Ҳидоятҳои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ, супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалисозии дастуру супоришҳои ректори донишгоҳ (аз маҷлиси якҷояи ҳисоботӣ оид ба истифодаи тахтаҳои электоронӣ дар ҷараёни дарс)-ро Маркази такмили ихтисос ва татбиқи лоиҳаҳо (МТИ ва ТЛ) сармашқи кори худ карда, нақшаи чорабиниҳо таҳия намуда, аз санаи 15-уми январ то 2-юми феврали соли равон ҳамарӯза аз соати 9-00 дар синфхонаи 1/414 курси омӯзиширо аз рӯйи барномаи “Истифодаи тахтаҳои электронӣ барои омодасозии дарсҳо дар ҷараёни таълим” барои 75 нафар шунаванда (дар ду марҳила 40 ва 25 нафарӣ) аз кафедраҳои гуногуни донишгоҳ бо фармоиши ректор оғоз ва ҷамъбаст намуд. Шунавандагон бо шавқи хос иштироки фаъолона намуда, нозукиҳои истифодабарии тахтаҳои электрониро аз худ карда, имтиҳони ҷамъбастиро бомуваффақият супориданд.

Имрӯз бо иштироки муовини ректор оид ба таълим, муовини аввал Саидзода Р.Ҳ., ва муовини ректор оид ба илм ва равобити хориҷӣ Абдуллоев М.А. дар фазои тантанавӣ сертификати хатми курс ба устодон тақдим гардид. Аз чеҳраи устодон ҳувайдо буд, ки аз нозукиҳои курси мазкур бархӯрдор гардида, аз ташаббус ва иқдомҳои раёсати донишгоҳ розиву миннатдоранд.

Дар истифодаи технологияҳои муосир умедворем, ки хатмкардагони курси мазкур натиҷаҳои неку назаррасро ба даст меоваранд ва ният дорем барои устодони дигар кафедраҳо низ ин омӯзишро роҳандозӣ намоем, то сифати таълиму тадрис боз ҳам баланд гардаду мутахассиси соҳибмаълумотро ба бозори меҳнат омода созем, то ба нафъи халқу миллат содиқона хизмат намоянд.

Маркази иттилоот ва нашр.

Маркази такмили ихтисос ва татбиқи лоиҳаҳо.