ЭЪТИРОФ ДАЛЕЛИ ЭЪТИМОД АСТ

Мутаассифона, дастовардҳои кишвари моро олусоне, амсоли роҳбарият ва аъзои фирории ТЭТ ҲНИТ нодида мегиранд. Дар ҷаҳони муосир таҳияи рейтингҳо аз ҷониби ташкилоту созмонҳои бонуфуз падидаи маъмул буда, дар ин раванд, ки муқоиса омили меҳварист, беҳтаринҳо муайян ва баҳогузорӣ мешаванд. Муҳимтар аз ҳама, хулосаи чунин ташкилот мунсифона буда, дар заминаи омӯзиши амиқу ҳамаҷониба рӯйи кор меояд. Ҷоиз ба зикри хос аст, ки дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон тамоми соҳаҳо бемайлон рушд намуда, ин раванд муттасил аст. Дар ин замина, ҳамшарикии давлати мо бо кишварҳои хориҷӣ дар асоси ҳусни ҳамҷаворӣ, эҳтиром ва эътимод ба ҳамдигар, баробарҳуқуқӣ ва риояи мутақобилаи манфиатҳо бино ёфтааст. Read More