Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ чун анъана имсол ҳам Спартакиадаи байни устодону кормандони донишгоҳ баргузор шуда истодааст. Аз давраи таъсисёбии донишгоҳ ин 59-умин Спартакиада ба шумор рафта, дар он тамоми устодон ва кормандон аз рӯйи намудҳои гуногуни варзиш иштирок мекунанд.

Ҳоло аз рӯйи намуди теннис ғолибон муайян гардиданд: ҷойи аввал – факултети “Сохтмон ва меъморӣ”, ҷойи дуюм – факултети “Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ” ва ҷойи сеюм – факултети муштараки техникии ДМТБ-ДТТ. Бозии теннис пас аз бозии шоҳмот доир гардид.

Аз имрӯз бозии волейбол оғоз шуд. Дар ин намуди варзиш ғайр аз дастаи факултети “Технологияҳои инноватсионӣ” тамоми дигар дастаҳо фаъолона ширкат меварзанд. Дар оянда мувофиқи ҷадвали спартакиада аз рӯйи намуди варзиши баскетбол ва футболи хурд мусобиқаҳо доир мегарданд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Мудири кафедраи тарбияи

ҷисмонӣ ва варзиш – Обидов С.