Боиси таваҷҷуҳ ва ифтихормандист, ки мутахассисони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи ҷумҳурӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ омода мегарданд.
Ҳоло дар факултети «Технологияҳои инноватсионӣ» кафедраи «Металлургия» аз рӯйи 3 ихтисос – 420101-0101-«Истеҳсолоти рехтагарии металлҳои сиёҳ ва ранга», 420101-0104-«Металлургияи металлҳои ранга» ва 520201-«Технология ва таҷҳизоти саноати заргарӣ» мутахассисонро омода месозад.
Аз соли 2016 қабули донишҷӯён ба ихтисоси 520201-«Технология ва таҷҳизоти саноати заргарӣ» оғоз гардид, ки имрӯзҳо дар кафедра аз рӯйи ин ихтисос дар курси 1-ум 20 нафар ва дар курси 2-юм 28 нафар донишҷӯён таҳсил менамоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 22-юми декабри соли 2017 зимни пешниҳоди Паёми хеш ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2018-ро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карда буданд. Бо дастгирии раёсати донишгоҳ, шахсан Ректори донишгоҳ профессор Одиназода Ҳайдар Одина дар назди кафедраи «Металлургия» як озмоишгоҳи замонавии дорои таҷҳизоти ҳозиразамони соҳаи саноати заргарӣ ташкил карда шуд.
Рафти ифтитоҳи ин озмоишгоҳ аз ҷониби ВАО-и ҷумҳуриявӣ ба навор гирифта шуд. Дар рафти сабти наворҳо дастранҷи донишҷӯён, ки худ дар ин озмоишгоҳ омода намудаанд, мавриди таваҷҷуҳ гирифт. Ҳангоми ифтитоҳи озмоишгоҳ дар қатори устодон ва донишҷӯёни кафедраи “Металлургия” инчунин муовинони ректори донишгоҳ – Абдуллооев М.А., Ашӯров А.Н. ва сардори маркази иттилоот ва нашри донишгоҳ – Юнусов Ф.М. ширкат намуданд.
Мудири кафедра Муслимов Имомалӣ Шоймардонович бо қаноатимандӣ иброз дошт, ки донишҷӯён ба ихтисосашон завқи беандоза доранд, дарки таҷрибаҳо хуб буда, дар оянда низ умед ҳаст, ки довталабон ба ин касби мардумӣ ҷалб хоҳанд шуд.
Соҳаи саноати заргарӣ таърихи куҳан дошта, яке аз ҳунарҳои мардумии миллати азизамон ба ҳисоб меравад. Ҳоло донишгоҳ ва кафедра имкон дорад, ки курсҳои кӯтоҳмуддати омӯзиши технология ва таҷҳизоти саноати заргариро ташкил намояд. Мутахассисони соҳаи саноати заргарӣ, ки дар кафедраи «Металлургия» тайёр мешаванд, эҳёгари ҳунарҳои мардумӣ мебошанд.
Дар Тоҷикистон соҳаи металлургия бо маром рушд ёфта истодааст. Роҳбари давлат 16-уми ноябри соли 2017 ҳангоми ифтитоҳи корхонаи соҳаи металлургӣ дар ш. Истиқлол қайд намуданд, ки 27-июни соли 2018 боз ду корхонаи дигар оид ба истеҳсоли мис ва руҳ ба истифода дода мешавад ва маҳсулоти истеҳсолшуда бояд дар Тоҷикистон коркард шуда, баъд ба хориҷа содир шавад. Аз ин рӯ, хатмкардагони кафедраи “Металлургия” метавонанд дар ин соҳаҳо кору фаъолият намоянд.
Айни замон зиёда аз 1000 нафар хатмкунандагони кафедра дар корхонаҳои металлургии дохили ҷумҳурӣ, аз он ҷумла дар КВД «Ширкати алюминийи тоҷик», корхонаҳои муштараки «Зарафшон», «Апрелёвка», «Анзоб», «Такоб», «Пакрӯд» ва дар корхонаҳои металлургии хориҷи кишвар машғули коранд.