Хиёнаткорӣ дар ҳама давру замон яке аз падидаҳои манфури ҷомеа ба ҳисоб меравад. Хиёнаткорӣ таърихи бениҳоят тӯлонӣ дорад. Ҳамин аст, ки барои хиёнат аз замонҳои пешин то ба имрӯз дар бархе аз давлатҳо ҳукми қатл таъйин карда мешавад. Роҷеъ ба хиёнаткорӣ дар маъхазҳои таърихӣ фикру мулоҳизаҳои мухталиф баён гардидааст. Файласуфи машҳури Чин Конфутсий ҷиҳати ба низом даровардани ҷомеа андешаҳои пурарзише изҳор намудааст. Ба ақидаи ӯ барои ислоҳи давлат ва суботи он бояд пеш аз ҳама шахси якуми мамлакат (шоҳаншоҳ, шоҳ, амир) шахси шоиста бошад. Ӯ хоин-шахсеро ҳукм намудааст, ки одамони бофазилату хирадмандро аз мансаби давлатӣ дур карда, шахсони бедонишу тиҳимағзро ба вазифаҳои давлатӣ пешбарӣ намудааст. Таълимоти тамоми динҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла дини муқаддаси Ислом хиёнат ба Ватанро гуноҳи азим медонанд. Дар ҳадисҳои набавӣ хиёнат кардан ҳамчун амали тобиши ғайриахлоқидошта маънидод шуда, Худованду пайғамбарамон онро наҳй кардаанд. Бадбахтона, дар Тоҷикистони азизи мо низ аз солҳои 90-уми асри гузашта сар карда, бо пуштибонии режими кунунии Эрон созмони ТЭТ собиқ ҲНИТ бо мақсадҳои нопоку риёкорона ва ҷинояткорона ба саҳнаи сиёсат омад. Ин созмон фазои орому осоиштаи Ватанро ба хоку хун оғӯшта кард. Бо роҳи низоъандозӣ оташи ҷанги шаҳрвандиро афрӯхта, садҳо ҳазорро бадбахту хонавайрон кард. Дертар мардум фаҳмид, ки дар бисёр амалҳои хунхоронаи солҳои 90-ум аъзои ТЭТ собиқ ҲНИТ даст доранд. Дар идома низ маълум шуд, ки ширкати баъзе ҷавонони ноогоҳ дар муноқишаҳои мусаллаҳонаи Сурия маҳз бо тарғиб ва ташвиқи ҳамин хоинони ҷинояткор сурат гирифтааст. Агарчи фаъолияташон бо қарори Суди Олии кишвар манъ шудааст, аз беруни кишвар бо ҳар роҳу восита мехоҳанд, ба оромиву суботи кишвар халал ворид созанд. Дар ин роҳ онҳо аз ягон амали ҷинояткорона даст намекашанд. Аммо онҳо дар хотир дошта бошанд, ки мардуми шарифи Тоҷикистон дигар фирефтаи ақидаҳои тундгароёна нахоҳанд шуд. Барои мардуми тоҷик оромиву суботи кишвар, манфиатҳои давлату миллат арзишҳои ивазнашавандаанд. Мушкилоти аслӣ он аст, ки доираи хатари ин гуна зуҳуроти сангини давр рӯз аз рӯз васеъ гардида, доираи фаъолияти чунин гурӯҳҳо сатҳи ҷаҳонро фаро гирифта истодааст. Барои мисол, гурӯҳи террористии ба ном Давлати исломӣ аз рӯйи маълумоти “РИА Новости” зиёда аз 200 ҳазор нафар аъзо дошта, намояндагони он қариб дар аксари кишварҳои олам фаъолияти пинҳонкорона мебаранд. Вале аксари аъзои он дар кишварҳои исломӣ, мисли Сурия ва Ироқ барои ба даст овардани ҳокимият мубориза бурда, ба куштору ваҳшоният даст мезананд. Айни замон бошад, онҳо аз Сурияву Ироқ ба Афғонистон интиқол дода шудаанд, ки бо Тоҷикистон ҳамсарҳад аст. ТЭТ собиқ ҲНИТ низ талош дорад, дигарбора бо пуштибонии охундҳои мутаассиби Эрон, ки бадхоҳони аслии тамаддуни ориёнажодон ва душманони дӯстии халқҳои Тоҷикистону Эрон мебошанд, дигарбора мехоҳанд суботу оромии Ватани биҳиштосои моро барҳам зананд. Таъкид бояд, кард, ки баъди барҳам хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳолати карахтии сиёсӣ-идеологиро пушти сар мекард, гурӯҳҳои  мухталиф бо истифода аз халои фикрию сиёсӣ ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ бо дастгирии манфиатҳои гурӯҳии худ қувва ва маблағҳои зиёдеро барои ба ҷониби худ ҷалб намудани неруҳои нав аз ҳисоби насли ҷавон сафарбар намуданд.

