Сохтмон ва меъмории донишгоҳ бароямон сабақ меомӯзанд ва таъкид мекунанд, ки баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар кишварамон  муносибат ба таълиму тадрис ҳамчун мактаби бузурги тарбия ва воситаи муаррифии давлати соҳибистиқлол мазмуну моҳияти нав пайдо кардааст.

Сиёсати маорифпарварона ва фарҳангпарваронаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, таваҷҷуҳи ҳамаҷонибаву рӯзафзуни давлат ба илму маориф, ғамхориҳои зиёд ба ҷавонон дар фаъолияти  муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии кишвар  нақшу таъсири амиқ гузошт.

Акнун орзуҳои бачагонаи мо низ ба ҳақиқат табдил меёбанд ва тибқи маслиҳату раҳнамунии устодони донишгоҳ тарҳи наву симои тозае дар авроқи андешаамон зуҳур мекунад. Дар пойтахти азизамон – шаҳри Душанбе,  дар радифи даҳҳо биноҳои боҳашамату зебо, ки маҳз солҳои охир қомат афрохтаанд, намои иншооти шогирдонаи худро тасаввур мекунем ва завқ мебарем. Умед дорем, ки фардо шаҳри мо аз имрӯз зеботару барнотар мегардад ва заррае ҳам бошад, дар рушду нумӯяш мо шогирдони “Соли ҷавонон” саҳми худро мегузорем.

 

 

Шоузоқ ҒАФФОРЗОДА,

донишҷӯйи курси 1-и

факултети Сохтмон ва меъмории

ДТТ ба номи М. С. Осимӣ