Бо ташаббуси кафедраи “Системаҳои муҳандисии биноҳо ва иншоот”-и факултети “Сохтмон ва меъморӣ» ва Корхонаи воҳиди давлатии “Обу корези Душанбе” рӯзи 21-уми апрели соли 2018 Конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи “Об – омили муҳими рушди устувор” ба муносибати даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор” барои солҳои 2018-2028 баргузор мегардад.

Бақайдгирии иштирокчиёни конференсия: аз соати 900 то 1000 (даромадгоҳи толори бинои асосӣ).

Кушодашавии расмии конференсия дар толори маҷлисгоҳи бинои асосии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ (суроға: хиёбони академикҳо Раҷабовҳо-10А) ва идомаи бахшҳои он дар бинои факултети “Сохтмон ва меъморӣ” (суроға: кӯчаи Ҳаёти нав — 10) рӯзи 21-уми апрели соли 2018 аз соати 1300 баргузор мегардад.

Кумитаи тадорукот.