Салафиён низ муборизаи худро дар солҳои 90-уми садаи гузашта дар Тоҷикистон ба ҳамин мақсад оғоз намуданд. Бояд фаромӯш насозем, ки як қисми масъулону аъзоёни ниҳоят мутаассиб ва ифротии ташкилоти террористӣ-экстремистии собиқ ҲНИТ маҳз салафиҳо буданд, ки бо амалҳои тахрибкоронаашон сабабгори сар задани ҷанги дохилии Тоҷикистон гардида буданд.

Ҳамин тариқ, чунин рафтори ноҷавонмардонаи як идда нотиқони собиқ ҲНИТ воқеан ба дини мубини ислом вайронӣ ва ба ҷомеаи тоҷик хавфу хатар меоварданд. Масалан, ба монанди ҷонибдорони ин гурӯҳи сиёҳкор Ҳоҷӣ Ҳалиму Баҳром Раҳмонов солҳои охир ҷомеаи орому дунявии кишварамонро аъзои дигари он Муҳиддин Кабирию ҳаммаслаконаш бо дастгирии хоҷаҳои хориҷии хеш (Эрон) хоҳиши такрор намудани таърихи нобасомониҳои сиёсии гузаштаро пеша намуда буданд. Аммо мо, мардуми тоҷик дурандешу фарҳангдӯстдор мебошем. Хусусан мардуме, ки ба мо наздикии фарҳангиву забонӣ доранд, ба хотири таърихи гузаштаашон эҳтиром менамоем. Аммо мегӯянд, ки дӯсти ҳақиқӣ дар рӯзи вазнинат маълум мегардад, рост будааст. Дар солҳои вазнини ҷанги шаҳрвандӣ Эрон ба нигоҳ доштани пешвоёни гурӯҳи мухолифини ҳукумати қонунии Тоҷикистон дар хоки хеш мусоидат менамуд. Мо халқи сулҳпарвар сиёсати Эронро ҳамчун як амали хайре, ки баҳри баҳамоии тоҷикон содиршаванда гумон менамудем. Аммо вақт шоҳиди беҳтарин буда, бо дарки зарурат чунин нафарон, ба монанди Баҳром Раҳмонов, Ҳоҷӣ Ҳалим, Муҳиддин Кабирӣ ва саркардагони дигари ҳизби ифротии собиқ ҲНИТ бо амали ғаразноки пинҳонию сиёсиашон, хусусан, бо дастгирии неруҳои хориҷӣ хоҳиши ҷомеаи ороми моро номуътадил намуданро доштаанд. Дар ин раванд мо боз дастгирии кишвари Эронро дар пуштибонии пинҳонии ин хоинони миллат мушоҳида намуда, ҳамчун як кишавари ғаразноки сиёсӣ қабул дорем. Пас аз ин муносибатҳо аён мегардад, ки Эрон дар гузашта дар ҷанги дохилии тоҷикон низ даст дошта, на ҷонибдори ваҳдати комили тоҷикон буда, балки хоҳиши Тоҷикистонро бо дасти саркардаи дигари ин гурӯҳи мухолиф Муҳиддин Кабирӣ вайрон намуданро пайгирӣ менамудааст, аммо муваффақ нагардид.

Албатта инро Кабирӣ аллакай дарк намудааст, ки наҳзатиҳо ва ҳамсафонашон бо чунин нияту арзишҳои ғализе, ки доранд, на танҳо ба мардуми Тоҷикистон, балки барои кулли ҷомеаи дунявӣ нолозим мебошанд. Хуб мешуд, ки Кабирӣ аз даъвоҳои беасоси сиёсие, ки дар хориҷа мебарад, даст кашида, ба мардуми олам бегуноҳ нишон додани худро анҷом диҳад. Мо боварӣ дорем, ки мардуми дунё кӣ будану ба чӣ кор машғул будани собиқ ҲНИТ ва ҷонибдоронашро хуб медонанд.

Аз расонаҳои хабарӣ маълум гардид, ки дигар барои мардуми ҷаҳон ва алалхусус мардуми кишварҳои аврупо на наҳзатиёни террорист зарур асту на мушкилоти сиёсиашон. Кас дар ҳайрат мемонад, ки бо кадом ақлу фаросат ҷонибдорони исломи иртиҷоӣ мехоҳанд, ки мардуми Аврупо онҳоро дастгирӣ кунанд? Ин мардуми ҷоҳили ифротӣ магар идроки онро надоранд, ки аврупоиён аз шумо ва арзишҳои мазҳабиатон дар гурезанд. То кай ба умеди созмонҳои аврупоии ҳуқуқи башар шуда, мардуми ҷаҳонро мефиребед?

