Вобаста ба иҷрои Созишномаи грантӣ оид ба ҳамкорӣ байни Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва грантгиранда – Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ даври дуюми курси такмили ихтисос/бозомӯзӣ аз рӯйи барномаи “Иҷозатномадиҳӣ, сертификатсия ва хизматрасонии техникии нақлиёти автомобилӣ” дар доираи татбиқи лоиҳаи Бонки умумиҷаҳонии «Рушди таҳсилоти олӣ» аз санаи 4-уми декабри соли 2017 то 10-уми январи соли 2018 бо фарогирии 25 нафар шунаванда гузаронида шуд.
Имтиҳони ҷамъбастии хатми курси такмили ихтисос аз рӯйи барномаи мазкур дар доираи татбиқи лоиҳаи номбурда санаи 16-уми январи соли 2018 дар факултети Нақлиёт баргузор гардид. Шунавандагон аз рӯйи билетҳои тибқи барномаи курси мазкур тартибдодаи устодон ба саволҳо посухҳои аниқу мувофиқ гардониданд. Аз ҷавобҳо ва чеҳраи шунавандагон аён буд, ки дар рафти курс шунавандагон малакаву дониши худро сайқал дода, аз устодони дарсбарандаи худ розӣ ҳастанд.
Имрӯз – 24-уми январ бо иштироки муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ – Абдуллоев М.А. ба шунавандагони курси мазкур сертификати курс тақдим карда шуд, ки дар он намояндагони Хадамоти назорат дар соҳаи нақлиёт иштирок доштанд.
Маркази иттилоот ва нашр.