Устодону кормандон ва донишҷӯёни азиз, намояндагони ташкилоти ҷамъиятии донишгоҳ!
Шуморо аз номи худ, Раёсат ва Шӯрои олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ ба муносибати фарорасии Соли нави мелодӣ самимона табрику муборакбод намуда, ба Шумо пеш аз ҳама сиҳатмандии комил, руҳи болида, иқболи накӯ ва барори кор орзу менамоям.
Соли нави мелодӣ аз ҷашнҳои ҷаҳонӣ буда, мо онро ҳамчун рӯзи фархундаи қадам ниҳодан ба рӯзи нав, соли нав ва навовариҳои нав бо умед ва шодмониҳои зиёд дар қатори аксарияти халқи ҷаҳон пешвоз мегирем.
Орзуманди онам, ки Соли нави 2018 бо қадамҳои пурфайзу пурбаракаташ ба фазои тинҷу ороми Тоҷикистони азиз боз ҳам авҷу барор, нусрату пирӯзӣ, баракату кушоишҳоро тақдим кунад, Ватани моро ба сони зарраҳои барфаш бо накӯиҳою неканҷомиҳо лабрез гардонад.
Тоҷикистон аз ҷумлаи давлатҳои ҷавонтарини куҳанбунёд ба шумор меравад, ҷавонон аксарияти аҳолии кишварро ташкил медиҳанд. Аз ин рӯ, бо назардошти неруи бузурги ҷавонон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли сипаришударо ҳамчун “Соли ҷавонон” эълон доштанд, ки ин далели хирадмандию дурандешии Роҳбари муаззами тоҷикон аст.
Дар ҳақиқат Сарвари давлат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон неруи ҷавононро таконбахшандаи рушди тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ дониста, ба онҳо эътимоди бениҳояти худро баён доштаанд. Ман боварӣ дорам, ки ҷавонони донишгоҳ, донишҷӯёни гиромии мо ба ин боварии сатҳи олии давлат сазовор хоҳанд шуд.
Дар самти ташкили раванди таълим, ки фаъолияти асосии донишгоҳро ташкил медиҳад, корҳои назаррас анҷом дода шуданд. Бо истифода аз усулу технологияҳои нав як қатор чорабиниҳоро амалӣ намуда, ҷиҳати ворид шудан ба фазои ягони таҳсилот дар тамоми факултетҳои донишгоҳ низоми кредитии таҳсил ба роҳ монд шудааст. Барои таъмини ҷараёни бонизоми раванди таълим, баланд бардоштани масъулияти машғулиятгузаронӣ, Раёсати донишгоҳ дар доираи имкониятҳои мавҷуда боз 11 синфхонаи лексиониро дар бинои асосӣ ва бинои ФСваМ бо таҷҳизоти интерактивӣ муҷаҳҳаз гардонид, ки тариқи камераҳои сабткунандаи доимӣ (онлайн) раванди дарс назорат карда мешавад. Барои истифодаи тахтаҳои электронӣ 20 адад ноутбук ба кафедраҳо вобаста карда шуд. Дар бинои асосӣ, бинои таълимии №2 ва ФСваМ шабакаи Wi-Fi ва системаи аудиоии огоҳсозӣ фаъол карда шуд. Дар ду монитори калонҳаҷм ва сатри равон барои намоиши дастовардҳои донишгоҳ, эълону хабарҳо, роликҳои тарғиботии донишгоҳ, чорабиниҳои фарҳангӣ ва баромадҳои Пешвои миллат ба намоиш гузошта мешавад. Инчунин дар маҳаллаи Политехникум низ сатри равон рӯзҳои наздик насб ва фаъол гардонида мешавад.
Таъмини синфхонаҳои дигар ба таҷҳизоти интерактивии таълим давра ба давра идома хоҳанд ёфт.
Фаъолияти илмии донишгоҳ низ дар соли сипаришаванда назаррас аст. Дар асоси нақшаи аз тарафи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшуда оид ба тайёр намудани кадрҳои илмӣ-педагогӣ ба донишгоҳ 6 нафар ба аспирантура, 26 нафар ба докторантураи PhD ва 8 нафар унвонҷӯён қабул шуданд.
Илова бар ин сифати дониши довталабони ба аспирантура ва докторантураи PhD дохилшуда баланд буда, 14 нафар хатмкунандагони донишгоҳҳои гуногуни Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Белорусия ва Ҷумҳурии Украина ва 16 нафар бо дипломи аъло донишгоҳҳоро хатм намуданд ва дониши худро дар вақти имтиҳони қабул тасдиқ намуданд. Ҳоло дар аспирантураи донишгоҳ 31 нафар аспирант, дар докторантураи PhD донишгоҳ 31 нафар докторанти PhD бо фаъолияти илмию тадқиқотӣ машғуланд.
Инчунин 11 нафар устодону кормандони донишгоҳ рисолаи илмӣ, аз он ҷумла 2 нафар рисолаи докторӣ ва 9 нафар рисолаи номзадӣ ҳимоя намуданд, ки Саидзода Раҳимҷони Ҳамро, Обидов Зиёдулло, Ҷалилов Умарҷон, Хоҷаев Рустам, Мирзобеков Хуршед, Қирғизов Алифбек, Хоразмшоев Саидҷобир, Мирзоҳусейнов Мирзоазиз, Мамурова Гулрухсор, Иброҳимов Насим ва Воҳидов Миробид мебошанд.
