Ташрифи расмии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавқат Мирзиёев, ки тӯли 27 соли гузашта, чуноне ки худи сарвари давлати ҳамсоя қайд намуданд, бори аввал амалӣ гашт. Ҳамагон ёд дорем, ки фурӯпошии собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ мушкилиҳои бисёреро эҷод намуда, харитаи сиёсӣ дар марзҳои собиқи он рангҳо ва марзҳои мухталифро пайдо намуд, ки на ҳамаи онҳо ба пояи мустақилият, аз он ҷумла ба мустақилияти Ватанамон – зодгоҳу зербунаи ҳастии мо мусоидат намуд, на ҳамаи он боиси комилии мустақилиятамон шуд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба монанди дигар мамлакатҳои минтақа ва ҷаҳон дар пайи рушд ва пешрафти соҳаҳои илм, техника ва технология буда, ҷиҳати дастгирӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид, як қатор чораҳои зарурӣ андешида аст.
Нияти неку орзуҳои ба тафаккури тоҷикон мансуббуда доир ба он ки «Ҳамсояи хуб аз хеши дур хело хубтар аст», ҳамчунон дар шахсияти сарвари Ӯзбекистон, муҳтарам Шавқат Мирзиёев дар умқи қалби ӯ акси садои мардуми давлати ҳамсоя бо овозу садои ӯ аз минбари мизбон, бо самимияти табиӣ бе зарраи сиёсати сунъӣ, бе дипломатия барои дипломатия, балки бо дипломатия барои ҳақиқат, барои дипломатияву сиёсат, бо фараҳмандӣ баён гашта, бори гарони муносибатҳои қариб хомӯшгаштаро ба пояи хоҳиши табиӣ дӯстии халқҳои ду мамлакату давлат, бо роҳи ривоҷи муносибатҳои ҳаматарафа, бале на бисёртарафа, балки ҳаматарафа, ба арсаи баланду суръати чашмрас бардошт.
Дарҳои марзҳоямон, дарҳои дили тоҷикону тоҷикистониён чун одату русумоти бобогию бобокалониамон ҳамеша ва ба хусус дар замони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамаи дӯстони дуру наздик ва дар навбати аввал ба ҳамсоягон кушода буд ва хушо, ки ин интизории дутарафа дар ин фасли баҳор, дар арафаи Наврӯзи хуҷастапай амалӣ гашт.
Ба ҳоли ҳозир аз баёни ақидаи сарвари Ӯзбекистон бармеояд, ки дар муносибатҳо бо Тоҷикистон ягон масъалаи ҳалнашуда намондааст ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд, ки ташрифи президенти Ӯзбекистон ба ҳамаи масъалаҳои тарафайн нуқтаи мусбати маънавӣ гузошта, комилан ҳал шудаанд.
Зербунёди пешравии мо, ки сарвати беназири аз ҷониби табиат ба мо эҳдонамудаи нерӯи сабз – фаровонии захираҳои об бо пиряхҳо, кӯлҳо ва дарёҳои саршори Ватан иборат аст, ки на фақат дар хизмати Тоҷикистон, балки дар хизмати ҳавзаи Осиёи Марказӣ, минҷумла хизмати ҳамсояҳои наздиктаринамон шуда метавонад.
Воқеан ҷойгиршавии захираҳои энергетикӣ дар мавзеъҳо ва мамлакатҳои дунё хело ҳам гуногун буда, нобаробарии инкишофи индустриалии мамлакатҳо ба он овардааст, ки 30%-и аҳолии ҷаҳон 90% энергияи ба дастомада ва 70%-и дигари он бошад, фақат 10%-и боқимондаро истеъмол мекунанд.
Дар ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ захираҳои нафт 5,7 млрд.т., газ – 11,5 трлн.м3 (6% аз захираҳои дақиқ муайяншудаи ҷаҳон), захираҳои ангишт – 38243 млн.т., имконияти гидроэнергетикӣ – 6% аз имконияти ҷаҳониро ташкил медиҳанд.
Ҳиссаи захираҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ нисбат ба захираҳои ҷаҳонӣ дар ҷадвали 1 оварда шудаанд.
Ҷадвали 1.
Захираҳои энергетикии ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ
Захира | Нафт | Газ | Ангишт | Об |
% | 3 | 6 | 4 | 6 |
Дар ҷадвали 2 мувозинаи истеъмоли захираҳои энергетикӣ дар мамлакатҳои Осиёи Марказӣ оварда шудаанд.
Ҷадвали 2.
Мувозинаи истеъмоли захираҳои энергетикӣ ба соли 2015*
Мамлакат | Ҳамагӣ, млн.т | Нафт, % | Газ, % | Ангишт, % | Энергияи об, % |
Қазоқистон | 72,8 | 17 | 31 | 50 | 2 |
Қирғизистон | 1,898 | 31 | 12 | 23 | 34 |
Тоҷикистон | 2,113 | 23 | 22 | 3 | 52 |
Туркманистон | 26,0 | 22 | 78 | — | — |
Ӯзбекистон | 49,8 | 10 | 82 | 3 | 5 |
*Аз рӯйи маълумоти ВР Stalistikal Review of Word Entrgy, 2011. Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба омор, ТЭБ давлатҳои аъзои ЕврАзЭС, с.2011.
Чӣ хеле дар боло зикр намудем, Тоҷикистон дорои захираҳои обӣ буда, аз рӯйи нишондоди ҷаҳонии захираҳои гидроэнергетикӣ дар ҷаҳон ҷойи 8-умро ишғол менамояд.
