Омодакунии кадрҳои илмӣ-педагогӣ кори душвор, меҳнатталаб ва дарозмуддат мебошад. Мутахассисони баландихтисос пойдевори донишгоҳ ба ҳисоб мераванд, зеро ҳар довталабе, ки барои таҳсил ба донишгоҳ меояд, аз мутахассисони баландихтисоси соҳа бояд дониши мукаммалро гирифта тавонад.

Дар ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ барои баланд бардоштани сафи устодони баландтаҷрибаву унвондор шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ фаъолият мебарад. Шуъба аз соли 1981 фаолият карда истода, айни ҳол номи шуъба чандин маротиба иваз шудааст. Аввал номи шуъбаи аспирантураро гирифта, соли 2015 ба шуъбаи докторантураи PhD ва аспирантура иваз карда шуд. Бо фармоиши ректор таҳти №41-3/4 аз 22-юми июли соли 2017 номи Шуъбаи докторантураи PhD ва аспирантура ба Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ педагогӣ иваз карда шуд.

Агар солҳои 1981 аз рӯйи се ихтисос таҳсил дар аспирантура доир мегардид, ҳоло бошад, танҳо дар аспирантура 22 равия буда, омодасозии докторантони PhD 40 равия ва докторантура 22 равияро дарбар мегиранд, ки ин бисёр хурсандиовар мебошад.

Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ педагогӣ яке аз шуъбаҳои асосии ДТТ ба номи академик М.С.Осимӣ ба ҳисоб меравад. Дар солҳои гуногун шуъбаро н.и.т. Ӯрунова Н.Х. (солҳои 1982-1986), н.и.т Шанидзе Н. (солҳои 1986-1990), Солиева М.Х. (солҳои 1990-1997), Ишанҷонова З. (солҳои 1997-2001), Собитова З.А. (солҳои 2001-2003), Фатҳуллоева Ф.Х. (солҳои 2003-2006), Назарова Г.К. (солҳои 2006-2011) роҳбарӣ кардаанд. Шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии донишгоҳ аз соли 2011 то ҳол бо сардории н.и.т. и.в. дотсент Бабаева А.Ҳ. фаъолият карда истодааст. Айни замон дар шуъба 4 корманди штатӣ фаъолият менамоянд: мудири шуъба, ду мутахассиси пешбар ва як мутахассис.

Вазифаи асосии шуъба омода кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ мебошад.

Баъди ба фаъолият шурӯъ кардани шуъба дар 37 соли фаолият 41 докторони илм ва 189 нафар номзадони илм дифои рисола намудаанд, ки ин бисёр натиҷаи калон ва дастоварди бузурги шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ мебошад.

Кайд кардан бамаврид аст, ки устодони унвондор аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар сатҳи роҳбарикунанда дар мақомоти қудратӣ, вазорату корхонаҳо кор ва фаъолият карда истодаанд. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати кадрҳои техникӣ боварии калон доранд ва ин ифтихори донишгоҳу шуъба аст.

Дар шуъбаи омодакунии кадрҳои илмӣ ва илмӣ педагогӣ 32 нафар докторантони PhD таҳсил менамоянд, ки соли ҷорӣ 26 нафар ба курси 1-уми докторантони PhD қабул шуданд ва 90 фисади довталабон дорандаи дипломҳои аълои дараҷаи магистри донишгоҳҳои бонуфузи Федератсияи Русия, Украина, Беларусия, Бангладеш, Афғонистон буда, тариқи буҷавӣ таҳсил карда истодаанд. Аз 32 нафар докторантони PhD 3 нафарашонро духтарон ташкил медиҳанд ва 6 нафарашон аз хориҷӣ кишвар (аз давлатҳои Афғонистон, Бангладеш, Кения) таҳсил карда истодаанд. Тамоми докторантони PhD нақшаи инфиродии тасдиқшуда дошта, мавзӯъ ва роҳбари илмии онҳо дар ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ тасдиқ карда шудаанд ва аввали ҳар моҳ семинари илмӣ доир ба мавзӯи кори докторантон гузаронида мешавад, ки дар он Сардори раёсати илм ва инноватсия ва устодону кормандони шуъба мунтазам ширкат меварзанд. Докторантони PhD ба ғайр аз таҳсил боз ба таҷрибаомӯзии касбӣ ва илмӣ вобаста шуда, ҳангоми ба охир расидани таҷрибаомӯзӣ ба шуъба доир ба гузаштани таҷрибаомӯзӣ ҳисобот пешниҳод менамоянд ва ҳангоми ба охир расидани соли таҳсил докторантони PhD аз аттестатсия гузаронида мешаванд.

