Дар соли таҳсили 2017-2018 донишҷӯён ва омӯзгорони факултети муштараки муҳандисӣ-техникии ДМТБ-ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ба як қатор дастовардҳои варзишӣ ноил гардиданд. Донишҷӯёни курси аввал, равияи 7002 — “Сохтмон” Ҷӯраев Абубакр аз намуди ҷу-до ва Партоев Хусрав аз намуди ҷиу-ҷитсу соҳиби ҷойи аввал дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ гардиданд. Дар соли ҷавонон Ҷӯраев Абубакр ва Маматалиева Мухлиса (намуди Таэквон-до) ба гирифтани унвони устоди варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон мушарраф гардиданд.
Инчунин донишҷӯён дар Ҷумҳурии Белорус низ дар мусобиқаҳои варзишӣ иштироки фаъолона доранд. Аз он ҷумла Саидов Манучеҳр донишҷӯйи курси дуюми Академияи давлатии авиатсияи Беларус дар якчанд мусобиқаҳо ширкат намуда, соҳиби ҷойҳои намоён гардид. Маматалиева Мухлиса бошад, дар Кубоки ҷаҳонӣ оид ба Таэквондо ITF дар ш. Минск соҳиби ҷойи дуввум гардидааст.
Омӯзгорон ва донишҷӯёни факултет дар Спартакиадаи 59-ми донишгоҳ аз рӯйи намуди шоҳмот, тениси рӯйи миз, баскетбол ва волейбол иштироки фаъол доштанд. Омӯзгорони кафедраи ФГваУТ-и факултет аз намуди тенниси рӯйи миз ба гирифтани ҷойи сеюм мушарраф шуданд. Донишҷӯёни факултет низ дар намуди тенниси рӯйи миз ба гирифтани ҷойи дуюм ва дар намуди шоҳмот ба ҷойи сеюм сазовор гардиданд.
Мо ният дорем, ки дар бозиҳои дарпешистода низ фаъолона иштирок намуда, тарзи ҳаёти солимро дар байни донишҷӯёну омӯзгорон тарғиб намоем.
Наҷмуддинов Абдуллохоҷа — Омӯзгори фанни
Тарбияи ҷисмонии ФМТ ДМТБ-ДТТ, устоди варзиши
Ҷумҳурии Тоҷикистон, довари дараҷаи
ҷумҳуриявӣ оид ба гӯштини самбо, ҷу-до ва гӯштингирӣ.
Гадоев С.А. — н.и.т. декани факултет.