Дар толори маҷлисгоҳи асосии ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба 9-уми Май – Рӯзи Ғалаба ҷаласаи бошукуҳ баргузор гардид. Дар ин ҷамъомад Раиси ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқаҳор, иҷрокунандаи вазифаи сафири Ҷумҳурии Белорус Иванов О.Н., ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, устодон, донишҷӯён ва кормандони донишгоҳ ши ркат намуданд.
Дар ибтидо Одиназода Ҳ.О. Ректори ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ бахшида ба 9-уми май – Рӯзи Ғалаба ҳамагонро таҳният гуфт. Ӯ қайд намуд, ки дар таърихи инсоният санаҳое ҳастанд, ки бо гузашти солҳо аҳамият ва бузургии онҳо боз ҳам аён мегарданд. Рӯзи Ғалаба ҳам дар радифи ҳамин гуна санаҳои муҳим қарор дорад. Он барои тамоми инсоният, аз ҷумла мо, тоҷикистониён, низ азиз ва гиромӣ аст. Рӯзи Ғалаба рамзи ватандӯстӣ, фидокорӣ, иттиҳод ва руҳи шикастнопазири халқҳои мост.
Пас аз он Раиси ҲХДТ дар ноҳияи Шоҳмансур Гулаҳмадзода Зулфиқаҳор ва иҷрокунандаи вазифаи сафири Ҷумҳурии Белорус Иванов О.Н. иштирокдоронро бо Рӯзи Ғалаба муборакбод намуданд.
Дар охир ба ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ тӯҳфаҳои хотиравӣ ва маблағҳои пӯлӣ супорида шуд.
Сипас баҳри болидагии меҳмонон барномаи фарҳангии дастаи “Муҳандиси ҷавон”-и донишгоҳ пешкаши ҳозирин гардид.
Акрамов С.С. — мудири шӯъбаи кор бо ҷавонон.
Маркази иттилоот ва нашр.