Дар гаҳвораи тамаддуни тоҷик фарзандоне тарбия ёфтаанд, ки на танҳо сарзамини тоҷиконро боргоҳи хирадмандон сохтанд, балки донишро ҷавшани хеш намуда, башариятро ба дунболи илму маърифат роҳнамоӣ карданд. Намунаи барҷастаи ин миллати тоҷик аст, ки зуҳури он кохи пуршукӯҳи илму маърифатро рифъат бахшида, ҳамчун борони файзбахш ба рушду нумӯи фарҳангу маданияти олам оби ҳаёт додааст.
Мутассифона, бо вуҷуди ин фарҳанги ғанӣ, муддати беш аз 1100 сол миллати тоҷикро нодида гирифта, дар зери юғу сипорҳои манғитию муғулӣ қарор доданд ва ҳатто тоҷик аз миллати худ ном бурдан ҳарос дошт ва асолати фарҳангии худро ба коми фаромушӣ супорида буд.
Агар ба таърихи башарият назар афканем, дар охир ва ё аввали ҳар қарн воқеаҳои бунёдие ба вуҷуд меояд, ки давраи муайянро дарбар мегирад. Ин воқеаи бузург дар охири асри XX иттифоқ афтод, ки ба кишвари мустақил даст ёфтани миллати тоҷик анҷомид. Акнун дар ин раванд ҳамон давлат ва миллате муваффақ мешавад, ки ба худсозӣ машғул гардад. Равандҳои ҷаҳони муосир ва ҷаҳонишавӣ тақозо доранд, ки ба худсозӣ машғул бошем, то давлатамон узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ бошад, дар акси ҳол ҳамон хориву зорӣ, ғуломиву бардагӣ ва тавфаккури асри сангин моро думболагир хоҳад буд.
Дар чунин шароит пешво ё роҳбаре лозим буд, ки умқи решаҳои фарҳангии миллати тоҷикро дарк намояд ва дубора онро зинда намуда, ба ҷаҳониён миллати хешро муаррифӣ созад. Ҳадияи таърих буд, ки фарзанди фарзонаи миллати тоҷик-Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмонро ба арсаи нангу ном пеш баровард. Аз рўзҳои нахуст баҳри муаррифии ганҷинаи фарҳанги тоҷик камари ҳиммат бастанд. Ҳанӯз дар ёдҳо боқист, ки гарчанде мо соли 1997 ба Сулҳу ваҳдат ва ризоияти миллӣ расида будем, аммо гурӯҳҳое буданд, ки силоҳи худро нагузошта, амнияти давлатро халалдор менамуданд. Илова бар ин дар ин радиф кишвари моро якчанд мушкилиҳои дигар низ домангир буд. Ба ҳамаи ҳаминҳо нигоҳ накарда, ба ибтикори бевоситаи Пешвои миллат соли 1999 дар сатҳи бисёр баланд ҷашни 1100-солагии Асосгузори аввалин давлати тоҷикон шоҳ Исмоили Сомонӣ баргузор гардид, ки минбаъд барои хувияти миллӣ ва худшиносии миллати тоҷик хидмати арзандае кард. Гузашта аз ин, ҷомеаи ҷаҳонӣ халқи тоҷикро чун вориси воқеӣ ва парчамбардори асили Сомониён, чун миллати соҳибдавлату дорои таърихи куҳан ва мероси бузурги фарҳангӣ бори дигар шинохт. Зеро ташаккули миллат ба ин тақозо дошт, то ин миллате, ки қарнҳо аз асолати худ дуркардашударо ба асли хеш бишносонем. Баррасии таърихи кишварҳои мутараққӣ нишон медиҳад, ки ба саволи «кӣ ҳастем ва чи гуна мехоҳем бошем?» посух гуфта, сабаби рушду камоли онҳоро нишон медиҳад. Мардуми тоҷик низ пас аз Истиқлолият, ба хусус дар ду даҳсолаи охир, дар пайи посухи мантиқию илмиест ба саволи боло. Ва барои муаррифии бештар Пешвои миллат аз оғози давлатсозӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонид, ки метавонд муҳимтарини онҳо ба монанди: ҷашни 1150-солагии Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ, соли тамаддуни ориёӣ (2003), ҷашни Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (соли 1995) ва 700 — солагии ориф ва шоири бузурги адабиёти форсу тоҷик Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (2015), ҷашни камоли Хуҷандӣ, бузургдошти 1310-солагии Имом Абӯҳанифа (2009), 600-солагии мавлоно Абдурраҳмонӣ Ҷомӣ, ҳамзамон, ҷаҳонӣ шудани Наврӯз ва бузургдошти дигар чеҳраҳои мондагори миллати тоҷик ном бурд, ки ба ин раванд такони ҷиддӣ бахшид. Ҳеҷ иқдоме бидуни пуштувонаи гузашта, решаи амиқи таърихӣ ва ҳимояти фарҳанги миллӣ устувор нахоҳад буд. Ба ҳамин далел аст, ки мегӯянд: «Гузашта чароғи роҳи оянда аст». Ва ҳамаи ин корҳо баҳри муаррифӣ намудани гузаштагонамон чароғи нурафшон ба сӯи баландиҳои илму маърифат ва худшиносӣ аст.
