Дар толори маҷлисгоҳи умумии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои олимон доир гардид, ки рӯзномаи он танҳо як масъала – сазовор гардонидани ректори Донишгоҳи давлатии Урали ҷанубӣ (ЮУрГУ), ш. Челябински Федератсияи Россия – Шестаков А.Л.-ро бо унвони профессори ифтихории донишгоҳ дар бар мегирифт. Ин унвони ифтихорӣ ба олими барҷаста – Шестаков Александр Леонидович барои ҳамкориҳои судманди дуҷониба, кӯмак ва дастгирии беғаразона дар самти омодасозии кадрҳои илмию педагогӣ ва монанди инҳо сазовор дониста шудааст. Боиси қайд аст, ки сарфароз гардонидани унвон ҳанӯз моҳи октябри соли 2016 бахшида ба 60-солагии донишгоҳ бо қарори Шӯрои олимон бо суратмаҷлиси №2 аз 31.10.2016 тасдиқ шуда буд.

Пас аз суханронии ректори донишгоҳ – Одиназода Ҳ.О. доир ба ҳамкориҳои судманди ду донишгоҳ, фаъолияти меҳнатии босамари Шестаков А.Л., сазовор гардонидани унвон ва тақдими туҳфаҳои хотиравӣ меҳмони олиқадр доир ба фаъолият, пешравиҳо ва ҳамкориҳои ДДУҶ (ЮУрГУ) баромад намуда, маълумоти кофии муфид дод.

Дар анҷоми ҷаласаи ғайринавбатии Шӯрои олимон дар доираи ҳамкориҳои дуҷониба аз олимони ҷавони донишгоҳ Шестаков А.Л. хоҳиш намуд, ки метавонанд барои анҷом додани фаъолияти илмӣ ба ин донишгоҳи бонуфузи Федератсияи Россия сафар намоянд. Зеро айни ҳол дар аспирантураи ДДУҶ (ЮУрГУ) ҳудуди 10 нафар бо корҳои илмӣ машғуланд ва як нафар док

 

торант дар арафаи анҷом додани рисолаи илмии худ мебошад. Инчунин 3 нафар аспирантон пас аз анҷоми бомуваффақияти корҳои илмию тадқиқотӣ ва ҳимояи он дар

 

донишгоҳи мазкур фаъолияти меҳнатии худро давом дода истодаанд.

 

 

 

Пас аз ҷаласа меҳмони гиромӣ бо озмоишгоҳҳои донишгоҳ – озмоишгоҳи замонавии механикии Ҳиндустон – Тоҷикистон, озмоишгоҳи “Технология ва таҷҳизоти истеҳсолоти заргарӣ”, озмоишгоҳи “Равандҳои гузарандаи электромагниктӣ ва электромеханикӣ” ва “Шабакаҳои электрикӣ ва системаҳо” ва ғайраҳо шинос гардонида шуд.

 

  Маркази иттилоот ва нашр.