Имрӯз ҷаласаи навбатии Шӯрои методии донишгоҳ баргузор гардид. Рӯзномаи ҷаласа дарбаргирандаи ахбори роҳбари Маркази иттилоот ва нашр – Юнусов Ф.М. доир ба фаъолияти марказ, ахбори сардори Идораи таълимию методӣ – Фохаков А.С. доир ба рафти иҷрои нақшаҳои фардӣ ва аттестатсияи магистрҳо, ахбори роҳбари Маркази таълимоти фосилавӣ – Ҷалилов У.Ҷ. доир ба фаъолияти марказ, инчунин ахбори раиси комиссияи табъу нашр – Ҳамроев Ф.М. доир ба муҳокима ва ба нашр тавсия намудани маводи таълимию методӣ ва масъалаҳои гуногун буд.
Ахбори масъулон шунида шуда, доир ба моҳияти онҳо саволу ҷавоб сурат гирифта, дар охир қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Боиси зикр ва ёдоварист, ки Шӯрои методии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар ду моҳ як маротиба баргузор мегардад ва дар доираи фаъолияти худ Шӯрои методӣ раванди таълиму тарбия, фаъолияти кафедраҳо ва таъминоти таълимию методии донишгоҳро назорат ва амалӣ менамояд. Дар ҷаласаи мазкур низ маводи таълимию методии зиёд, ки аз ҷониби устодони донишгоҳ омода шуда буданд, муҳокима ва ба нашр тавсия дода шуданд, ки қисми асосии он дар матбааи донишгоҳ бо матлағгузории дохилидонишгоҳӣ чоп хоҳанд шуд.
Маркази иттилоот ва нашр.