Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баҳри ҷалби омӯзгорони ҷавон ба илм, фаъолияти илмӣ ва омодасозии рисолаҳои илмӣ аҳамияти бештар дода мешавад. Раёсати донишгоҳ бар он аст, ки сафи унвондорон дар тамоми кафедраҳои донишгоҳ зиёд шуда, пояи илмии ҳар як кафедраи омодакунандаи кадрҳои баландихтисоси муҳандисӣ мустаҳкам гардад. Аз ин рӯ, омодасозӣ ва ҳимояи рисолаҳои илмӣ аввалан барои ҳар як олими ҷавон манфиати зиёд дошта, баъдан ба баланд шудани фоизнокии таносуби устодони унвондори донишгоҳ мусоидат мекунад. Бо ин мақсад роҳбарияти донишгоҳ тамоми чораҳои заруриро андешида, баҳри муҳайё намудани шароити муносиби фаъолияти илмӣ мекӯшад. Айни ҳол дар донишгоҳ дар доираи КОА се Шӯрои диссекртатсионӣ, ки фарогири тамоми тахассусҳои амалкунандаи донишгоҳ аст, ба фаъолият оғоз кардааст.
Дар ин робита дар донишгоҳ вохӯрии озоди аспирантону унвонҷӯён бо ректори ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ – Одиназода Ҳ.О. баргузор шуд. Ин вохӯрӣ дар шакли дарси махсус, ки мақсад аз гузаронидани он додани маълумоти ибтидоӣ ба унвонҷӯёну аспирантон доир ба қадамҳои аввалини иҷрои рисолаи илмӣ ва тарзу усулҳои истифодабарии маълумоту адабиёт ва сарчашмаҳои илмӣ дар рафти кори илмӣ ба шумор мерафт. Ректори донишгоҳ бо овардани мисолу таҷрибаҳои гуногун унвонҷӯёну аспирантионро барои иҷрои кори мушкил ва дар айни ҳол самарабахши илмӣ ҳидоят намуд.
Инчунин дар рафти ин вохӯрӣ муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналхалқӣ – Абдуллоев М.А., сардори Раёсати илм ва инноватсия – Раҳмонов А.Ҷ., мудири шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ – Бобоева А.Ҳ. низ баромад намуда, доир ба нозукиҳои омодакунии рисолаҳои илмӣ маълумот доданд.
Дар охир бо саволҳои зиёд унвонҷӯёну аспирантон ба Одиназода Ҳ.О. муроҷиат намуда, ҷавобҳои қаноатбахш гирифтанд.
Дар назар аст, ки дар муҳлатҳои муайян аз ҷониби собиқадорони илм, докторону профессорон чунин вохӯриҳои судманд баргузор хоҳанд шуд.
Маркази иттилоот ва нашр.