Дар вазъияти кунунӣ густариши босуръати равандҳои ҷаҳонишавии дар дунё баамалоянда боиси сар задани як қатор хатарҳои ҷиддӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, аз қабили бӯҳрони экологӣ, шиддат гирифтани низоъҳои этникӣ, проблемаҳои ифротгароӣ ва тундгароӣ мегардад. Яке аз падидаҳои нохуш ва хатарнок дар шароити имрӯза масъалаи ифротгароӣ буда, давраи инкишоф ва таҳрик ёфтани он бо пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ тавъам аст. Пас аз пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ болоравии андешаҳои динӣ оғоз гардида, тадриҷан ба сиёсишавӣ ва таъсис ёфтани бархе аз ҳаракатҳо, ҳизбҳо ва гурӯҳҳои тундгарои динӣ, ба монанди “Ихвон-ул-муслимин”, “Ҷамоати Ансоруллоҳ”, “Ҳизби Таҳрир”, “Салафия”, ки ҳар кадоми онҳо нақшаҳо ва ғаразҳои барои арзишҳои миллию давлатӣ ва минтақавии кишварҳои Осиёи Марказӣ комилан бегона ва мухолифро думболагирӣ мекарданд, сабабгор шуданд. Зери таъсири сиёсати “бозсозӣ” ва демократикунонӣ дар ҷомеа бозандешии арзишҳои миллӣ ва эътиқодӣ дар байни пайравони ҳамаи динҳои амалкунандаи ҷумҳуриҳои шӯравии собиқ ривоҷи бесобиқа пайдо кард. Дар натиҷа ин зуҳурот боиси террроризм ва ифротгароии динӣ дар байни пайравони дину мазҳабҳои гуногун гардида, дар айни замон барои ҳар як кишвари миллӣ дар роҳи таҳкими истиқлолияти давлатӣ аз тариқи ташаккули худшиносии миллӣ мушкилот эҷод менамояд.
Маҳз ифротгароӣ хоси он қувваҳои тундрав ва иртиҷоӣ мебошад, ки вазъи ҳаёти сиёсию ҷамъиятиро дар ҳар як кишвар ноором карда, барои ба даст овардани ҳадафҳои сиёсии худ раванди осоиштаи ташаккул ва инкишофи ниҳодҳои демократии кишварҳои соҳибистиқлолро халалдор сохта, онҳоро ба вартаи буҳронҳои гуногуни сиёсию иҷтимоӣ оварда мерасонад.
Ифротгароӣ изҳори фаъолияти ифротии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ буда, ба даъвати нооромӣ, дигаргунии сохти конститутсионӣ дар давлат, ғасби ҳокимият ва тасарруфи салоҳияти он, ангезонидани нажодпарастӣ, миллатгароӣ, бадбинии иҷтимоӣ, мазҳабӣ мебошад. Ифротгароӣ дар шароити ҳозира бо назардошти дигаргуниҳои баамалояндаи глобалӣ ва минтақавӣ зуҳуроти қатъии сиёсат ва идеология дар ҷомеа ва давлат мебошад. Он дар сатҳи шахсият зуҳури ғояҳо, дар сатҳи ҳокимияти давлатӣ зуҳури сиёсат ва дар сатҳи ҷомеа зуҳури идеологӣ аст. Тӯли даҳсолаҳои охир чунин ҷараёнҳои ифротгароӣ, ки бо равияҳои динӣ алоқаманданд, беш аз пеш паҳн мегарданд. Воқеаҳои ҷаҳон нишон медиҳанд, ки дар марҳалаи ҳозира хавфи бештареро на ифротгароии оддӣ, балки ифротгароии динӣ ба вуҷуд меорад. Вай аз дигар шаклҳои ифротгароӣ бо он фарқ мекунад, ки ба дигаргунсозии зӯроваронаи сохти давлатӣ ва ғасби ҳокимият, халалдор сохтани соҳибихтиёрӣ ва тамомияти арзии давлат нигаронида шуда, дар ин маврид таълимот ва рамзҳои диниро чун омили муҳими ҷалбсозии одамон истифода мекунад ва онҳоро ба муборизаи оштинопазир сафарбар менамояд.
Ташакулдиҳандагони асосии ифротгароии динӣ шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои сиёсие мебошанд, ки зери ниқоби ислом баромад намуда, баҳри амалӣ кардани ниятҳои нопоки худ мафкураи ҷавононро дар роҳи ифротгароию хурофотпарастӣ, бадахлоқию ҷинояткорӣ ва дигар амалҳои зишту харобкорона заҳролуд намуда, ғояҳои дини мубини исломро аз нигоҳи худ шарҳ медиҳанд. Дар фаъолияти худ ин гурӯҳҳои ифротӣ ба муқобили ҳама гуна озодиҳои фардӣ, ҷаҳонбинӣ ва таҳаммулпазирӣ дар миёни мусулмонон зуҳур карда, танҳо андешаҳои динии худро ҳақиқат мешуморанд.
