Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», 2018-2028 — ташаббуси беназири Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон

 Маълум аст, ки истиқлолияти сиёсии кишвар тамоми ҷабҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиро дар бар гирифта, асоси рушду пешрафти Тоҷикистони азизро таъмин менамояд. Дар ин росто масъалаи об муҳимтарин сарчашмаи ҳаёт ва соҳаи заминавии ташаккулёбии саноат, иҷтимоиёт, пешрафти тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ ва некӯаҳволии мардуми кишвар ба шумор меравад.

Об муъҷизаи ҳаёт аст ва бе об ягон мавҷуди зинда вуҷуд дошта наметавонад. Об манбаи нахустин ва ногузири қонеъ гардондани талаботи асосии инсон ва ҷузъи асосии рушди устувор ба ҳисоб меравад. Бинобар ин хеле зарур аст, ки об ҳамчун омили муҳимтарини иҷтимоиву иқтисодӣ баррасӣ гардад ва дар чорчӯбаи воқеияти имрӯзаи иҷтимоиву иқтисодӣ идора карда шавад.

Ба ҳамагон маълум аст, ки ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об то имрӯз ҳамеша мавриди дастгирии ҷомеаи байналмилалӣ қарор гирифтаанд, ки ин амр дар болоравӣ ва вусъати обрӯву эътибори Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ нақши муҳим бозидааст.

Бояд тазаккур дод, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тӯли даврони соҳибистиқлолии Тоҷикистон ташаббусҳои байналмилалиро оид ба ҳалли масоили об пешниҳод намуданд ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ ҳамаҷониба дастгирӣ ёфтаанд.

Ва ниҳоят пешниҳоди Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028 аз муҳимтарин иқдомоти ҷаҳонии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.

Ин чорумин ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита ба ин иқдом аст. Ҳамин тавр 21-уми декабри соли 2016 Маҷмаи умумии СММ катъномаро зери унвони Дахсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор», солҳои 2018-2028, бо ҷонибдории 193 кишвари узви СММ қабул намуд. Ташаббус оид ба эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» бори аввал аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷараёни Форуми 7-уми ҷаҳонии об дар Ҷумҳурии Корея ироа шуда буд. Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар Форуми об таъкид намуда буданд, ки: «Масъалаҳои глобалӣ ва таҳдидҳои ҷаҳони муосир, бо шумули буҳрони молию иқтисодӣ, афзоиши аҳолӣ, тағйири иқлим, афзоиши басомади ҳодисаҳои ниҳоии обу ҳаво, норасоии об ва дар натиҷа боло рафтани сатҳи камбизоатӣ, афзоиши бемориҳои сирояткунанда, фавти модару кӯдак ҳанӯз сафарбар намудани талошҳои мо ва қабули чораҳои дахлдорро дар ин соҳа талаб мекунанд».

Мутобиқи қатъномаи қабулшуда Даҳсолаи Байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» аз 22-юми марти соли 2018 (Рӯзи байналмилалии захираҳои об) шурӯъ шуда, 22-юми марти 2028 ба анҷом мерасад.

Маҳз аз ҳамин хотир, ҷомеаи байналмилалӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба ҳайси поягузори ҳама ташаббусу иқдомҳои байналмилалӣ дар соҳаи об эътироф кардааст.

Пешвои миллат 22-юми декабри соли 2016 зимни ироаи Паём ба Маҷлиси Олӣ мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳониро бо ин дастоварди муҳими Тоҷикистон табрик намуда, зикр карданд: «Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати ташаббускор ва пешсафи фаъоли ҳалли масоили глобалии вобаста ба истифодаи босамари захираҳои об эътироф гардидааст».

Хушбахтона кишвари мо – Тоҷикистон аз чунин мушкили замон дар канор аст. Ҳоло ба ҳар сокини ҷумҳурӣ соле 12000 м3 об рост меояд ва аз рӯйи ин нишондиҳанда кишвари мо дар байни давлатҳои ИДМ яке аз ҷойҳои аввалинро мегирад. Бо вуҷуди ин, баъзе ноҳияҳои ҷумҳурӣ аз нарасидани оби нушокӣ мушкилӣ мекашанд. Суръати баланди афзоиши аҳолӣ ва дар ин асос зиёд намудани маҳсулоти кишоварзиро талаб менамояд, ки меъёри истифодаи об дуруст ба роҳ монда шавад,

Айни замон зиёда аз 76 дар сади аҳолии Тоҷикистон дар деҳот зиндагӣ мекунанд. Бинобар ин масъалаи дастрасии аҳолӣ ба оби нӯшокӣ ва истифодаи самараноки захираҳои обӣ яке аз ҳадафҳои муҳими рушди ҳазорсола маҳсуб мешавад. Сарфакоронаю самаранок истифода бурдани захираҳои обии кишвар яке аз масъалаҳои мубрами иқтисодиёт ба ҳисоб меравад. Таъминоти оби нӯшокӣ ба воситаи шабакаҳои обрасон дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 30 дар садро ташкил менамояд. Қисмати боқимондаи аҳолӣ обро аз манбаъҳое истифода мебаранд, ки дар баробари дур ҷойгир шудан дар сатҳи пасти шароити беҳдоштӣ қарор доранд. Оби нопок ва корношоям аксари иншооти обтозакунӣ боиси паҳн гардидани бемориҳои сирояткунанда дар шаҳру деҳот мегардад. Бинобар ин истифодаи оқилона, тоза нигоҳ доштани оби ҷӯю дарёҳо ва ҳифзи манбаъҳои он яке аз вазифаҳои муҳими ҳар як сокини мамлакат мебошад.

