Дар мизи мудаввар декани факултети «Нақлиёт» Давлатшоев Р.А., мудири кафедраи “ИНА” Юнусов М.Ю., муовини декан оид ба илм Ҳусейнов Ҳ.Б., омӯзгорони кафедраи «ИНА», донишҷӯёни курсҳои 2-юм ва 3-юми ихтисоси 440302 ва меҳмонҳо аз берун (Сафарзода Раҷаб Шариф – майори милитсия, муовини сардори шӯъбаи милитсияи экологии ВКД ҶТ, Назиров Файзулло – мутахассиси пешбари Раёсати нақлиёти рӯизаминии Вазорати нақлиёти ҶТ, Мамадорифов Мамадназар – Директори ПИТ “Нақлиёт”) иштирок намуданд.
Дар доираи иҷрои нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои тарбиявии кафедраи “Истифодабарии нақлиёти автомобилӣ” 3-юми майи соли 2018 дар факултети Нақлиёт мизи мудаввар бо иштироки устодону донишҷӯёни фаъол ва намояндаи Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ, Вазорати нақлиёти ҶТ ва ПИТ “Нақлиёт” бо мақсади пурзӯр намудани корҳои тарбиявӣ ва пешгирӣ намудани ҷинояткорӣ дар миёни донишҷӯён баргузор гардид. Нахуст сухани ифтитоҳиро декани факултет номзади илмҳои техникӣ, дотсент Давлатшоев Р.А. ҳусни оғоз бахшида, як-як меҳмонони ташрифнамударо хайрамақдам намуд. Сипас мақсади асосии вохӯриро ба донишҷӯён ва дигар иштирокчиёни ҷамъомад ёдоварӣ карда, суханро ба меҳмони ҷамъомад – муовини сардори шӯъбаи милитсияи экологии ВКД ҶТ, майори милитсия Сафарзода Раҷаб Шариф дод.
Сараввал майор Сафарзода Р.Ш. суханронии худро аз даврони таҳсил аз ин даргоҳи илму маърифат, яъне Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оғоз намуда, аз даврони таҳсили худ каме гуфта гузашт. Мавсуф ба донишҷӯён хотирнишон кард, ки Шумо яке аз нафарони хушбахт мебошед, ки дар чунин донишгоҳи бонуфузи кишвар таҳсил доред. Ӯ қайд кард, ки дар назди донишҷӯён масъулияти баланд гузошта шудааст то ба ғайр аз таҳсил дар мактаби олӣ бояд инчунин зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар хел гурӯҳҳои ифротгаро ҳамроҳ нашаванд. Бояд дар донишгоҳ сабақи бузурге гирифта, он донишҳои азбарнамудаи худро дар амал татбиқ намоянд. Ва ҳамаи донишҷӯёни азизро барои самимӣ таҳсил намудан даъват намуд. Ба устодон ва донишҷӯён барои пазироии самимӣ изҳори сипос кард.
Инчунин ӯ қайд кард, ки мо хурсанд аз он ҳастем, ки имрӯз ҷавонони мо дар ҷомеа бо рафтору кирдор ва донишу истеъдоди худ дар амалӣ гардидани барномаҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши сазовор доранд. Инчунин дар мусобиқаҳои байналмиллаӣ ширкат варзида, парчами кишвари азизамонро баланд бардошта, номи Тоҷикистонро ба ҷаҳониён муаррифӣ мекунанд ва ин боиси хушбатӣ мебошад.
Афсӯс, ки дар баробари ин ҳама дастовардҳои бузурги илму техника, тинҷиву оромии кишвар, шароити хуби таъсил нигоҳ накарда, бархе аз ҷавонони мо ба амалҳои бад даст зада, ҷиноятҳои мудҳишро ба миён меоранд. Худи ҳамин сол дар давоми 3 моҳи сипаришуда зиёда аз ҳазор нафар ҷавонон барои содир намудани ҷиноят дастгир карда шуданд, ки ин боиси ташвиш мебошад. Хусусан аз ин шумора 140 нафарашонро донишҷӯёни макотиби олӣ ва касбии кишвар содир намудаанд. Ман бисёр мутаассиф аз он мебошам, ки сатҳи ҷинояткорӣ нисбат ба дигар донишгоҳҳои кишвар дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон зиёдтар ба чашм расида истодааст.
Мутаассифона бисёре аз ҷавонон бо сабаби бемасъулиятии падарону модарон ба ҷинояту ҷинояткорӣ даст мезананд. Яке аз проблемаҳое, ки мо кормандони БДА-ро ба ташвиш овардааст, ба ноболиғон барои рондани автомашина аз тарафи волидон иҷозат додан мебошад. Дар 3 моҳи соли ҷорӣ бо айби донишҷӯён 3 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷа як нафар ҳалок гардидааст.
