ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ КУРАТОРОНИ ДОНИШГОҲ

Дар толори маҷлисгоҳи Шӯрои олимони донишгоҳ ҷаласаи навбатии Шӯрои кураторони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор гардид. Ҷаласаи шӯро аз якчанд масъалаҳои рӯзнома – доир ба фаъолияти Шӯрои кураторони донишгоҳ, тасдиқи ҳайати Шӯрои кураторон дар соли хониши 2017-2018, тасдиқи нақшаи кори Шӯрои кураторон, таъсиси комиссияҳои доимӣ ва ҳайати он ва масъалаҳои ҷорӣ иборат буд. Read More

ЧОРАБИНИИ СУДМАНД

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”, иқдоми Иттифоқи ҷавонон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар донишгоҳ “сайри ҷавонон” баргузор карда шуд. Read More

Семинари омӯзишии имлои забони тоҷикӣ

Бо ташаббуси деканати факултети “Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ” дар бинои факултет семинари омӯзишии имлои забони тоҷикӣ сурат гирнифт. Дар асоси тағйирёбии имлои забони тоҷикӣ ва ҷорӣ шудани баъзе аз қоидаҳои нав дар забони тоҷикӣ мудири кафедраи забонҳои дониш-гоҳ – Ҳикматов Ҷ.Ҳ. ба устодон ва кормандони факултет маълумоти зарурӣ дод. Дар ин семинар тарзи истифодаи калимаҳо, ибораҳо ва аломату ҳарфҳои алоҳида мавриди фаҳмондадиҳӣ қарор гирифт. Read More

ТАВАҶҶУҲИ РОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲ БА СОҲИБУНВОН ШУДАНИ ОЛИМОНИ ҶАВОН

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баҳри ҷалби омӯзгорони ҷавон ба илм, фаъолияти илмӣ ва омодасозии рисолаҳои илмӣ аҳамияти бештар дода мешавад. Раёсати донишгоҳ бар он аст, ки сафи унвондорон дар тамоми кафедраҳои донишгоҳ зиёд шуда, пояи илмии ҳар як кафедраи омодакунандаи кадрҳои баландихтисоси муҳандисӣ мустаҳкам гардад. Read More

САЙҚАЛИ ДОНИШУ МАҲОРАТИ КАСБӢ ДАР ДОНИШГОҲ

Вобаста ба иҷрои Созишномаи грантӣ оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва грантгиранда – Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ даври дуюми курси такмили ихтисос/бозомӯзӣ аз рӯйи барномаи “Иҷозатномадиҳӣ, сертификатсия ва хизматрасонии техникии нақлиёти автомобилӣ” дар доираи татбиқи лоиҳаи Бонки умумиҷаҳонии «Рушди таҳсилоти олӣ» аз санаи 4.12.2017 то 10.01.2018 бо фарогирии 25 нафар … Read More

ИСТИФОДАИ БОСАМАР ВА НАҚШИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ МУОСИР ДАР РУШДИ ҲАМКОРИҲО

Дар доираи ҳамкориҳои тарафайни Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ бо Донишгоҳи Урали ҷанубии шаҳри Челябински Федератсияи Россия бо дастгирии фонди рушди иҷтимоӣ-иқтисодии “Евроазийское содружество” дар маҷлисгоҳи хурди донишгоҳ телемост баргузор гардид. Телемост ҷиҳати баргузории презентатсияи озмуни лоиҳаҳои байни ҷавонон таҳти унвони … Read More

Нишасти матбуотӣ бо иштироки васеи намояндагони васоити ахбори омма

Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 таҳти №АП-1729 ва ҷадвали тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи дуюми соли 2017 бо иштироки васеи ВАО доир гардид. Дар аввал Ректори донишгоҳ Одиназода Ҳ.О. дар бораи фаъолияти ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар нимсолаи дуюми соли 2017 маълумоти мухтасар пешниҳод намуд. Сипас хабарнигорон бо саволҳои гуногун … Read More

СПАРТАКИАДАИ 59-УМИ ДОНИШГОҲИ ТЕХНИКӢ ДАВОМ ДОРАД

Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ чун анъана имсол ҳам Спартакиадаи байни устодону кормандони донишгоҳ баргузор шуда истодааст. Аз давраи таъсисёбии донишгоҳ ин 59-умин Спартакиада ба шумор рафта, дар он тамоми устодон ва кормандон аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш иштирок мекунанд. Read More