Дар қатори дигар муассиса ва ташкилоти кишвар дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ низ Рӯзи Модар бо тамоми шаҳомату тантанаҳои идона ҷашн гирифта шуд.

Ҳанӯз 6-уми марти соли 2009 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии худ ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон пешниҳод намуданд, ки аз ин баъд 8-уми март ҳамчун Рӯзи Модар таҷлил гардад. Аз ин рӯ, мо бо мақсади гиромидошти фариштаи хонадонамон, меҳрубонтарин шахси ҳаётамон – Модар хурсандӣ менамоем.

Дар ибтидо намоиши ҳунарҳои дастии бонувони донишгоҳ баргузор гардид ва баъдан бо оғози чорабинӣ  Ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О. тамоми устодон, кормандон ва донишҷӯён – бонувони зебои донишгоҳро бо ин рӯзи фархунда муборакбод намуда, ба онҳо тамоми хушиҳои зиндагиро таманно намуд. Баъдан аз ҷониби муовини ректор оид ба корҳои тарбия – Ашӯров А.Н. фармоиши ректор доир ба сарфароз гардонидани 14 нафар устодону кормандон ва 10 нафар донишҷӯдухтарони фаъол бо ифтихорномаҳо қироат ва ифтихорномаҳо аз ҷониби Ректори донишгоҳ ба онҳо супорида шуд. Инчунин якчанд нафар бонувон бо ифтихорнома ва сипосномакҳои Кумитаи иттифоқи касабаи устодон ва кормандони донишгоҳ низ тқадрдонӣ гардиданд.

Боиси қайд аст, ки ду нафар меҳмонон аз Австралия ва Англия – Филип Ҷордан (мушовири байналмилалӣ оид ба бехатарии ҳаракат дар роҳ) ва Мет Чемберлен (аудитори пешбари бехатарии роҳ, мушовири техникӣ вобаста ба Балканҳо Ғарбӣ) дар ин чорабинии фарҳангӣ ширкат карда, бо сухани табрикии худ баромад намуданд.

Дар охир дастаи ҳаваскорони донишгоҳ бо барномаи фарҳангӣ хотири иштирокдоронро шод намуданд.

Маркази иттилоот ва нашр.