Тоҷикистон дорои манбаъҳои оби тоза бошад ҳам, дар соҳаи таъмин ва дастрасии аҳолии деҳоти ҷумҳурӣ ба оби барои саломатии сокинон безарар ҳанӯз корҳои анҷомнаёфта мавҷуданд.

Баъзе манбаъҳои об дар минтақаи Қӯрғонтеппаи вилояти Хатлон ва вилояти Суғд ба обҳои дуруштиашон (15-22мг/экв.л) ва маъданнокиашон баланд тааллуқ доранд.

Ҳангоми мувофиқа кардани масъалаҳои ҷойгиршавии корхонаҳо ва иншооти нав, ки ба вазъияти обҳо таъсири худро мерасонад ва инчунин ҳангоми додани иҷозатнома барои обистифодабарии махсус ташкилоти ваколатдори давлатӣ, ки истифодабарӣ ва муҳофизати обҳои табииро дорад, бояд бо нақшаҳои истифодабарии комплексии обҳои табиӣ ва мувозинаҳои обухоҷагидорӣ роҳбарӣ карда, манфиатҳои ҳамаи обистифодабарандагонро ба назар гирад.

Ҷойгиршавӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон ва ба истифода супоридани корхонаҳо ва иншооти нав ва инчунин ҷорӣ кардани технологияҳои нав, ки ба обҳо таъсири худро мерасонад, бояд истифодабарии оқилонаи обро бо талаботи бехатарии экологӣ ва муҳофизати саломатӣ ва якумдараҷа барои эҳтиёҷоти маишӣ-нӯшокии аҳолӣ таъмин кунад.

Бо ин мақсад бояд чунин масъалаҳои асосӣ иҷро шаванд:

-ба ҳисоб гирифтани обҳое, ки аз манбаъҳои об гирифта мешавад;

-такмили малакаи коргарон;

-муҳофизати обҳо аз ифлосшавӣ ва камшавӣ;

-пешакӣ огоҳонидани таъсири зарари об;

-маҳдуд кардани зер кардани об то ҳадди имкон;

-ташкил кардани ҳудудҳои муҳофизатии об ва нигоҳ доштани ландшафтҳои табиӣ.

Системаҳои обтаъминкунӣ дар айни замон зарурати самаранокӣ ва устувориро дорад. Системаҳои обтаъминкунии азкормонда ба ҳамаи мақомоти дахлдор маълуманд. Сабабҳои асосии аз кор мондан ё бесамар будани системаи обтаъминкунӣ таъмини номунтазами барқ, нигоҳдории бад, маблағҳои нокифоя барои иҷрои корҳои таъмирӣ ва малакаи пасти коргарон мебошад. Ҷамъият муҳтоҷи ёрии Ҳукумат ва донорҳои хориҷӣ барои маблағгузории маблағҳои иловагӣ дар таъмир ва азнавсозии системаҳои мавҷудбудаи обтаъминкунӣ мебошад.

Аз рӯйи Барномаи беҳтар намудани таъминоти аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нӯшокӣ барои солҳои 2008-2020 аксари системаҳои обтаъминкунӣ солҳои 1960-1980 сохта шудаанд.

Дар натиҷаи тағйирёбии шакли хоҷагидорӣ ва муносибатҳои истеҳсолӣ ҳамкории бисёр корхонаҳо қатъ гардид, ки ин таъсири манфии худро ба рушд ва нигоҳдории соҳаи оби нӯшокӣ расонид. Яке аз сабабҳои коҳиш ёфтани фаъолияти истеҳсолӣ фарсудашавии фондҳои асосии истеҳсолӣ мебошад, ки мавриди истифодабариашон кайҳо гузаштааст.

Дар Ҷумҳурӣ таҷҳизот ва қисмҳои эҳтиётии низоми обтаъминкунӣ истеҳсол намешавад ва ҳамаи онҳо аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, ки нархи онҳо хело гарон мебошанд. Ин сабаби баланд гардидани арзиши аслии об мегардад, ки ниҳоят ба дӯши истеъмолгарон меафтад.

Корхонаҳои низоми обтаъминкунӣ имконияти пурраи нигоҳубини тавоноии мавҷудбударо надоранд ва илова бар ин саривақт пардохт накардани ҳаққи об аз тарафи истеъмолгарон баддар шуда истодааст. Ғайр аз ин малакаи коргарони ин корхонаҳо рӯз аз рӯз паст шуда истодааст.