Бо кӯшишҳои пайдарпайи Пешвои миллат, на танҳо абармардони фарҳанги тоҷикро дар дохили кишвар, балки берун аз он ҳам шинохтанд. Намунаи боризи он Ҷалолуддини Балхист, ки бо талошҳои сарвари Тоҷикистон соли 2007-ум тибқи қарори Созмони Милали Муттаҳид оид ба маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) 800-умин солгарди ӯ дар кишварҳои зиёде таҷлил гардид ва дар рафти он симпозиуму конфронсҳо, барномаҳои фарҳангӣ доир шуда, осори ҷовидонааш ба забонҳои гуногуни дунё ба нашр расид. Дар рузҳои 6-7-уми сентябри соли 2007, дар ҷумҳурӣ Конфронси байналмилалии илмӣ – «Мавлоно ва гуфтугӯи тамаддунҳо» доир гардид, ки дар он олимон ва донишмандони сӣ кишвари дунё ширкат варзиданд.
Дар ҷараёни омодагӣ ба ин ҷашн, бо талошҳои донишмандони тоҷик бисёре аз осори ин абармард аз нашр баромад.
Ногуфта намонад, ки Пешвои хирадманди мо ба шахсият ва осори ин муршиди бузург таваҷҷуҳи хоса дошта баҳри муаррифии он китоби илмӣ-таҳлилие бо ду хат тоҷикӣ-крилӣ ва дарӣ-форсӣ таҳия намуданд, ки барои шинохти ин нобиғаи нотакрор хеле кумак менамояд.
Китоб аз муқаддима бо номи «Бишнав аз най…», шаш фасл ва охирсухан «Мо барои васл кардан омадем…» ва мусаввараҳои асримиёнагӣ ва муосир, ки бозтоби ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти Мавлоно мебошанд, иборат аст.
Тасмими нигориши ин китобро баррасии усул ва аркони муҳимтарини ганҷинаи андеша, афкор ва ормонҳои Мавлавии бузург дар пайванди ногусастанӣ бо масъалаи муҳимтарини муосир – инсонсозии ҷомеаи башарӣ аз тариқи истифодаи ин мероси абадзинда мебошад. Фаслҳои алоҳидаи китоб бошанд занҷираи ягонаи маънавӣ мебошад, ки корномаи таърихии Мавлавиро дар партави сарнавишти пурфарозу нишеби башарӣ, қабл аз ҳама сират ва маънавияти инсонӣ бозгӯ менамояд ва собит месозад, ки Мавлоно ҳамқадаму ҳамнафас ва ҳамрози мост. Ӯ дар асл муршиди бузурги тамоми инсоният аст ва ин рисолати худро солиёни дароз идома хоҳад дод.
Бо эҳдои ин ихлосмандӣ ва пешниҳоди андешаҳои хеш дар бораи Мавлоно ва тамаддуни инсонӣ сидқан хоҳони онам, ки ҳамаи мо минбаъд шоҳиди сатҳи нави шинохти шахсият ва осори безаволи Мавлонои бузург гардем, ба воситаи ин осор ва мероси гаронбаҳои гузаштагонамон худшиносӣ ва худогоҳии миллии мардуми худро баланд бардорем ва шоистаи ниёгони хеш бошем, қайд мекунад муаллиф. (6).
Дар фасли аввал «Андешаҳо оид ба ҷавҳари инсонӣ ва тамаддун» баён медорад, ки: ҳеҷ мутафаккире дар таърихи башар назарияи сират ва маънавияти инсонро бо чунин ҷаззобият, рангорангӣ, печидагӣ ва ҳамзамон бо чунин умқ ва басирати нотакрор накушода ва рози аслии онро боз нанамудааст. Инсон чӣ мавҷудест? Чаро халқ шуд? Рисолати ӯ чист? Ҷавҳари аслии ӯ чист? Ё чунон ки худи Мавлонои Румӣ фармудааст:
Пур аз дур(р) аст баҳри лоязолӣ,
Дарунаш гавҳарӣ инсон кадом аст?
