Баҳри барқароршавии равобити дутарафаи илму истеҳсолот Маркази такмили ихтисос ва татбиқи лоиҳаҳои Донишгоҳ бо ҶСК “Агентии алоқаи хавоӣ” ҳамкориҳои судмандро ба роҳ монда, аз рӯи барномаи “Агенти бронкунӣ ва фурӯши интиқоли ҳавоӣ” 15 нафар шунаванда моҳҳои ноябр – декабри соли сипаришуда курси такмили ихтисосро ба итмом расониданд.
Санаи 12 январи соли равон бо иштироки муовини аввали ректор, муовини ректор оид ба таълим Саидзода Р.Ҳ. ва муовин ректор оид ба илм ва робитаҳои хориҷӣ Абдуллоев М.А. шаҳодатномаи хатми курс дар фазои тантанавӣ ба хатмкунандагон тақдим карда шуд. Аз ҷеҳраи иштирокунандагон ҳувайдо буд, ки шунавандагон аз курси амалигардида розӣ буда, савияи донишу малакаи хешро сайқал додаанд.
