Сайёҳӣ яке аз соҳаҳои муҳими бо шуғл фаро гирифтани аҳолии қобили меҳнат, баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум, рушди дигар соҳаҳои хизматрасониву истеҳсолӣ, инчунин муаррификунандаи таъриху фарҳанг, табиат ва анъанаҳои миллӣ ба ҳисоб меравад.

Эмомалӣ Раҳмон

  

Дар ин семинар чор нафар донишҷӯёни хориҷӣ аз донишгоҳ – Дарвозӣ Абдулвалӣ (донишҷӯйи курси 4-уми факултети “Менеҷмент ва коммуникатсиятҳои нақлиётӣ”), Дилмуратов Азамҷон (донишҷӯйи курси 3-юми факултети “Технологияҳои инноватсионӣ”), Худайбердиев Шатлик Сапаргелдиевич (донишҷӯйи курси 2-юми факултети “Энергетикӣ”) ва Зикриё Сидиқӣ (магистри бахши 1-уми факултети “Сохтмон ва меъморӣ”) ҳамчун меҳмон барои шиносоӣ ва тамошо аз мавзеъҳои таърихӣ ва барои дар оянда муррифӣ намудани мавзеъҳо дар ватани худ ва ҷалби ҳамватанонашон ба ин ҷойҳои таърихию варзишӣ иштирок доштанд.

Сараввал барои бақайдгирии ҳайати меҳмонон ва иштирокчиёни семинари саёҳатии солимгардонӣ дар назди бинои ҶСК “Тоҷиктрансгаз” ҷамъ омада, сипас ба ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб раҳсипор шудем. Меҳмонон ва иштирокчиёни семинари саёҳатии солимгардониро дар назди мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Варзоб Раиси ноҳия Шерализода Маҳмадулло Умар, ки хатмкарда, дастпарвар ва устоди ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ аст, истиқбол намуда, меҳмононро бо дастоварду анъанаҳои миллӣ ва ҳунарҳои мардумӣ шинос намуд.

Меҳмонону иштирокчиёни семинар сафари худро идома дода, ба самти Маҷмааи лижаронии Сафед-дара ҳаракат намуданд. Дар назди Маҷмааи лижаронии Сафед-дара роҳбарияти Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Варзоб, роҳбарияти Маҷмааи лижаронии Сафед-дара меҳмононро пешвоз гирифта, бо маконҳои лижаронӣ, истифодаи таҷҳизоти лижаронӣ ва риояи қатъии қоидаҳои дурусти лижаронӣ шинос намуданд. Оғози лижаронӣ нишаст дар фуникулёр ба масофаи 2 километр буда, ҳамчунин аспсаворӣ, лижаронӣ, конкитозӣ ва бозиҳои шавқовари варзишӣ низ мебошад.

Пас аз хӯроки нисфирӯзӣ дар толори Маҷмааи лижаронии Сафед-дара Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад оғози семинари сайёҳии солимгардониро таҳти унвони “Дар рушди сайёҳии кишвар ва ҳунарҳои мардумӣ саҳм мегузорем” ифтитоҳ намуда, риштаи суханро барои баромад ба меҳмонон – иштирокчиёни семинар Муовини Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Бобоҷониён Раънохон Маҳмудзода, Раиси Шӯрои собиқадорони Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Қурбонова Руқия Атоевна ва шоира Бобобекова Меҳринисо дод. Баромадкунандагон ҳар яке дар алоҳидагӣ таассуроти худро ҷиҳати иштирок дар ин семинар, ки барои рушди сайёҳии кишвар ва ҳунарҳои мардумӣ, барои ҷалби сайёҳон ба ин макони варзишӣ-фароғатӣ доир гардид, ибрози ақида намуданд.

Донишҷӯйи курси 4-уми ихтисоси 370205 аз факултети “Менеҷмент ва коммуникатсияҳои нақлиётӣ” Абдулвалӣ Дарвозӣ, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон аст, таассуроти худро нисбат ба ғамхорӣ ва дастгирии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, нисбат ба мардуми меҳмонавози миллати тоҷик, нисбат ба дастгирии ҳамаҷонибаи устодон ва Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ баён дошта, дар музокира иштирок намуд.

Камолидинов Б.Т. – муаллими калони кафедраи

“Иқтисодиёт ва логистикаи нақлиётӣ”