САЁҲАТ БА САФЕД-ДАРА: СЕМИНАРИ САЙЁҲИИ СОЛИМГАРДОНӢ ТАҲТИ УНВОНИ “ДАР РУШДИ САЙЁҲИИ КИШВАР ВА ҲУНАРҲОИ МАРДУМӢ САҲМ МЕГУЗОРЕМ”

Бо ташаббуси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Кумитаи иҷроия дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт рӯзи 26-уми январи соли ҷорӣ дар Маҷмааи лижаронии Сафед-дара бахшида ба “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” семинари сайёҳии солимгардониро таҳти унвони “Дар рушди сайёҳии кишвар ва ҳунарҳои мардумӣ саҳм мегузорем” баргузор намуд. Read More

МЕЪМОРӢ САНЪАТИ ЭҶОДӢ ВА СОЗАНДАГИСТ

Имрӯзҳо меъморону муҳандисони шинохтаи тоҷик бо маҳорату малакаи эҷодӣ ва истеъдоди худододии хеш давомдиҳандаи касби меъморӣ, ки аз аҷдодони мо ба мо боқӣ мондааст, мебошанд. Нақши дастони устоҳои гузаштаву имрӯзаи тоҷик дар кишвари азизамон – Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои ҳамсоя дар сохти биноҳое, ки бо санъати миллии меъморӣ сохта шудаанд, тасвир ёфтаанд, ки ин боиси сарбаландии мардуми тоҷик гардидааст. Read More