Устодон, ҳамкорон, донишҷӯён – бонувони гиромӣ!
Шуморо аз номи Раёсат, коллективи устодону кормандон ва ташкилоти ҷамъиятии донишгоҳ бо фарорасии ҷашни муборак, дилнишин, зебо ва ҳамешаҷавони Рӯзи Модар табрику муборакбод намуда, ба якояки Шумо тансиҳативу хонаи обод ва бурдбориҳо таманно менамоям.
Дар ин бора Муҳаммади Ҳиҷозӣ низ мегӯяд: “Ягона доваре, ки гуноҳҳои мо ҳар чӣ бошад, мебахшад, Модар аст”. Ва ин гуна бахшиданро фақат Худованди Пок метавонад. Аз ин рӯ, аз номи шоир гуфтаниам, ки:
Аҷаб дунёст худ оғӯши модар,
Ғаму дарди ҷаҳон бар дӯши модар.
Ин ҷашн дар баъзе кишварҳо ба муносибатҳои гуногун бахшида ба занон рӯзи 8-уми март пешвоз гирифта мешавад. Рӯзи байналхалқии занон дар аввал рӯзи воқеӣ буд. Он иди бонувон набуда, балки ҷашни занони инқилобгар буд.
Аммо бо мурури замон ва баҳри нишон додани баробарҳуқуқии зану мард кишварҳои олам онро бо тантанаву шаҳомат қайд менамоянд.
Албатта тамоми мардони ҷаҳон бо тамоми вуҷуд ба занҳо, модарон меҳри худро имрӯз бештар изҳор менамоянд.
Ин хусусият барои тамоми мардуми Тоҷикистони азиз низ хос аст. Зеро мо – мардуми тоҷик рӯзи 8-уми мартро ҳамчун Рӯзи Модар, ҳамчун ҷашни шахсияти азизтарини ҳаётамон қайд менамоем. Оё нафаре ҳаст, ки модари худро дӯст надорад? Оё шахсиятеро мешиносем, ки ҳангоми модар гуфтан дар худ эҳсоси гуворои меҳру муҳаббати саршор аз раҳму шафқат ва покию беолоиширо набинад? Албатта не!
Ҳанӯз 6-уми марти соли 2009 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми табрикии худ ба муносибати Рӯзи байналмилалии занон пешниҳод намуданд, ки аз ин баъд 8-уми март ҳамчун Рӯзи Модар таҷлил гардад. Зеро аз суханронии Роҳбари давлат бармеояд, ки “Иди занон, ки як замон онро байналмилалӣ эълон карда буданд, собиқаи ҳамагӣ садсола дорад. Вале имрӯз мо бояд донем, ки аҷдоди пуршарафи тоҷикон – мардони ориёӣ ҳанӯз се ҳазор сол пеш барои ба ҷо овардани эҳтироми занону модарони худ ҷашни хосае доштаанд.
Чунон ки аз гуфтаҳои донишманди бузург Абӯрайҳони Берунӣ бармеояд, иди занон дар сарзамини аҷдодии мо дар моҳи сеюми зимистон, ки онро исфанд мегуфтанд ва ин моҳ имрӯз низ дар тақвими баъзе халқҳои ориёӣ вуҷуд дошта, ба охири моҳи феврал ва аввали март мутобиқат дорад, ҷашн гирифта мешуд.
Яъне тақрибан мутобиқ ба ҳамин рӯзҳое, ки алҳол мо ҷашн мегирем. Берунӣ менависад: «Исфандормаз фариштаи ваколатдор бар Замин аст ва низ ба занҳои дурусткору хайрхоҳ ваколатдор аст.
Ва дар замони гузашта ин моҳ ба василаи ин рӯз иди занон будааст. Ва ин расм ҳанӯз дар Исфаҳону Рай ва дигар кишварҳои Паҳла боқӣ мондааст. Ва онро ба форсӣ «муждагирон» мегӯянд».
Маълум мешавад, ки ин таомул аз замонҳои хеле қадим тақрибан то асри дувоздаҳ боқӣ будааст. Ҳатто дар Рими қадим, ки дар он ҷо ҷашни занон вуҷуд доштааст, баъзе олимон тахмин кардаанд, ки ин расм ба он кишвар аз ватани ориёиҳо рафтааст.
Пас имрӯз – дар замони истиқлолияти давлатамон моро лозим аст, ки ҷашни миллии аҷдодии аз хотирҳо рафтаи худ – иди модаронро бо асолати азалиаш эҳё кунем, арвоҳи гузаштагони пуршарафи худро бори дигар шод гардонем ва бо ифтихор собит намоем, ки миллати мо ҳамчун мардуми соҳибтамаддун аз азал эҳтироми Зан – Модарро пос медорад. Зеро
Бароям беҳтарин ганҷӣ ту, модар,
Манам огаҳ аз он ранҷи ту, модар.
