Дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-003-и назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон муаллими калони кафедраи “Химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ”-и факултети «Технологияҳои инноватсионӣ» — Насриддинов Субҳиддин Қамарович дар мавзӯи «ПОЛУЧЕНИЕ, ТЕРМИЧЕСКОЕ РАЗЛОЖЕНИЕ И ТЕРМОДИНАМИЧЕСКИЕ ХАРАКТЕРИСТИКИ ДИФТОРИДНЫХ СОЕДИНЕНИЙ 3d-ЭЛЕМЕНТОВ (MN, CO и NI)» аз рӯйи ихтисоси 02.00.01 – химияи ғайриорганикӣ рисолаи номзадиашро бомуваффақият ҳимоя намуд.
Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва деканати факултети “Технологияҳои инноватсионӣ” ба ин муносибат Насриддинов С.Қ.-ро самимона муборакбод менамоянд ва таманно онро доранд, ки дар ҷодаи пурпечутоби илм ба тамоми бурдбориҳо дастрас хоҳад шуд ва дигар олимони ҷавони донишгоҳ низ дар самти кори илмиашон муваффақиятҳоро соҳиб мегарданд.
Маркази иттилоот ва нашр.