Қайд кардан зарур аст, ки имсол ду Шӯрои диссертатсионӣ аз рӯйи ихтисосҳои “Мошинсозӣ ва металлургия” ва “Сохтмон ва меъморӣ” фаъолияти худро оғоз намуд.
Дар Шӯрои олимони донишгоҳ зиёда аз 28 мавзуъҳои рисолаи илмии аспирантон, унвонҷӯёну докторантони PhD ва мавзуъҳои докторӣ тасдиқ гардиданд, ки ин барои тақвият бахшидани фаъолияти илмии донишгоҳ боиси зикр аст.
Фаъолияти иқтисодӣ-молиявӣ, иҷтимоӣ ва хоҷагидории донишгоҳ дар соли 2017 дар асоси сметаи ягонаи даромад ва хароҷот, ки бо Вазорати маориф ва илм ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқу мувофиқа шудааст, ҷиҳати таъмини рушди иқтисодиву молиявӣ, мустаҳкам намудани пояи моддӣ-техникӣ, дастгирии иқтисодию иҷтимоии устодону кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ, инчунин таъмини фаъолияти хоҷагидорӣ сурат гирифтааст.
Маврид ба тазаккур аст, ки афзоиши маоши устодони донишгоҳ дар 5 соли охир (дар мисоли барои устоди дорои унвони доктори илм, профессор) чунин аст: соли 2017 нисбат ба соли 2012 – 1,45 маротиба; нисбат ба соли 2013 – 1,11 маротиба; нисбат ба соли 2014 – 1,11 маротиба; нисбат ба соли 2015 – 1,09; соли 2016 – 1,14 маротиба афзоиш дорад. Ҳоло маоши миёнаи устодон, ки дар як воҳиди корӣ фаъолият доранд, зиёда аз 1950 сомониро ташкил медиҳад.
Корҳои ташкилию тарбиявии донишгоҳ яке аз самтҳои омодасозии кадрҳои техникӣ дар руҳияи миллию хештаншиносӣ буда, қисми ҷудонашавандаи самтҳои таълимию илмии донишгоҳ ба шумор меравад.
Давоми соли равон барои дастгирию фароҳам овардани имкониятҳо барои ҷавонони донишгоҳ дар самти солимгардонию варзиш майдончаҳои варзишӣ сохта шуда, бинои собиқ ошхонаи 14 дар арафаи Рӯзи ҷавонон ба маркази варзишӣ табдил дода шуд.
Дар самти дастгирии молиявии донишҷӯён пайваста донишҷӯёни ятим, маъюб ва нимятиму камбизоат мавриди кӯмаки моддии яккарата ва доимӣ карор дода мешаванд, ки шумораи онҳо 281 нафарро ташкил мекунад.
Баҳри ҳавасмандкунӣ ва қадрдонӣ ифтихорномаву сипоснома ба 82 нафар корманд ва 154 нафар донишҷӯ, мукофотпулӣ дар арафаи идҳои бонувон ва Қурбон, рӯзҳои Ваҳдат ва омӯзгорон ба 2105 нафар устодону кормандон ва 1492 нафар донишҷӯён дода шуд. Инчунин 6 нафар устодон ба мукофоти соҳавӣ, аз он ҷумла 4 нафар Аълочии маориф ва илми ҶТ, 2 нафар ба ифтихорномаи Вазорати маориф ва илми ҶТ пешниҳод гардиданд. 15-нафар кормандону омӯзгорон бо ифтихорномаву сипосномаҳои Кумитаи иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф, Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.
Боиси зикр аст, ки дастаи фарҳангии “Муҳандиси ҷавон” барои иштирок дар даври ниҳоии “Маҳфили зарифон” роҳ ёфтааст ва дар ин самт омодагиҳо оғоз гардиданд.
Дар соли пешоянд дар фаъолияти донишгоҳ татбиқи силсилабарномаву чорабиниҳои муҳим дар назар аст, ки рушди минбаъдаи вазъи омодасозии кадрҳои соҳаи муҳандисиро дар миқёси ҷумҳурӣ ва берун аз он муайян менамояд. Дар қатори дигар чорабиниҳои пешбинишуда, яке аз масъалаҳои муҳим дар ин сол ба сохтори институтсионалӣ гузаштани донишгоҳ аст, ки ин иқдом замина ва пойдевори устувор барои таъсиси Донишгоҳи миллии техникии Тоҷикистон хоҳад буд.
Бо таманниёти орзуҳои нек бори дигар ҳамаи нафарони собиқадор, устодони арҷманд ва донишҷӯёни азизамонро бо Соли нави мелодии 2018 аз самими дил табрик гуфта, барои ҳар яки онҳо хонаи обод, рӯзгори босаодат, иқболи нек, файзу баракати зиндагӣ, таҳсили хубу аъло, дастовардҳои нав ба навро орзу менамоям.
Соли нави мелодӣ муборак, ҳамкорон ва донишҷӯёни азиз!
Бо эҳтиром, Ректор Ҳ. Одиназода