Асолати инсон паҳлӯҳо ва ҷанбаҳои ниҳоят зиёд дорад. Агар он амиқан баррасӣ шавад, возеҳ мегардад, ки меҳвари аслии асолати инсон сирати маънавӣ ва ахлоқии худи ўст. Дар ин ҷо боз аз Умари Хайём ин мисраҳоро меорад:
Мақсуд зи ҷумла офариниш моем,
Дар чашми хирад ҷавҳари биниш моем.
Ин доираи ҷаҳон чу ангуштарист,
Бе ҳеҷ шакке нақши нигинаш моем.
Инсон мавҷуди бартар ва волои ҳастӣ ва маънии аслии офариниш арзёбӣ шудааст. (12).
Қобили таъкид аст, ки рукнҳои бунёдӣ ва аслии ҷавҳари инсонӣ – ахлоқ, адаб, суннат ва фарҳанг табиатан хислати муштарак доранд, ки ифодагари сирати инсон ҳастанд.
Дар давоми ин матлаб баҳси тамаддунро зикр намуда, мефармояд, ки хеле баҳси пурмоҷарост ва оғози ҷиддӣ ва амалии он аз афкори мутафаккири барҷаста Ибни Халдун ва баҳсу шаҳкории ҷомеашиносии таърихии ӯ, яъне китоби «Муқаддима»-и ў аст. (19).
Дар фасли дуюм, ки «Сурат ва сирати сӯфӣ» ном дорад, муаллиф ёдовар мешавад, ки дарки моҳияти зоҳирию ботинии ин мактаби фикрӣ чандон кори саҳл набуда, қабл аз ҳама алоқамандии онро бо ҷараёнҳои дигари илмию динӣ, фалсафию иҷтимоӣ ва адабию фарҳангӣ тақозо мекунад.
Албатта, ҷанбаи ирфонии таълимоти Ҷалолуддини Румӣ дар осораш беш аз тарафҳои дигари ҷаҳонбинии ӯ намоён мегардад. Масъалаҳои дарёфти ҳақиқат, ишқи илоҳӣ ва амсоли он дар эҷодиёти мутафаккир хусусан дар «Маснавӣ» мақоми беандоза бузург доранд. Ба андешаи Мавлоно суфӣ шахсест, ки ҳам аз назари маънавӣ ва ҳам аз назари ахлоқӣ ба дараҷаи камолот расида бошад, на инсони пашминапӯши дар зовия нишаста:
Дар хонақаҳи олам, дар мадрасаи дунё,
Ман сӯфии дилсофам, не сӯфии пашмина.
Ба ҳамин тариқ, Мавлоно намояндагӣ аз тасаввуф, аз чунин мактаби фикрие мекунад, ки таърихи ғанӣ ва решаҳои амиқи фарҳангию иҷтимоӣ ва динию фалсафӣ дорад.
Дар поёни ин фасл овардааст, ки имрӯз моро зарур аст, ки беҳтарин дастовард ва анъанаҳои шаклҳои гуногуни ҷаҳонбинӣ, аз ҷумла тасаввуфиро дар омезишу пайвастагии созанда барои пешбурди ҷомеаи инсонӣ ва тамаддуни аҳли башар мавриди истифодаи оқилона қарор бидиҳем. Рисолати Мавлоно Ҷалолуддини Румӣ дар ин арса метавонад сармашқи хубе барои ҳар яки мо бошад. (48).
Дар фасли сеюм бошад аз зуҳури ин нобиғаи нотакрор хабар дода, замони даҳшатовару нобасомониҳои сиёсӣ ва тохтутозҳои Салҷуқиёну харобкориҳои муғул ёдовар шуда, мефармоянд, ки маҳз дар ҳамин давра ҳаёт басар бурдани Мавлоно наметавонист, ки ба сарнавишт ва ташаккулу таҳаввули афкори ӯ бетаъсир бимонад. Қайд мекунад, ки Мавлоно Ҷалолуддин дар оилаи донишманди тоҷик Баҳоуддин Валад ва ҳамсари ӯ – тоҷикзани баору боиффат Муъмина таваллуд шудааст. Бештари муҳаққиқон зодгоҳи ӯро шаҳри Балх номиданд. Вале қисми дигар ўро зодаи Вахшонзамин ҳам гуфтаанд. Мо агар суханро кўтоҳ намоем, осори пуғановати онро ёдовар нашавем, ба таври хулоса метавон гуфт, ки ҳамаи ин гувоҳи эътирофи Балхӣ ба ҳайси як мутафаккир ва шоири барҷаста дар ҳар гўшаи ҷаҳон ва нақши бузурги ӯ дар рушди тамаддуни инсонӣ аст.
