Раёсати Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, ташкилоти ҷамъиятӣ ва деканати факултетҳои «Энергетикӣ», «Сохтмон ва меъморӣ» ва «Технологияҳои инноватсионӣ» ба муносибати ҳимояи бомуваффақияти рисолаи номзадӣ ассистенти кафедраи “Электротаъминкунӣ” — Ҷамолзода Беҳрӯзи Саъдонхӯҷаро дар мавзӯи «Физико-химические и технологические основы использования антрацита месторождения Назарайлок для производства катодных блоков алюминиевых электролизеров» аз рӯйи ихтисоси 05.02.01 – Материаловедение (в металлургии), муаллими калони кафедраи “Системаҳои муҳандисии бино ва иншоотҳо” — Хуҷаев Парвиз Сайғуфроновичро дар мавзӯи «Повышение энергоэффективности твердотопливных водогрейных котлов малой мощности установкой подвижной колосниковой решетки» аз рӯйи ихтисоси 05.23.03 — Теплоснабжение, вентиляция, кондиционирование воздуха, газоснабжение и освещение ва муаллими калони кафедраи “Химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ” — Рузматова Гульноз Камоловнаро дар мавзӯи «Получение и термодинамические характеристики гидрофторидов соединений s-элементов» аз рӯйи ихтисоси 02.00.01-неорганическая химия муборакбод менамоянд.

Ҳимояҳо рӯзи 2-юми майи соли 2018 дар Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-016-и назди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ва Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-007-и назди Донишкадаи химияи ба номи В.И. Никитини АИ Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Боиси қайд аст, ки ҳоло олимони ҷавони донишгоҳ дар омода ва ҳимояи рисолаҳои илмии худ хеле фаъол гардидаанд ва ин падидаи нек аз ҷониби роҳбарияти донишгоҳ ҳамаҷониба дастгирӣ меёбад. Бо умедвории пешрафти корҳои эҷодии олимони ҷавон ба онҳо барори кору муваффақиятҳои зиёд орзумандем.

Раёсат ва ташкилоти ҷамъиятии донишгоҳ.

Маркази иттилоот ва нашр.