Ба ғайр аз докторантони PhD дар шуъба аспирантон низ ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Дар аспирантураи шуъбаи ОКИ ва ИП 19 нафар аспирантон таҳсил карда истодаанд, ки аз он ҷумла аз Ҷумҳурии Мардуми Хитой, Корея ва Афғонистон ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Мавзӯъ ва роҳбари илмии аспирантон дар ҷаласаи Шӯрои олимони донишгоҳ ва бо маълумотномаи Маркази Миллии Патентӣ тасдиқ карда шудаанд.

Ҳамасола аз тарафи раёсати донишгоҳ бо роҳбарии ректори донишгоҳ Одиназода Ҳ.О. нисбат ба тайёр кардани кадрҳои илмӣ аҳамияти ҷиддӣ дода шуда, он устодоне, ки хоҳиши дар аспирантураи хориҷи кишвар таҳсил карданро доранд, аз тарафи донишгоҳ барои таҳсил дастгирӣ карда мешаванд ва ин нишон медиҳад, ки раёсати донишгоҳ нисбат ба тайёр кардани кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ бетараф нест.

Омӯзгороне, ки аз тарафи донишгоҳ ба аспирантура ва докторантураи анъанавӣ дар хориҷи кишвар таҳсил менамоянд ва ҳоло шумораи онҳо ба зиёда аз 50 нафар аспирант ва 1 нафар докторанти анъанавӣ расидааст. Аспирантон дар хориҷи кишвар таҳсил намуда, Тоҷикистон ва ДТТ ба номи академик М.С.Осимиро муаррифӣ карда истодаанд.

Шуъбаи ОКИ ва ИП ҳамасола ду маротиба унвонҷӯёнро қабул мекунад. Ҳоло зиёда аз 98 нафар унвончӯён кор ва фаъолият карда истодаанд, ки 85% онҳо кормандони донишгоҳ буда, танҳо 15% онҳо ҳамкорони беруна мебошанд.

Дар шуъба докторантони анъанавӣ низ таҳсил менамоянд. Ҳоло дар шуъба як нафар докторанти анъанавӣ кор ва фаъолият карда истодааст.

Ҳамасола бо аспирантон, докторантони PhD ва унвонҷӯён нисбат ба тайёр кардани рисолаи номзадӣ ва бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта устодони соҳибтаҷриба, аз ҳисоби академикҳо, профессорон, дотсентон, номзадон вохӯрӣ гузаронида, ба аспирантон, докторантони PhD ва унвонҷӯён маслиҳатҳои муфид дар самти омода кардани рисолаи номзадӣ дода мешавад, ки ба ин мисол вохӯриҳои аспирантон ва докторантони PhD-и донишгоҳ 11-уми ноябри соли 2017 бо собиқ Ректори Донишгоҳи давлатии техникии роҳҳои автомобилии Маскав, д.и.т., профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Федератсияи Россия – Вячеслав Михаилович Приходько, 25-уми январи соли 2018 бо ректори ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ, д.и.т., профессор, узви вобастаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Одиназода Ҳайдар Одина, 18-уми январи соли 2018 бо муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ Абдуллоев М.А. мисол шуда метавонад.

Он мушкилиҳое, ки ҳамарӯза сар мезанад аз тарафи шуъба, раёсати илм ва инноватсия ва муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ бартараф карда мешаванд. Кормандони шуъба ҳаракат менамоянд, ки дар раванди корӣ тамоми роҳҳои заруриро истифода бурда, барои фаъолияти босамари шуъба ва донишгоҳ хизмат намоянд.

Ашӯров Муродҷон – мутахассиси шуъбаи ОКИ ва ИП.