Пешвои миллат дар фасли дигари ин китоб овардааст, ки таълимоти Ҷалолуддини Румӣ гуногунҷабҳа буда, тамоми паҳлўҳои зиндагии инсон, андеша, тафаккур ва талаботи рўзмарраи аҳли башарро фаро мегирад. Зиёда аз ин, осори Мавлоно як навъ ҷамъбасти таҷрибаи ҳаёти инсон аст. Ҷанбаи ирфонии таълимоти Румӣ ё худ масъалаҳои дарёфти ҳақиқат, ишқи илоҳӣ ва амсоли он дар эҷодиёти мутафаккир бо худшиносии инсон робитаи ногусастанӣ дорад. Румӣ тарғибгари ахлоқи ҳамида ва рукнҳои волои он чун вафодорӣ, шафқат бар заифон, эҳтироми худ ва дигарон, ростӣ, эҳсон, хоксорӣ, саховату каромат ва ғайра буд. Ӯ ахлоқи бад – молу ҷоҳпарастӣ, ҳасад, ҳирсу тамаъ, ришвахорӣ ва амсоли онро мазаммат кардааст.
Фасли дигар, ки «Муршиди ваҳдат ва гуфтугӯи тамаддинҳо» ном дорад, зарурати дӯстӣ ва ҳамкорию ҳамбастагии халқҳо, эътироф ва эҳтироми байниҳамдигарии динҳо, мазҳабҳо, қавмҳо, шиддати зиддиятҳо ва ихтилофоти сиёсӣ ва миллию қавмиро зикр намуда, башариятро ба меҳру муҳаббати бештар аз ҳар вақти дигар даъват менамояд, ки роҳнамои мо дар ин ҷода Мавлоно буда метавонад. Мавлоно фармудааст:
Боз о, боз о, ҳар он чи ҳастӣ, боз о,
Гар кофару габру бутпарастӣ, боз о.
Ин даргаҳи мо даргаҳи навмедӣ нест,
Сад бор агар тавба шикастӣ, боз о.
Вобаста ба ҳамдилӣ Мавлоно дар таълимоти худ масъалаи баробарии дину мазҳабҳои гуногун ва дар ин поя мавзӯи таҳаммулпазирии динӣ, мазҳабӣ ва қавмиро низ ба миён гузоштааст.
Дар фасли охир доир ба Мавлоно ва сарнавишти башар сухан ронда, таъсири тамаддуни исломӣ ва меъёру стандартҳои онро бо далелҳои возеҳу равшан баён менамояд. Сипас дар поёнтар таассуф намуда мегўяд, ки кишварҳои шарқӣ бартарии худро аз даст доданд ва аз корвони тамаддуни пештозу муассир ақиб монданд, балки худ мавриди фишор ва ҳамла қарор гирифтаанд.
Дар охир бошад пандҳои Румиро ба мо гўшзад дода, мефармоянд, ки имрӯз башарият ба одоби баланд, ахлоқи ҳамида ва маънавияти болою созанда чун обу ҳаво ниёз дорад, ва роҳнамои аслии мо дар ин ҷода бузургоне чун Мавлавӣ буда метавонанд. Дар даврони рушд ва ҷаҳонишавӣ, густариши пайгири худшиносии халқҳо, фарҳангҳо ва тамаддунҳо, шиддати бесобиқаи рақобат ва зиддиятҳои мухталиф ва харобиовар, таҳдиди рӯзафзуни хатари фалокатбори бархурди тамаддунҳо ва падидаҳои дигари мазмунан зиддиятнок, мо ба иршодҳое чун паёми инсонгароии ростини Мавлоно ниёз дорем. Инсоният гирифтори мушкилоти рўзафзуни маънавӣ, ахлоқӣ, экологӣ, иқтисодӣ гардида аст, ба ин роҳнамоиҳо бештар ва бештар ниёзманд хоҳад гардид ва аз ин рӯ, бо эътимоди комил метавон гуфт, ки паёми Мавлоно роҳнамои васли устувор ва шикастнопазири инсоният ва рамзи камоли ҳақиқии он хоҳад буд, қайд мекунад Пешвои миллат дар анҷоми китоби хеш.
Албатта арзиши илмиву адабии асари Пешвои миллатро дар як мақолаи кутоҳ хулоса карда намешавад, инҳо танҳо чанд нуктае буданд, ки моро ба муаррифӣ сохтани орифи бузурги тоҷик Мавлоно водор намуданд, ки сарвари хирдманди давлат дар пай муаррифӣ ва ба ҷаҳониён нишон додани адибони тоҷику форс саҳми босазое гузошта, симои шахсиятҳои тоҷикро боз ҳам барҷастатар нишон додааст. Дар инҷо хонандаи гиромӣ Шуморо бо он китоб танҳо мегузорем.
Сироҷиддинзода М.М.