Аз ҳисоби таъсири афканишоти электромагнитии диапазони детсиметрии иқтидорашон баланд хӯрок ва маҳсулоте, ки ба дохили камераи танӯрҳои микромавҷӣ гузошта шудаанд, гарм карда мешаванд. Барои дастгоҳи маишӣ ин басомад 2450 МГс-ро ташкил медиҳад. Ин гуна мавҷҳои радиоии баландбасомад ба умқи маҳсулот ворид мешаванд ва ба молекулаҳои қутбноки маҳсулот таъсир намуда, онҳоро маҷбур менамоянд, ки доимо дар ҳаракат бошанд ва қад-қади хатҳои қуввагии майдони электромагнитӣ ба низоми муайян дароянд. Молекулаҳои қутбноки ҳар гуна маҳсулот, оби дар таркиби он буда ба ҳисоб меравад. Ин навъи ҳаракат ҳарорати маҳсулотро баланд менамояд ва гармӣ на танҳо ба сатҳи маҳсулот таъсир мекунад балки то он ҷое ки мавҷҳои радиоӣ рафта мерасанд, асари гармӣ мерасад. Дар танӯрҳои микромавҷии маишӣ мавҷҳои радиоӣ ба умқи 2,5-3 см рафта мерасанд. Онҳо оби таркиби маҳсулотро гарм менамоянд ва дар навбати худ гармии оби таркиби маҳсулот ба гармшашавии ҳамаи ҳаҷми маҳсулот оварда мерасонад.

Магнетрон – ташкилдиҳандаи асосии танӯрҳои микромавҷӣ

Радиомавҷҳои басомадашон 2450 МГс тавассути асбоби махсус – магнетрон тавлид карда мешаванд. Магнетрон диоди электровакуумӣ мебошад. Вай аз аноди силиндршакли[1] аз миси ғафс таркибёфта иборат аст. Анод буриши доирашкл дошта, ба 10 қисм тақсим карда шудааст ва аз ҳамин гуна девораҳои мисӣ иборат мебошад.

Дар маркази ин конструксия катоди меҳварӣ[2] ҷойгир карда шудааст, ки дохили он аз тори рӯшноидиҳанда[3] иборат мебошад. Катод барои эмиссияи электронҳо[4] хизмат менамояд. Аз ду паҳлуи магнетрон магнитҳои калони доирашакл ҷойгир карда шудаанд, ки дар дохили магнетрон майдони магнитиро ба вуҷуд меоваранд. Ин майдон барои тавлиди афканишоти микромавҷӣ лозим аст. Ба нӯгҳои анод шиддати 4000 Волт ва ба нӯгҳои тори рӯшноидиҳанда шиддати 3 Волт гузошта мешавад. Таҳти таъсири майдони электрикии шадидияташ баланд эмиссияи шадиди электронҳо рӯй медиҳад. Шакли камераҳои резонансӣ ва шиддати дар нӯгҳои анод гузошташуда басомади тавлидшавандаи магнетронро муайян мекунанд, яъне басомади тавлидшаванда дар магнетрон аз ин ду параметр иборат мебошад. Энергияғундорӣ бо ёрии ҳалқаи симини пайванд бо катод, ки ба нурафкан – антенна кашида шудааст, сурат мегирад. Иқтидори стандартии магнетронҳое, ки дар танӯрҳои микромавҷии маишӣ насб карда мешаванд, 800 Ваттро ташкил медиҳад. Агар барои тайёр намудани хӯрок иқтидори кам лозим бошад, он гоҳ магнетронро тавассути идораи электронӣ ба муддати муайяне ба кор медароранд ва пас аз он бо фосилаи муайяне аз кор боз медоранд. Масалан, иқтидори 400 Вт (ё 50% аз иқтидори пурраи магнетрон)-ро метавонем тавассути интервали 10-сониягӣ соҳиб шавем, яъне 5 сония магнетрон ба кор дароварда мешавад ва 5 сонияи дигар аз кор боз дошта мешавад. Ин равандро дар илм тағйири тадриҷии арзӣ-импулсӣ[5] меноманд.

Магнетрон ҳангоми кор аз худ миқдори гармии зиёде хориҷ менамояд, аз ин сабаб танаи он ба даруни радиатори варақӣ[6] ҷойгир карда шудааст, ки бояд дар раванди кор доимо тавассути бодкаш[7] хунук карда шавад. Магнетрон монанди дигар асбобҳои радиоэлектронӣ дар доираи муайяни тағйирёбии ҳарорат кор карда метавонад. Ва ҳангоми аз ҳад зиёд шудани ҳарорати танаи магнетрон, ин асбоб аз уҳдаи иҷрои вазифаҳои худ баромада наметавонад ва ҳатто метавонад, ки аз кор боз монад.

[1] Аноди силиндршакл – цилиндрический анод

[2] Катоди меҳварь – стержневой катод

[3] Тори рӯшноидиҳанда – нить накала

[4] Эмиссияи электронҳо – электронная эмиссия

[5] Тағйири тадриҷии арзӣ-импулсӣ – Широтно-импульсная модуляция (ШИМ)

[6] Радиаторӣ варақӣ – Пластинчатый радиатор

[7] Бодкаш — вентилятор

Нуралиев Солеҳҷон – донишҷӯйи курси 4-уми гурӯҳи 390101.