Ба ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон фақат 5-6% захираҳои гидроэнергетикии иқтисодӣ самаранок истифода мешаванд (истеҳсоли миёнаи солонаи энергияи электрикӣ дар НБО 16-17 миллиард киловатт соатро ташкил медиҳад).
Мувофиқи манбаъҳои расмӣ потенсиали гидроэнергетикии дарёҳои хурди Осиёи Марказӣ 3,1 млн. кВт ё 27,2 млрд. кВт соатро ташкил медиҳад. Ин тавоноӣ байни давлатҳои Осиёи Марказӣ чунин тақсим мешавад: Тоҷикистон 1,6 млн. кВт ва 14 млрд. кВт/соат; Ӯзбекистон 0,5 млн. кВт ва 4,4 млрд. кВт/соат; Қирғизистон 0,8 млн. кВт ва 7,0 млрд. кВт/соат; Туркманистон 0,2 млн. кВт ва 1,8 млрд. кВт/соат, яъне 51,4% захираҳои гидроэнергетикии дарёҳои хурди Осиёи Миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудааст. Имрӯз истифодаи ин захираҳои бузурги обӣ тахминан 3%-ро ташкил медиҳад.
Воқеан дар замони собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ тақсимоти захираҳои энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ хело хуб ба роҳ монда шуда, дар мисол Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин ва танзимкунандаи манбаъҳои гидроэнергетикӣ маҳсуб меёфт.
Ҷумҳурии Ӯзбекистон аз зихараҳои энергетикии нафт ва газ дар ҷаҳон ҷойи намоёнро ишғол намуда, байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон мубодилаи обу газ ҷой дошт.
Чун Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати истеҳсоли энергияи сабз дар қатори даҳгонаи давлатҳои ҷаҳонӣ ҷой гирифтааст, ин ифодакунандаи он аст, ки ба иқлими минтақа таъсири ками экологӣ расонад.
Аз маълумоти дар сарчашмаҳои интернетӣ овардашуда, дидан мумкин аст, ки имрӯз Ӯзбекистон тахминан то 15% истеҳсоли энергияи электрикиро дар пояи гидроэнергетика ба роҳ мондааст.
Дар баромади Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавқат Мирзиёев дарҷ гардид, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ истеҳсоли энергияи сабз, яъне истифодаи имкониятҳои гидроэнергикиро то ба 32% хоҳад расонид.
Воқеан истифода аз захираҳои гидроэнергетикӣ дар ин кишвар то нишондоди қайдгардида боиси беҳтар гардидани фазои экологии минтақа хоҳад шуд.
Дар баробари ин энергияи истеҳсолшудаи нерӯгоҳи барқи обӣ арзонтарин буда, таъсири манфиашон ба муҳити зисту атроф нисбат ба заводу фабрикаҳо ва нерӯгоҳҳои ҳароратӣ маротибаҳо камтар мебошад, ки ба рушди саноат ва иқтисоди минтақа таъсири мусбӣ хоҳад расонид.
Захираҳои бузурги обии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар дарёҳои бузурги сарҳадгузар ба монанди Панҷ, Вахш, Зарафшон, Сирдарё, Исфара ва дигарҳо ҷорӣ мешаванд ва мавқеи хело мувофиқи ҷуғрофию топографии мамлакат ба он мусоидат менамоянд, ки танзим ва таъмини захираҳои обии кишварҳои минтақаро амалӣ намоянд, боиси обёрии масоҳати калони заминҳо гарданд ва муҳити экологии минтақаро эмин нигоҳ доранд.
Ҷадвали 3.
Захираҳои энергетикии обии дарёҳои бузург, км3.
Номгӯйи дарё | Ҳаҷми миёнаи бисёр-солаи об. | Аз он ҷумла, дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳосил мегардад | Обгир | Ҳаҷми истифода-шавандаи об | Талафот |
Панҷ | 33,4 | 17,1 | 1,97 | 1,5 | 0,47 |
Вахш | 20,2 | 18,3 | 4,6 | 3,5 | 1,10 |
Кофарниҳон | 5,1 | 5,1 | 2,5 | 1,95 | 0,55 |
Қаратоғ | 1,0 | 1,0 | 0,64 | 0,38 | 0,26 |
Зарафшон | 5,3 | 5,1 | 0,43 | 0,4 | 0,03 |
Сирдарё | 15,0 | 0,8 | 2,96 | 2,6 | 0,36 |
Ҷамъ | 80,0 | 47,4 | 13,10 | 10,33 | 2,77 |
Яке аз рагҳои хунгарди иқтисодиёти тарафайн ин пайвастагии системаи энергетикии ҳамсоягон мебошад ва дар ин самт шарёни энергияи барқ тавассути хати барқи 500 ҳазорволта бо номи танзимгарии Л – 507 байни зеристгоҳҳои Регар – 500-и тоҷикон ва Гузар – 500-и узбекон дар ин рӯзҳо ба таппиши набзи дилҳои мардуми ду кишвар бо сарварии сарони ин давлатҳо ба кор шурӯъ хоҳад кард, ки ибтидои пешравиҳои ин дӯстиву ҳамсоягиву ҳамдиливу ҳамгирову пешравии халқҳоямон хоҳад шуд.
Давлатшоев Д.Д., Қасобов Л.С. — дотсентони
кафедраи «Неругоҳҳои электрикӣ»-и
ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