Нуралиев Б. – муаллими калони кафедра иброз дошт, ки чуноне ба Шумо маълум мебошад, вақтҳои охир вазъ дар кишвари Сурия ноором аст. Баъзе аз иғвогарон аз тарафи ҳизбу гурӯҳҳои ҷудоихоҳи дохилию берунӣ ҷавононро ба ин корҳои бад ҳамроҳ намуда, ошӯбҳоро барпо намуданианд. Аз ин рӯ, аз ҳамаи Шумо – донишҷӯён хоҳиш намуданиам, ки дар ин гуна ҳолатҳо ҳушёрии сиёсии худро аз даст надода, аз ин гуна амалҳои зишт дур бошед. Дар ҳолати муайян намудаи шубҳаи андаке ҳам бошад, ба телефонҳои боварии ВКД 221-21-21, телефони навбатдории РБДА ВКД ҶТ 236-05-35 дар тамос шавед.
Юнусов М.Ю. низ гуфт, ки ҳақиқатан имрӯзҳо мо шоҳиди он гашта истодаем, ки гурӯҳҳои бадхоҳ дар шабакаҳои иҷтимоӣ, интернет ва ғайраҳо миёни ҷавонон ошӯбҳо барангехта истодаанд. Аз ин рӯ чун гуфтаи Нуралиев Б. дар ин вазъият бояд хушёрии сиёсиатонро аз даст надода, ба ин гуна иғвоҳо фирефта нашавед.
Сипас риштаи сухан ба мутахассиси пешбари Раёсати нақлиёти рӯйизаминии Вазорати нақлиёти ҶТ Назиров Файзулло дода шуд. Мавсуф ҳозиринро ёдрасон намуд, ки яке аз масъалаҳои мубрами рӯз нарасидани оби нӯшокӣ дар бисёр кишварҳои ҷаҳон мебошад. Чӣ тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми аввалин маротиба эълон намудани Даҳсолаи байналмиллалии амал “Об барои рушди устувор” қайд намуданд, дар шароити имрӯза қариб як миллиард сокини сайёра аз нарасидани оби тоза танқисӣ мекашанд, 2,6 миллиард нафар дар шароити ғайрисанитарӣ зиндагӣ мекунанд, дар бештар аз 80 мамлакат барои таъмини аҳолӣ об намерасад, ҳар ҳафта дар миқёси ҷаҳон дар натиҷаи бемориҳои вобаста ба сифати бади об ва шароити ғайрисанитарӣ 42 ҳазор нафар вафот мекунад, дар бештар аз 90 фоизи воқеаҳои ногувори вобаста ба об сухан дар бораи кӯдакони то 5-сола меравад. Аз ин лиҳоз, ҳар як шаҳрванди кишварамон, инчунин Шумо донишҷӯён низ барои сарфакорона истифода намудани ҳар як қатраи оби нӯшокӣ бояд талош варзед.
Директори ПИТ “Нақлиёт” Мамадорифов Мамадназар ҳозиринро барои фаъолона иштирок намудан дар амалисозии барномаи стратегияҳои давлатӣ марбут ба таълиму тарбия ва илму фарҳанг даъват намуд. Ӯ дар баромадаш қайд намуд, ки дар даҳсолаи охир он барномаи стратегияҳое, ки зикр гардиданд, тамоми ҷабҳаҳои рушди устувори кишварро дар бар гирифтаанд ва бояд тазаккур дод, ки таҳияи нақшаи чорабиниҳо барои амалисозии бандҳои марбутаи онҳо ва иҷрои онҳо дар баланд бардоштани сатҳу сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои таълимӣ низ мусоидат хоҳанд кард.
Дар рафти ҷамъомад фазои озод барои суолу ҷавоб фароҳам оварда шуда буд, ки донишҷӯён саволҳои худро мустақиман ба кормандони Раёсати Бозрасии Давлатии Автомобилии ВКД ҶТ, Вазорати нақлиёти ҶТ ва ПИТ “Нақлиёт” пешниҳод намуданд.
Дар фарҷоми ҷамъомад декани факултет ба ҳамаи меҳмонони гиромӣ аз номи Раёсати донишгоҳ, факултет ва донишҷӯён изҳори сипос намуд.
Мизи мудаввар барои иштирокчиён фоиданок буд ва имконият барои боз ҳам мустаҳкам намудани робитаи байни мутахассисони оянда ва соҳаи фаъолият бештар гардид.
Ҳусейнов Ҳ.Б. – муовини декани факултети Нақлиёт оид ба илм