Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ вохӯрии судманди устодону донишҷӯён бо намояндагони як қатор кумитаю вазорат ва ташкилоти ҷумҳуриявӣ баргузор гардид. Дар ин чорабинии тарбиявӣ, ки дар фазои озод ва самимӣ баргузор шуд, муовини аввали сардори РКД ВКД шаҳри Душанбе, полковники милитсия Додобойзода Ҳ.П., сардори шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии РКД ВКД ш. Душанбе, полковники милитсия Тағойзода С.Х., намояндаи Кумитаи ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шарипова М., мутахассиси давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО – Саймуддинов Т., намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Зиккаева С.З., намояндаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – Одилбекова С. ва Алиёрова Н. – нозири калони пешгирии нашъаовар, табиби уролог аз Маркази шаҳрии солимӣ-реппродуктивӣ – Шарипов Ш., сардори шуъбаи ташкилии Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — Азимова М., табиб оид ба касалиҳои сироятӣ-ҷинсӣ – Эгамбердиева А.Б., табиб оид ба касалиҳои сироятии ҷисмонӣ — Юсупов Х.А., намояндагон аз телевизиони Душанбе HD — Фарзонаи К., Мирхолова М., табибон аз Маркази саломатии №13-и ш. Душанбе — Гулбекова З. ва табиби Маркази солимӣ-реппродуктивӣ — Бадалова М. ширкат варзиданд.
Муовини аввали сардори РКД ВКД ш. Душанбе, полковники милитсия Додобойзода Ҳ.П. оид ба шомил нашудани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротгароӣ ва дигар ҳизбҳо баромад намуд. Сардори шуъбаи ҳифзи тартиботи ҷамъиятии РКД ВКД ш. Душанбе, полковники милитсия Тағойзода С.Х. оид ба чӣ тавр ба корҳои беҳуда машғул шудани ҷавонон, оид ба нодуруст истифода бурдани шабакаҳои иҷтимоии Интернетӣ сухан ронд.
Ҳамзамон табиб оид ба касалиҳои сироятии ҷисмонӣ – Юсупов Х.А., табиби Маркази солимӣ-реппродуктивӣ Бадалова М., мутахассиси давлатии “Маркази ҷумҳуриявии пешгирӣ ва мубориза бар зидди бемории ВНМО — Саймуддинов Т. нисбат ба пешгирии бемориҳои сироятии ВНМО (ВИЧ) ва БПНМ (СПИД) маълумот дода, наворҳои телевизионӣ намоиш доданд.
Дар охир саволҳо аз тарафи донишҷӯён пешкаш гардид ва онҳо посухи худро ёфтанд.
Боиси қайд аст, ки ҳамасола чунин чорабиниҳо доир мегарданд ва донишгоҳ аз дастгирии вазоратҳо, ташкилоту муассисаҳои ҳамкорикунанда қаноатманд буда, ба онҳо миннатдории худро баён менамояд.
Ф.М. Юнусов – Маркази иттилоот ва нашр.
Ф. Амонатова – Шуъбаи ташкилию тарбиявӣ.