Таърихи ҷаҳонии садсолаҳои охир ба ақидаи ҷонибдорони ифротгарои динӣ чун ғалабаи қувваҳои бадӣ ва «фаноёбии дунё» аст, ки зери ин мафҳумҳо беэътиқодӣ ва ахлоқан вайроншавии ҷомеа (барои насрониёни ғарбӣ), ғалабаи идеологияи зиддисемитӣ (барои яҳудиён), ғасби сиёсӣ-иқтисодии Ғарб (барои мусулмонон) фаҳмида мешавад. Сабаб дар он аст, ки дин таъсиррасонии муайяни худро ба ҷомеа аз даст дода, ба фишори гуманизми ғайридинӣ ҷой холӣ кардааст. Дар ин ҳолат ифротгароиҳои динӣ худро ашхоси аз ҷониби халқ интихобшудае меҳисобанд, ки даъват шудаанд, ғалабаи Худовандро дар таърих таъмин намоянд (милленаризми насронӣ, мессианизми иудейӣ, даъвоҳои мусулмонон ба моҳияти универсалии дин ва тарзи ҳаёти худ).
Махсусияти ифротгароии динӣ аз он иборат аст, ки вай аз бозгашт ба анъанот дар шакли пешина ва усули таърихан пасисаргаштаи ҳукмронии дин дар ҳаёти ҷомеа даъват ба амал оварда, ҳамзамон лоиҳаи муосири бунёди «тартиботи нави ҷаҳонист», ки ба рад кардани принсипҳои инсондӯстӣ, демократия ва барқарор сохтани идеологияи тоталитарии динӣ бо истифодаи васоити техникии тамаддуни имрӯза асос ёфтааст. Аммо дар шароити ҷаҳонишавӣ чунин равандҳо махсусан хавфноканд, зеро ифротгароии динӣ ба раванди табиии муошират, муносибати байниҳамдигарӣ ва ғановатмандии одамон, фарҳангҳо ва эътиқодмандиҳои гуногун назарияи канораҷӯӣ ва одамбадбиниро муқобил мегузорад. Ифротгароии ҳозираи исломӣ (масалан, дар шакли ваҳҳобизм) ҳадафи бунёди давлатеро пеш гузоштааст, ки байни мамлакатҳои мусулмонӣ сарҳадро намепазирад. Дар мамлакатҳои мусулмонӣ ваҳҳобизм дар айни замон хеле паҳн гаштааст. Ин ҳаракати ҳарбикунонидашудаи динӣ-сиёсӣ дар Арабистон дар миёнаи асри XVIII дар асоси таълимоти Муҳаммад ибни Абдулваҳҳоб пайдо шуда, баъдан идеологияи аввалин давлати Саудиҳо гардидааст. Дар асри XVIII идеяҳои салафиҳоро ваҳобиҳо ва дар асри XX бошад, идеяи салафиҳоро ҳаракати “Ихвон-ул-муслимин» чун асос барои худ қабул кардаанд. Ҳоло ин идеалогияи ифротиро ташкилоти террористии байналмилалӣ бо номи “Давлати исломӣ”қабул кардааст.
Салафия хусусиятҳои ба худ хоси фаҳмиши исломро дорост, ки аз матлабҳои зерин иборат аст;
-кӯшиши ба куллӣ якранг сохтани тарзи ҳаёти тамоми мусалмонон;
-таҳаммулнопазирии ақидаҳои мухолиф бо таълимоти он, истифодаи зӯрӣ дар муқобили мухолифон;
-дар мадди аввал гузоштани ҷиҳод, ки он ҳамчун мубориза бо тамоми чизе, ки хилофи муқаррароти салафӣ аст, таъбир карда мешавад;
-кӯшиши маҳв намудани низомҳои идеологияи дигар, идеологияи ҳукумрон шудан дар саросари ҷаҳони ислом;
-тақсим намудани ҷомеа ба мусалмонон ва кофирон, ба ҳам муқобилгузории мусалмонон.
Ҳаракати ваҳҳобия баъди ҷанги дуюми ҷаҳонӣ бо болоравии нерӯи иқтисодии Арабистони Саудӣ, Аморат ва Қувайт васеъ паҳн шуд. Барои паҳн кардани ғояҳои ин таълимот масҷидҳо, марказҳои ВАО бунёд гардида, ба онҳое, ки шомили ин ҳаракат мегарданд, кӯмакҳои моддӣ расонида мешавад, дастаҳои махсуси ҳарбиён, шабакаи агентурӣ (ҷосусӣ) ташкил меёбанд. Ҷонибдорони ваҳҳобизм барои расидан ба ҳадафҳои худ кӯшиш мекунанд, ки бо роҳи авомфиребӣ, ташкили бетартибиҳо, амалҳои итоат накардани шаҳрвандон сохторҳои мавҷудаи ҷамъиятиро ноором созанд ва вайрон кунанд. Дар ин маврид усулҳои зӯроварӣ – амалҳои террористӣ, ҷанги партизанӣ ва ғайра истифода гардида, амалан ҳама гуна гуфтушунидҳо, созишномаҳо, мусолиҳаҳои ба гузашти тарафайн асосёбанда рад карда мешавад. Ба ин тариқ, экстремизми динӣ дар ҳамбастагӣ бо терроризм чун далели садоқатмандӣ ба ғоя омодагиро ба ҷоннисорӣ дар ин роҳ дар назар дорад, вале куштори одамони комилан бегуноҳро бо роҳи паҳн кардани бактерияҳои ботулизм ё тоуни сибирӣ, ба амал овардани таркишҳо дар нақлиёти ҷамъиятӣ ва ғайра амали қаҳрамонӣ номидан басо душвор аст.
