ҶАЛАСАИ НАВБАТИИ ШӮРОИ КУРАТОРОНИ ДОНИШГОҲ

Дар толори маҷлисгоҳи Шӯрои олимони донишгоҳ ҷаласаи навбатии Шӯрои кураторони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ баргузор гардид. Ҷаласаи шӯро аз якчанд масъалаҳои рӯзнома – доир ба фаъолияти Шӯрои кураторони донишгоҳ, тасдиқи ҳайати Шӯрои кураторон дар соли хониши 2017-2018, тасдиқи нақшаи кори Шӯрои кураторон, таъсиси комиссияҳои доимӣ ва ҳайати он ва масъалаҳои ҷорӣ иборат буд. Read More

ЧОРАБИНИИ СУДМАНД

Дар асоси нақшаи чорабиниҳои “Ҷавонон – пайрави Пешвои миллат”, иқдоми Иттифоқи ҷавонон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шуъбаи кор бо ҷавонони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар донишгоҳ “сайри ҷавонон” баргузор карда шуд. Read More

Семинари омӯзишии имлои забони тоҷикӣ

Бо ташаббуси деканати факултети “Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ” дар бинои факултет семинари омӯзишии имлои забони тоҷикӣ сурат гирнифт. Дар асоси тағйирёбии имлои забони тоҷикӣ ва ҷорӣ шудани баъзе аз қоидаҳои нав дар забони тоҷикӣ мудири кафедраи забонҳои дониш-гоҳ – Ҳикматов Ҷ.Ҳ. ба устодон ва кормандони факултет маълумоти зарурӣ дод. Дар ин семинар тарзи истифодаи калимаҳо, ибораҳо ва аломату ҳарфҳои алоҳида мавриди фаҳмондадиҳӣ қарор гирифт. Read More