Ба ин маънӣ бузургон гуфтаанд, ки ҳар кӣ шуд аз миллати худ ҷудо, бенаво шуд гар чӣ дорад сад наво. Кабирӣ инро бинад, ки он як бенавои барҷомонда аст. Ҳақ бар ҷониби ҳамаи онҳоест, ки хоинии Кабирӣ ва ҳамсафонашро зуд дарк намудаанд. Чӣ хеле ки гуфтаанд: «Он чӣ ки аён аст, ҳоҷат ба баён нест», террористу ифротгаро будани Кабирӣ ва ҳаммаслакони ӯ ба ҳама маълум аст. Созмонҳои байналмиллалӣ ва ташкилоти ҷаҳонӣ ин чеҳраҳоро хуб мешиносанд ва ҳеҷ гоҳ ақидаҳои террористиву ғайриинсонии ин ватанфурӯшонро тарафдорӣ нахоҳанд кард. Муҳиддин Кабириро имрӯз на фақат мардуми тоҷик, балки тамоми ҷаҳон ҳамчун роҳбари як ташкилоти террористии тафриқаандоз шинохтаанд. Ӯ то ба ҳол мехоҳад, ки аз ниқоб истифода карда, худро ҳамчун як шахси комил нишон диҳад. Афсӯс, ниқоб дигар чеҳраи аслии ифлосашро пӯшонида наметавонад. Миллати тоҷик ҳеҷ гоҳ амали манфии онро фаромӯш нахоҳад кард.

Итминони комил дорем, қисме аз онҳо сазовори ҷазою бозпурсӣ дар назди қонунро дошта, қисмати дигари онҳо фардо рӯзи қиёмат ба ин ҳама хатоҳои хеш ҷавоб хоҳанд гуфт! Хулоса, аз таърихи сиёсии ин ҳама амалиёти гурӯҳи мухолифи собиқ ҲНИТ ҳар як фарди комили кишвар шоҳиди воқеӣ шуда метавонад, ки эшон бо роҳи истифода бурдани яроқ ва фиреби мардуми гумроҳ табаддулоти сиёсӣ карда, кишвари ободу ватани зебои моро дубора хоҳиши ба майдони ҷанг табдил додану бо хоҷаҳои хориҷии хеш тақсиму валангор намуданро мехоҳанд.

Аммо боварии кас намеояд, ки баъди гузашти чандинсолаи ваҳдати комил дар кишвар баъзе аз нафарони собиқ ҲНИТ ҳанӯз аз нафси ҳайвонии хеш сер нагашта, аз пайи вайронкории ин ватани ободамон мебошанд. Ҳанӯз чунин ҷонибдорӣ ва ҳадафгузориҳо барои ислом дар Тоҷикистон низ вақтҳои охир фаъол гардида буданд. Ҳол он ки ҳеҷ арзиши исломии шаҳрвандон поймол нагардида, муқаррароти динии худро озодона ва бидуни нигаронӣ анҷом медиҳанд. Аммо боз гурӯҳҳое мавҷуд буданд, ки аз ислом ва арзишҳои исломӣ ба хотири ҳадафҳои ғаразнокашон истифода намоянд. Масалан, хиёнати нангини Ҳоҷӣ Ҳалим, ки бо супоришу дастури роҳбарони ҳизби террористиву экстремистии фаъолияташ манъшудаи собиқ ҲНИТ содир шуда буд, метавонист оғози амалигардонии чунин ҳадафҳои даҳшатнок дар кишвар маҳсуб ёбад.

Аммо ин гурӯҳу равияҳои тундгарои собиқ ҲНИТ мутмаин бошанд, ки давлати муосири Тоҷикистон дорои амнияти мутамарказ ва сарвари оқилу дурандеш буда, тамоми имкониятро баҳри такрор нагаштани таърихи сиёсии солҳои 90-уми асри гузашта, заминаи бузурги амниятию ҳарбии хешро мустаҳкам намудааст. Зеро сулҳи бадастомада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарини миллати тоҷик ва иродаи неки мардуми шарифи тоҷик мебошад. Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон буда, дар натиҷаи муттаҳидии мардуми кишвар ва фарзандони содиқи халқамон бо дастгирии давлатҳои ба мо дӯст муяссар гардидааст. Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас – Ваҳдати миллиро пос нигоҳ дошта, ба қадри он расем. Насли ояндаи кишварро ватандӯсту ватанпарвар тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифзу эҳтиёт намоянд.

Ҳамин тариқ, мо ҳамчун як фарди ватандӯсти ин миллат ба тамоми шаҳрвандон, ҷавонон ва фарзандони ин миллати содиқ тавсия медиҳем, ки ба қадри тамоми муқаддасоти кишвар – истиқлолият, ваҳдат, ягонагӣ ва субот расида, онро аз сиёҳкорони ин равияи ифротии собиқ ҲНИТ ва дигар равияҳои экстримистӣ, ки зери чеҳраи ислом ба мардуми шарифи Тоҷикистон дарафтодаанд, ҳимоя намоянд. Ободию озодии кишвари азизамонро доимо нигаҳбон бошанд, зеро Тоҷикистони азизи мо бароямон хонаи умед аст ва касе падару модар ва Ватанро интихоб намекунад, он туҳфаи тақдир аст, ки аз Худованд бароямон эҳдо гардидааст. Шукрона аз ваҳдату кишвари сулҳпарвар бояд намуд, то асрҳои оянда ин хоку ин сарзамин ободу поянда бошад.

Коллективи устодони ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