Рӯзҳои 13-ум ва 14-уми марти соли равон дар донишгоҳ бо ташаббуси шуъбаи ташкилию тарбиявӣ, шуъбаи кор бо ҷавонон ва кафедраи “Тарбияи ҷисмонӣ” бахшида ба фарорасии Соли нави аҷдодӣ – Наврӯзи дилафрӯз чорабинии варзишӣ ташкил ва гузаронида шуд. Ин чорабинӣ тибқи Низомномаи гузаронидани “Наврӯзи байналмилалӣ” доир гардид. Мусобиқа дар байни донишҷӯён аз рӯйи намуди гӯштингирӣ дар вазнҳои 65 кг, 75 кг ва аз 75 кг зиёд ба таври шавқовару дӯстона гузаронида шуд.

Пас аз анҷом ёфтани мусобиқа аъзои ҳакамон ғолибонро дар ҳар як вазн муайян намуданд.

Қайд намудан зарур аст, ки дар вазни 65 кг ҷойи якум насиби Одинабеков С. – донишҷӯйи курси 1, г. 43010101а1, факултети Энергетикӣ, ҷойи дуюм насиби Нарзиев Р. – донишҷӯйи курси 3, г. 500101-01а, факултети Технологияҳои инноватсионӣ, ҷойи сеюм насиби Саидраҳмонов Ш. – донишҷӯйи курси 2, г. 440302а3, факултети Нақлиёт ва Муқумов М. – донишҷӯйи курси 3, г. 690101а1, факултети Сохтмон ва меъморӣ, дар вазни 75 кг ҷойи якум насиби Атоев Ҷ. – донишҷӯйи курси 2, г. 70040304, факултети Сохтмон ва меъморӣ, ҷойи дуюм насиби Дилбаршоев Н. – донишҷӯйи курси 2, г. 530102а, факултети Технологияҳои информатсионӣ ва коммуникатсия, ҷойи сеюм насиби Асоев К. – донишҷӯйи курси 3, г. 700201, факултети Сохтмон ва меъморӣ ва Шеров Н. – донишҷӯйи курси 2, г. 430103а, факултети Энергетикӣ, дар вазни аз 75 кг зиёд ҷойи якум насиби Миров Ш. – донишҷӯйи курси 2, г. 430103, факултети Энергетикӣ, ҷойи дуюм насиби Абдусаломов Н. – донишҷӯйи курси 3, г. 45010302а, факултети Технологияҳои информатсионӣ ва коммуникатсия, ҷойи сеюм насиби Зоҳидов И. – донишҷӯйи курси 1, г. 27010110, факултети Энергетикӣ ва Шарипов Ҷ. – донишҷӯйи курси 1, г. 53010501, факултети Энергетикӣ гардид.

Маркази иттилоот ва нашр.