-«Мифтоҳ-ул-ҳисобот»-и Ҷамшеди Кошонӣ (ваф. 1429) ҳамчун маъруфтарин қомуси риёзӣ дар қарни 15 китоби рӯйимизии риёзидонони маъруфи Аврупо буд.
-«Падари илми кимиё» дар ҷаҳон Ибни Ҳайёни тоҷик (ваф. 805) аст. Натиҷаҳои илмии бузургтарин кимиёгарони ҷаҳон Пристли (1733-1804) ва Лавуазена (1743-1794) аз натиҷаҳои илмии Ибни Ҳайён пасттаранд.
-70 навъи доруи табобатии ихтироъкардаи Бӯалӣ Сино дар ҷаҳони имрӯз ҳам хеле фаъол аст.
-Абуабдуллоҳ Муҳаммади Хоразмӣ аввалин доират-ул-маорифро ба исми «Мафотеҳ-ул-улум ба ҷаҳон тақдим кард.
-Абубакри Розӣ (ваф. 925) аз асосгузорони физикаи таҷрибавӣ дар олам аст.
-Абубакри Розӣ падари кимиёи илмӣ дар ҷаҳон аст (Юлиус РУСАКО).
-Аввалин бор дар ҷаҳон кислотаи сулфатро ҳамчун катализатор Ҷобир ибни Ҳайён истифода бурдааст.
-Аввалин бор нишонаҳои илмии лигоритмро Форобӣ хабар додааст.
-Аввалин бор фабрикаҳои истеҳсоли коғаз дар Бағдод (794), Миср (800), Испанияи исломӣ (950) ва Византия (1100) падид омада буд.
-Аввалин донишманде, ки дар ҷаҳон хами мадори офтоб (кривизны эклиптики)-ро муайян кард, ал-Фарғонии тоҷик (вафоташ соли 861) буд.
-Аввалин интишордиҳандаи эъломияи ҳуқуқи башар Куруши Кабир аст.
-Аввалин истеҳсолкунандаи кислотаҳои ғайриоаганикӣ дар ҷаҳон Ҷобир ибни Ҳайён аст.
-Аввалин кашфкунандаи микробҳо Ибни Синост.
-Аввалин ҷарроҳии саратонро Ибни Сино кардааст.
-Аввалин ҷарроҳикунандаи маълуми бемории бод (рак) Алӣ ибни Аббоси тоҷик (ваф. 994) аст, ки сатҳи кори ӯ баробар ба нишондоди илми имрӯз аст.
-Аввалин маротиба Абубакри Розӣ исбот намуд, ки дар фазо ҷойи холӣ мавҷуд нест.
-Аввалин маротиба дар илми тригонометрия Ҳомиди Хуҷандӣ (ваф. 1000) собит кард, ки аз маҷмуи ду адади мукаъаб як адади мукаъаб ҳосил намешавад.
-Аввалин маротиба дар ҷаҳон Берунии тоҷик ҳисоб кардани масоҳати рӯйи Заминро ошкор сохт, ки дар Аврупо бо номи «қоидаи Берунӣ» маъруф аст.
-Аввалин маротиба дар ҷаҳон дар дохили атом мавҷуд будани энергияро Ҷобир ибни Ҳайён (ваф. 805) пешгӯйӣ карда буд.
-Аввалин бор дар олам доғҳои рӯйи Офтобро ал-Фарғонӣ маълум кард.
-Аввалин маротиба дар ҷаҳон донишмандони тоҷик (се бародарони Мӯсои Хоразмӣ дар қарни IX-X) дарозии масоҳати заминро бо усули ихтирокардаи худ чен кардаанд, ки хеле маъруф аст.
-Аввалин маротиба дар ҷаҳон Ибни Ҳайсам собит сохт, ки рӯшноӣ бо суръати барҳамхӯранда паҳн мешавад.
-Аввалин маротиба дар ҷаҳон сохти амиқи чашмро Ибни Сино муайян кардааст.
-Аввалин маротиба яке аз донишмандони ихтироъкори мусулмон (ки назди аврупоиён бо номи Ибни Фирнанас маъруф аст) дар соли 880 дастгоҳи парвозие аз матоу пари паррандагон сохт, ки монанд ба аэроплан буд ва ба воситаи он тавонист, ки чанд муддате дар фазо парвоз кунад ва ба осонӣ ба замин нишинад. Чунон ки маълум аст, чунин кореро дар ғарб баъди бештар аз 1000 сол анҷом доданд, яъне дар соли 1903 бародарон Орвилла Райт аввалин маротиба бо аэроплан парвоз карданд.
-Аввалин нафари илмии Машриқзамин, ки ба воситаи илми риёзиёт олами Ғарбро тасхир кард, ал-Фарғонии тоҷик (ваф. 861) буд. Дар олами ғарб ӯ бо номи Алфраганус маъруф аст.
-Аввалин нафари илмии Машриқзамин, ки ба воситаи илми риёзиёт олами Ғарбро тасхир кард, ал-Фарғонии тоҷик (ваф. 861) буд. Дар олами ғарб ӯ бо номи Алфраганус маъруф аст.
-Аз 13 адад китобҳои таълимии исломие, ки дар миёни тамоми мусулмонони Чин таълим дода мешуд, 11-тоаш ба забони форсӣ ва аз ҷумла якеи онон «Гулистон»-и Саъдӣ буд.
-Амалияи тарзи озмоиши таҷрибаҳои илмиро нахустин бор дар таърихи илм Берунии тоҷик ба миён гузошт.
-Аҳмад ибни Мӯсои Хоразмӣ (асри IX) нақшаи бештар аз ҳазор ашёро бо силсилаи худидора (автоматӣ) кашида буд.
-Асосгузори аввалин империяи бузург дар олам Куруши Кабири ориёист.
-Асосгузори воқеии илми оптикӣ Ибни Ҳайсам (ваф. 1039) аст. Китоби «Мабҳаси нур»-и ӯ чандин аср китоби асосии дарсӣ ва амалии уламои Шарқу Ғарб буд. Тамоми таҷрибаҳои Рочер Бекон роҷеъ ба ин мавзуъ дар асоси нишондоди Ибни Ҳайсам сурат гирифтааст.
-Асосгузори илми Алгебра ал-Хоразмии тоҷик аст.
-Асосгузори омӯзиши вазни хос дар физика Берунии тоҷик (тав. 973) мебошад.
-Асосгузори теоремаҳои ғайриевклидӣ дар илми риёзиёт Хайём аст.
-Ба миёноварандаи мафҳуми илмии суръат ва афзоиши он Абулбаракоти Бағдодист (асри XII).
-Ба усули дониши илмӣ дар ҷаҳон Хайём бунёд гузоштааст.
-Бар рӯйи сатҳи паҳноварзамин марде донотар аз сари Ҷарир (яъне Табарӣ) намешиносам. (Ибни ХУЗАЙМА, асри X).
-Баробаркунии устувор (Тастеҳи устувонӣ) дар риёзиёт кашфшудаи Берунист, ки баъди чандин қарн Маркотер онро ба кор бурд ва ба номи ӯ машҳур шуд.
-Бемориҳои менингит ва диабети қандро аввалин бор дар ҷаҳон Ибни Сино муайян намуд.
-Бори аввал дар ҷаҳон силсилаи ҳисоби шастӣ, усулҳои махсуси аз таҳти решаҳои квадратӣ ва кубӣ баровардани ададҳо ва чандин теоремаҳои тригонометрияи ростхатта ва доиравӣ аз тарафи фарзанди тоҷик Кушёри Гелонӣ исботу маълум ва кашф шудааст.