Солҳои охир дар деҳоти ҷумҳурӣ бо ёрии донорҳои байналмиллалӣ ва ташкилоти хайриявӣ бисёр системаҳои обтаъминкунӣ сохта шудааст, ки тақдири онҳо номаълуманд ва баъзе аз онҳо аз кор бозмондаанд. Танҳо дар баъзе деҳаҳо барои ҳалли проблемаҳои мавҷудбуда роҳҳои идоракунии системаҳои обтаъминкуниро ҷорӣ кардаанд. Масалан, дар Кумитаҳои рушди баъзе деҳаҳо Кумитаҳои ҷамъиятии обистифодабарандагон, ки дар он фондҳои захиравӣ ва комиссияҳои тафтишотӣ амал мекунад, ташкил шудааст. Кумитаи рушди деҳа ҳаққи обистифодабариро муқаррар кардааст ва Кумитаҳои ҷамъиятии обистифодабарандагон ҳар моҳ маблағи ҷамъшударо ба фонди захиравӣ месупорад. Маблағҳои ҷамъшуда барои музди маоши як коргар (мутахассиси техникӣ) ва боқимондаи он барои ҳолатҳои фавқулодда (садамаҳо, вайрониҳо ва ғ.) истифода бурда мешавад. Комиссияи тафтишотӣ даврӣ ё ин ки бо дархости Кумитаи рушди деҳа фонди захиравиро тафтиш карда, натиҷаи онро ба Маҷлиси ҷамъиятӣ хабар медиҳад.

Вақте ки ҷамъиятҳо идораи низоми обтаъминкуниро ба зиммаи худ мегиранд, ҳокимиятҳо ин иқдомро меписанданд, лекин эътироф кардани онҳоро ҳамчун шарик дар обтаъминкунӣ ва ҷамъиятҳоро расмӣ кардан намехоҳанд. Дар сурати расмӣ будани ин ҷамъиятҳо метавонад барои кор бурдани онҳо такони ҷиддӣ диҳад (бастани шартномаҳо, гирифтани қарз ва ғ.) ва фаъъолияти худро мустақилона баранд.

Бо мақсади ҳалли проблемаҳои дар боло зикршуда бояд ки қонунгузории ҳозираро аз нав дида баромад ва инчунин малакаи коргаронро ба сатҳи баланд бардоштан лозим аст, ки он барои ҳалли роҳҳои баромадан аз ин вазъият мусоидат мекунад.

Мушоҳидаҳои Ташкилоти умумиҷаҳонии нигоҳдории тандурустӣ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки зиёда аз нисфи саломатӣ ва бардавомии умри инсон аз шароити зиндагӣ, аз панҷ як ҳиссааш аз ҳолати муҳити зист ва тақрибан 10 фоиз аз ҳолати обҳои нӯшокӣ вобастагӣ дорад.

Маҳз ба ҳамин мақсад Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар чаҳорчӯбаи Форуми 7-уми умумиҷаҳонии об ба ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббуси нави Тоҷикистонро иброз намуд, ки Даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори «Об барои рушди устувор» эълон шавад ва он василаи муҳими мусоидат ба татбиқи ҳадафҳои рушди устувори марбут ба об гардад.

Ҳамин тариқ Қатъномаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор» барои солҳои 2018-2028, ки СММ бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдаги миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул намудааст, ташаббус ва иқдоми бузурги башардӯстонае ба шумор меравад, ки дар амал татбиқ намудани он ба ҳаёти миллиардҳо сокинони сайёра беҳбудӣ ва хушбахтӣ меорад. Он эътибори Тоҷикистонро ҳамчун кишвари ташаббускори ин иқдом боло мебарад.

Барои муваффақона сурат гирифтани татбиқи даҳсолаи нав лозим аст, ки шарикию ҳамдигарфаҳмӣ дар ҳамаи сатҳҳо мустаҳкам гардад ва пеш аз ҳама масъалаҳои маблағгузорӣ, табодули таҷҳизоти муосир, таҷрибаи пешқадам дар соҳаи истифодаи об, ҳифзи захираҳои обӣ ва дигар масъалаҳои вобаста ба об дар рӯзномаи чорабиниҳои глобалӣ ва минтақавӣ ҷойи муносиби худро ёбанд.

Барои тақвият бахшидан ба ин раванд ва нигоҳ доштани сатҳу эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ Ҳукумати кишвар, сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла устодони кафедраи «Системаҳои муҳандисии биноҳо ва иншоот» низ мебояд бо ҳисси ифтихор ва масъулият ҷиҳати ҷалби бештар ва фарогири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба зарурати татбиқи ибтикороти глобалии Тоҷикистон саъю талош варзанд.

Дар татбиқи даҳсолаи нав шояд садҳо чорабиниҳои глобалӣ ва минтақавӣ баргузор гарданд. Мо боварӣ дорем, ки дар ин раванд Тоҷикистон ҳамчун ташаббускори ин даҳсола на танҳо дар ҳалли масъалаҳои обии минтақавӣ, балки дар мушкилоти глобалии он низ ҳиссагузорӣ ва пешсафии худро нишон хоҳад дод.

Б.Р. Боқиев – н.и.т., дотсент,

мудири кафедраи «Системаҳои

муҳандисии биноҳо ва иншоот».