Сарфи назар кардан нашояд, ки дар давраи ҷаҳонишавӣ экстремизми асоси динӣ дошта метавонад аз тактикаи терроризми иттилоотӣ ва ҷангҳои кибернетикӣ низ истифода намояд. Бо ифротгароии динӣ бояд ҳам ҷомеа ва ҳам давлатҳо муборизаи муштарак баранд. Усулҳои мубориза метавонанд гуногун бошанд. Давлатҳо, пеш аз ҳама, бояд шароитҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсии ба пайдошавии ифротгароӣ мусоидаткунандаро барҳам дода, фаъолияти зиддиқонунии ифротгароёнро ҷилавгирӣ намоянд, ҷомеа бошад, бо ёрии иттиҳодияҳои ҷамъиятию динӣ, ВАО ва ғайра ба ғояҳои ифротгароӣ ғояҳои инсондӯстӣ ва принсипҳои таҳаммулпазирӣ, сулҳу ризоияти шаҳрвандиро муқобил гузошта, зидди ифротгароии динӣ амал кунанд.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мубориза ба муқобили терроризм фаъолона ширкат намуда, дар ин самт бо дигар кишварҳои минтақаю ҷаҳон ҳамкорӣ менамояд. Аз ҷумла Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз минбари СММ ва дигар ташкилоти бонуфузи минтақавию байналмилалӣ чандин маротиба суханронӣ намуда, таъкид мекарданд, ки Тоҷикистон ва тоҷикистониён дар ҳама давру замони давлатдориашон зидди зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ буданд ва ҳастанд ва ҷомеаи ҷаҳониро ба ҳамкорию муборизаи муташаккилона ба муқобили терроризм ва ифротгароӣ даъват менамояд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон асоси ҳуқуқии мубориза бар зидди экстремизмро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонун «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)», Кодекси ҷиноятӣ, дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои байналмилалӣ-ҳуқуқии аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон эътирофшуда ташкил медиҳанд. Моҳи декабри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифротгароӣ)» қабул карда шуд, ки мақсади он пеш аз ҳама риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, асосҳои сохти конститутсионӣ, таъмини тамомияти арзӣ ва амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Халқи Тоҷикистон ифротгароии диниро қабул карда наметавонад ва ин фикри халқ ба таври қонунӣ дар Конститутсия таҳким бахшида шудааст. Ин чунин маъно дорад, ки Тоҷикистон аз чунин шакли радикализми давлатӣ чун атеизм халос хӯрда, шакли дигари радикализм – режими сиёсии диниро қабул карданӣ нест.
Фикри халқ дар моддаи 100-и Конститутсия низ ки ин ҷо сухан дар бораи имконнопазирии дигаргунсозии шакли сохти давлатии мамлакат меравад, таҳким бахшида шудааст. Анъанаҳои халқи тоҷик, фарҳангу адабиёти ҳазорсолаи он дар алоқамандии зич бо анъанаҳои исломӣ инкишоф ёфтаанд. Ҷумҳурии Тоҷикистон чун мамлакате, ки беш аз 90% аҳолиаш мусулмон аст, ҳаргиз ба асосҳо ва анъанаҳои ислом беҳурматӣ зоҳир намекунад. Аммо маърифати исломии шаҳрвандон бояд пеш аз ҳама ба рушди худшиносӣ, эҳсоси ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва эҳтиром ба ҳуқуқҳои инсон нигаронида шавад. Ҳамзамон бояд таъкид намуд, ки миллати тоҷик дорои дину фарҳанг ва пешвоёни поктинату соҳибмазҳаб буда, ба ягон ҳизб ва фарҳангу мазҳабҳои бегона эҳтиёҷ надорад. Бинобар ин моро зарур мебошад, ки танҳо итоат ва тақлид намудан ба амру ҳидоятҳое, ки аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пайравӣ намудан ба роҳу равиш ва таълимоти мазҳаби ҳанафӣ ва иҷтиноб варзидан аз ҳар гуна равияҳои ифротӣ дода мешавад, пайравӣ намоем.
Шуҳрат Ҳусейнов, Илҳом Қурбоншоев — омӯзгорони кафедраи фанҳои ҷомеашиносӣ