Дар гаҳвораи тамаддуни тоҷик фарзандоне тарбия ёфтаанд, ки на танҳо сарзамини тоҷиконро боргоҳи хирадмандон сохтанд, балки донишро ҷавшани хеш намуда, башариятро ба дунболи илму маърифат роҳнамоӣ карданд. Намунаи барҷастаи ин миллати тоҷик аст, ки зуҳури он кохи пуршукӯҳи илму маърифатро рифъат бахшида, ҳамчун борони файзбахш ба рушду нумӯи фарҳангу маданияти олам оби ҳаёт додааст.
Мутассифона, бо вуҷуди ин фарҳанги ғанӣ, муддати беш аз 1100 сол миллати тоҷикро нодида гирифта, дар зери юғу сипорҳои манғитию муғулӣ қарор доданд ва ҳатто тоҷик аз миллати худ ном бурдан ҳарос дошт ва асолати фарҳангии худро ба коми фаромушӣ супорида буд.
Read More
Дар ҷаҳони кунунии мо, ҳамчунин, ҳодисаҳои хатарбори терроризм ва ифротгароӣ доман паҳн мекунанд ва ба ҳаёти осоиштаи аҳли сайёра таҳдид менамоянд. Вобаста ба ин ҳолат, аҳли хираду тамаддунгарои ҷаҳонро мебояд, ки ҳамдилу ҳаммаром бошанду бар зидди ин падидаҳои номатлуб овоз баланд кунанд.
Read More
Боиси таваҷҷуҳ ва ифтихормандист, ки дар Шӯроҳои диссертатсионии назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ унвонҷӯён ва аспирантон бе мамониат корҳои илмии худро пешниҳод ва ҳимоя карда метавонанд.
Read More