Эҳтимол дар таърих кам мардуме вуҷуд дорад, ки соҳиби чунин фарҳанги қадимаи иззати занон бошад. Аз ин лиҳоз, мо чунин суннату таомулҳои миллиамонро хеле бузургу боарзиш медонем ва бовар дорем, ки эҳё кардани ин ҷашн ба манфиати маънавии миллатамон хоҳад буд.
Ҷашн гирифтани Рӯзи Модар на чун ҷашни маснӯие, ки ба мардуми мо иртиботи миллӣ надорад, балки ҳамчун идомаи анъанаҳои бостонии халқи худамон, бо асолат ва муҳтавои азалиаш таҷлил мегардад. Итминон дорам, ки ҷомеаи мо ба чунин иқдом, ки боз як падидаи худшиносии миллӣ ва арҷгузорӣ ба анъанаҳои ниёгонамон мебошад, омода аст”.
Бонувони гиромӣ!
Иди бонувон баробари оғози эҳёи табиат – фасли баҳор фаро мерасад, ки мардумро ба ибтидои пешомадҳои нав, нақшаву тадбирҳои тоза, омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва дар маҷмуъ ба ободониву созандагӣ ҳидоят менамояд.
Аслан сиришти занону модарони рӯйи олам аз покиву зебоӣ, рисолати зиндагисозӣ ва эҳсоси гарму ҷонбахш офарида шудааст.
Аз ин рӯ, мо ин рӯзи фараҳбахшро ҳамеша бо хушҳоливу нишоти хоса истиқбол мегирем, зеро нақш ва мақоми зан дар ҳамаи давру замонҳо дар ҳаёти ҷомеаи башарӣ ҳамчун офарандаи ҳаёт, пайвандгари наслҳо ва низомбахши рӯзгор ниҳоят бузург аст.
Гузашта аз ин, Зан – Модар мураббии аҳли башар ва нахустустоди инсон мебошад.
Модар арзандаи ҳама гуна эҳтиром, қадршиносӣ ва дӯстдорӣ мебошад, зеро ӯ меҳрубонтарин инсон барои ҳар як шахс буда, фарзанди худро бузургворона ва бо дилсӯзиву бахшоиш ҳамеша дастгиру пуштибон аст, ба хотири роҳату осоиши фарзандаш шабу рӯз заҳмат мекашад ва намегузорад, ки нури чашмони ӯ ба ранҷу озоре гирифтор гардад, бардаму солим ба камол расад, соҳиби одобу маърифат шавад, илму дониш ва касбу ҳунар омӯзад ва дар оянда барои ҷомеа хизмати сазовору шоиста анҷом диҳад.
Аз ин лиҳоз, пос доштани иззату эҳтироми модар ва арҷ гузоштан ба мақому манзалати ӯ қарзи муқаддаси ҳар як инсон буда, подоши заҳмату бедорхобиҳои модар фақат аъмоли писандида, рафтори шоиста ва фазилатҳои неки ҳар як фарди солимфикр ва бонангу номус аст.
Дар тамоми таърихи тӯлонии миллати тоҷик низ рисолати офарандагиву тарбиятгарӣ, руҳи озоду иродаи қавӣ, афкори наҷибу одоби ҳамида ва муҳаббату садоқати бепоёни Зан – Модар дар осори бузургони гузаштаву муосири тоҷик ситоиш гардидааст. Махсусан шоиронеро аз қабили устод Лоиқ мешиносем, ки китоби ашъори алоҳидае бо номи “Модарнома” дорад ва ҳеҷ як шоир ва нависанда, умуман қаламкаши тоҷике мумкин набошад, ки дар бораи Модар мисрае нагуфтаву сарояндае дар бораи Модар насароида. Дар пайравӣ ба ин гуфтаҳо боз аз номи шоир мегӯям, ки:
Бимирам бар қадамҳои ту, модар,
Кашам бори аламҳои ту, модар.
Имрӯз занон дар зинаҳои гуногуни ҳамаи шохаҳои ҳокимият, яъне мақомоти олии қонунбарор, ҳокимияти судӣ ва иҷроия, инчунин дар кулли сохтори давлативу иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ фаъолият намуда, дар пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ҳиссаи арзандаи худро гузошта истодаанд.
Аз ин рӯ, бори дигар Шумо ва дар симои Шумо тамоми модаронро дар ин рӯзи фархунда табрик гуфта, саломатии бардавом, хандаю табассуми абадӣ, зебогии ҷовидонаро бароятон таманно дорам. Бигзор ҳамчун гулҳои шукуфони баҳорони Тоҷикистони азиз доимо бехазон бошед.