Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ тақсимоти хатмкунандагони имсола ба ҷойҳои корӣ ва вохӯрии онҳо бо намояндагони ташкилоту корхонаҳои кишвар баргузор шуд.
Ҷаласаи чорабиниро муовини аввали ректор, муовин оид ба таълим – Саидзода Р.Ҳ. ҳусни оғоз бахшида, намояндагони ташкилоту муассисаҳоро ба хатмкунандагон муаррифӣ намуд.
Намояндагони корхонаҳо бо баромадашон хатмкунандагонро барои кор ба муассисаҳои худ даъват намуданд. Инчунин декани факултетҳо доир ба моҳияти ин даъватҳо ба хатмкунандагон андешаҳои худро иброз доштанд.
Дар ин чорабинӣ Сафаров Б.П. (Вазорати энергетика ва захираҳои оби ҶТ), Бобоев К.Ҳ. (Вазорати нақлиёти ҶТ), Сангинзода Э.Н. (Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ), Бобозода С.О. (Вазорати саноат ва технологияҳои навини ҶТ), Раҷабзода Ҳ. (Вазорати молияи ҶТ), Ашурзода И.А. (Вазорати мудофиаи ҶТ), М.Н. Тавакалзода (Вазорати тандурустии ҶТ), Мӯсоев С.А. (Директори КВД Тоҷиктибтаҷҳизот), Абдулаҳадов Ф. (КВД Ширкати алюминийи Тоҷик), Мирзоева З.И. (ҶДММ ТАЛКО-Кемикал), Холиқов Н. (ҶДММ Ноқили ТАЛКО), Сафарзода Т., Ҳасанзода С.А. (Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии ВКД ҶТ), Раҷабов З.М. (КВД Хоҷагии манзилию коммуналӣ), Ғаниев Ҳ.Х. (Кумитаи давлатии амнияти милии ҶТ), Нуралиев И.Ҳ., Зокиров Ғ. (Кумитаи меъморӣ ва сохтмон), Ҳакимов С. (Агентии меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ), Розиқова О.Х. (ШСХК “Барқи тоҷик”), Манонова М.М. (Шабакаҳои барқии ш. Душанбе), Файзиева М.З. (Маркази барқу гармидиҳии ш. Душанбе), Ҷӯраев Ф.Р. Маҳмадов Т., Сатторов С. (Кумитаи ҳолатҳои фавқулолаи ҶТ) ва дигар намояндагон иштирок намуданд.
Боиси қайд аст, ки ҳамасола ин гуна чорабиниҳо баргузор мешаванд ва хатмкунандагони донишгоҳ аз ҷониби ташкилоту муассисаҳои кишвар ба кор ҷалб карда мешаванд. Дар ташкил ва доиркунии чорабиниҳои мазкур, кор бо хатмкунандагон, ташкили таҷрибаомӯзиҳо ва робита бо корхонаю ташкилоти кишвар нақши Маркази рушди касбияти донишгоҳ назаррас аст. Хурсандиовар аст, ки хатмкунандагони Донишгоҳи техникӣ аз зумраи кадрҳои ҷавони дорои салиқа ва маҳорати хуби корӣ ҳамчун мутахассиси ҷавон омода шуда, ба хоҷагии халқи ҷумҳурӣ фиристода мешаванд. Албатта барои ин заминаи моддию техникӣ, таълимию илмӣ, устодони сахтгиру соҳибтаҷрибаи донишгоҳ мусоидат менамояд.
Маркази иттилоот ва нашр.