Дар озмуни “Полиграфисти беҳтарин” бахшида ба “Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ”, солҳои 2018-2022 оид ба тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва табъу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон миёни донишҷӯёни  кафедраи «Технология, мошинҳо ва таҷҳизотҳои истеҳсолоти полиграфӣ» н.и.т., дотсент, муовини декани факултети Технологияи инноватсионӣ  оид ба илм Ғаниева Н.И., н.и.т. мудири кафедра Равшанов Д.Ч., муаллими калони кафедра Сафаров Б.С., ташкилотчии шуъбаи ташкилию тарбиявӣ Саидов Б.Б., сармутахассиси шуъбаи кор бо ҷавонон  Муминов Ф.С., котиби озмун Хоҷаназаров Х.М., донишҷӯёне, ки барои иштирок ариза супоридаанд ва донишҷӯёни кафедра иштирок карданд. Ғаниева Н.И. – Раиси комиссия. Баромад намуда озмуни мазкурро кушода эълон намуд. Баъдан ҳамаи донишҷӯён ва иштирокчиёнро бо идҳои дар пеш истода 11-уми март рӯзи Матбуот, бонувонро бо “Рӯзи модарон” ва  иди “Наврӯз” табрик намуда ба ҳамаи онҳо сиҳату саломатӣ, хонаи обод, хониши аъло ва ба иштирокчиёни озмун бурдбориро таманно намуданд. Раиси комиссия Ғаниева Н.И. ҳамагонро бо шартҳои озмун шинос карда, баъдан суханро ба котиби озмун Ҳоҷаназаров Х.М. дод. Хоҷаназаров Х.М. ҳозиринро бо ариза ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодкардаи донишҷӯён шинос намуд.

Маърӯзачиён Саидов Қ.Р. дар мавзӯи “Защита полиграфической продукции от фальсификации”, Давлатшоев Алидин Азизшоевич дар мавзӯи “Проблемы допечатной подготовки для цифровой печати”, Одинамамадов Ҷаҳонгир Шанбеевич дар мавзӯи “«Графопыл» и проблемы связанные с ним”, Довутзода Ҷонибек дар мавзӯи “О проблеме перемешивания краски в красочном ящике”, Мирзозода Файзулло дар мавзӯи “Разработка интегральной измерительной системы для контроля увлажняющего раствора в офсетной печати”, Сатторов  Азим Каримович мавзӯи “Прессование тетрадей”, Шарипова Тахмина Баҳодуровна мавзӯи “Сравнительная характеристика качества продукции выпускаемой в Полиграфический комбинат города Душанбе”, Умарова Раҷабмо Абдулҳамидовна дар мавзӯи “Суроғагузори дар интернет ва мафҳуми WWW- Шабакаи байналмилалии итилоотӣ”, Зайниддинов Рамзиёр Меҳриддинович мавзӯи “Качество печати на сублимационной и матовой фотобумаги” маърӯза намуданд.

Дар охири маърӯза ба маърӯзачиён саволҳо дода шуд, ки онҳо бо пуррагӣ ба саволҳо ҷавоб доданд. Баъд аз муҳокима ва саволу ҷавоб ба донишҷӯён дар корҳои минбаъдаашон муваффақият таманно карда шуд.

Дар охир раиси комиссия Ғаниева Н.И. бори дигар ҳаммаи иштирокчиёнро барои омодагии хубашон миннатдорӣ намуда, аз онҳо барои боз ҳам хубтар аз худ кардани соҳаи интихобкардаашон пешниҳодҳои муфид намуд.

Равшанов Д.Ч. — мудири кафедраи ТМ ва ТИП бори дигар ҳамаи иштирокчиёнро бо идҳои дар пеш истода табрик кард. Махсусан қайд намуд, ки санаи 10-уми марти соли 2018 дар кафедра семинари илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Дирӯз, имрӯз ва фардои полиграфияи тоҷик” баргузор мегардад. Аз ҳамаи иштирокчиён хоҳиш намуд, ки дар ин семинар иштирок варзанд. Дар он рӯз ба ғолибони озмуни “Полиграфисти беҳтарин” супоридани тӯҳфаҳои хотиравӣ дар назар аст.

Саидов Б.Б. — ташкилотчии шуъбаи ташкилию тарбиявӣ низ қайд намуд, ки имрӯз шогирдони мо бо баромадҳои хуби худ моро хушҳол карданд. Як пешниҳод дорам. Дар пеш конфронси илмию амалии донишҷӯён, аспирантон, магистрон таҳти унвони «Илми тоҷик —  пешбарандаи тарақиёти ҷомеа» дар донишгоҳ баргузор мегардад. Мехостам ҳамаи ин иштирокчиён бо маърӯзаҳои хуби худ дар ин конфронс фаъолона иштирок варзида муаррифгари кафедраи худ бошанд.

Муминов Ф.С. — сармутахассиси шӯъбаи ташкилию тарбиявӣ иброз дошт, ки ман миннатдории худро ба мудири кафедраи ТМ ва ТИП Равшанов Д.Ч. ва муовини декани факултети “Технологияҳои инноватсионӣ” оид ба илм Ғаниева Н.И. барои ташкил ва гузаронидани чунин озмун мерасонам. Чунин озмунҳо метавонад савияи дониш, ахлоқу кирдори донишҷӯёнро боло бардошта аз ҳаргуна рафтору кирдори бад онҳоро нигоҳ дорад.

Инчунин донишҷӯён — Шарифова Т.Б., Сатторов А. ва дигарон низ сухан карданд.

Ҳайати коммиссияи озмуни “Полиграфисти беҳтарин” бахшида ба “Соли рушди сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ”, солҳои 2018-2022 оиди тайёр кардани мутахассисони соҳаи фарҳанг, санъат ва таъбу нашри Ҷумҳурии Тоҷикистон, байни донишҷӯёни  кафедраи «Технология, мошинҳо ва таҷҳизотҳои истеҳсолоти полиграфӣ», баромадҳои донишҷӯёнро ба назар гирифта, барои қадрдонии донишҷӯёни ғолибони озмун бо ифтихорнома ва сипосномаи ректори донишгоҳ қарор кард:

Ифтихорнома барои ишғоли ҷойи аввал ба донишҷӯи курси 4-уми гурӯҳи 470201А, Зайниддинов Рамзиёр Меҳриддинович;

  1. Ифтихорнома барои ишғоли ҷойи дуюм ба донишҷӯи 2-юми гурӯҳи 360601-01А, Одинамамадов Ҷаҳонгир Шанбеевич;
  2. Ифтихорнома барои ишғоли ҷойи сеюм ба донишҷӯи курси 3-юми гурӯҳи 360601-01, Сатторов Азим Каримович;
  3. Сипоснома барои иштироки фаъолона ба донишҷӯи курси 4-уми гурӯҳи 470201, Шарифова Тахмина Баҳодуровна;
  4. Сипоснома барои иштироки фаъолона ба донишҷӯи курси 2-юми гурӯҳи 360601-01, Саидов Қаландаршо Расулович;
  5. Сипоснома барои иштироки фаъолона ба донишҷӯи курси 2-юми гурӯҳи 470201, Мирзозода Файзулло.