Устодони гиромиқадр! Донишҷӯёни азиз! Кормандони бениҳоят арҷманди Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ! Шуморо ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ самимона муборакбод гуфта, бароятон хонаи ободу хотири шод, пешравии кору расидан ба ҳадафҳои некатонро орзу менамоям. Бигзор насими сулҳу ваҳдат ҳамеша дар Ватани азизамон дар вазидану хуршеди амонию саодатмандӣ доимо дар партавафшонӣ бошад.
Барои тамоми халқу миллатҳо сулҳу ваҳдат вожаҳои писандида ва яке аз ҳадафҳои асосии талошҳо дар зиндагониашон будааст. Ибораҳои «бадтарин сулҳ» аз «хубтарин ҷанг» беҳтар аст, беҳуда дар урфият пайдо нашудаанд. Аксари мо аз даврони кӯдакӣ бо ҳикояти насиҳатии як химчаро шикастан осону банди химчаҳоро шикастан душвор шинос ҳастем. Ва ё гуфтаи шоир, ки “Зӯри мушт аз ваҳдати ангуштон ояд ба даст, Аз парешонии ҷамъият нигоҳ дорад Худо” ҳеҷ гоҳ аҳамияти маънавии худро гум нахоҳад кард. Ин гуфтаҳо шоҳиди онанд, ки халқи мо аз азал сулҳхоҳу ваҳдатпарвар аст. Халқи тоҷик ба сари ягон миллати дигар бо ҳам-ҳамаву дама-дама лашкар накашидааст, гаҳвораи тифлеро нашикаставу синаи модаре набуридааст, падареро ба доғи фарзандаш насӯзондаву бародареро барои қасди хунӣ ба сари касе нафиристодааст. Балки бо бахшандагию оштипазирӣ, меҳрубонию сулҳхоҳӣ мардуми ҷаҳонро ба ҳайрат гузоштааст, ки сулҳи тоҷикон намунаи ин гуфтаҳо ва дастури омӯзишии тамоми ҷамъияти ҷаҳонӣ гардидааст. Зеро бахшандагию наварзидани кина яке аз нишонаҳои ҷавонмардӣ аст. Миллати тоҷик дар арсаи вуҷуди худ тамаддунҳое офаридааст, ки боғи гулафшонеро мемонад, он боиси ифтихори мост ва аз ин боғи гулафшони тамаддуни рангин имрӯз Аврупои мутараққӣ гулҳоеро сарчин кардаву истифода мебарад, дар амал татбиқ намудаву миллатсозӣ мекунад.
Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти ҷомеа дар Тоҷикистон, ки ҳар сол 27-уми июн ҷашн гирифта мешавад, на танҳо рӯйдоди муҳиму беназир барои тоҷикистониён аст, балки чӣ тавре зикр гардид, бо бисёр ҷиҳатҳои хосаш диққати ташкилоти бонуфузи байналхалқиро ба худ ҷалб намуда, барои истифода дар ҳалли мухолифатҳо дар минтақаҳои гуногуни олам тавсия шудааст. Ин ҳам эътирофи куҳанбунёдӣ ва таърихан давлатдор будани тоҷикон аст, ки бешубҳа онро далели эътимоди дигарон нисбат ба тоҷикон арзёбӣ кардан ҷоиз аст.
Ин неъмати худодод бо талошу ҷонбозиҳои фарзанди фарзонаи миллати тоҷик – Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва миллати заҳматпешаи тоҷик ба даст омадааст. Масале ҳаст, ки ба даст овардани сулҳу истиқлолият ва ваҳдат кори осонтар аст, вале ҳифзи он кори басо мушкил ва дар айни ҳол муқаддас аст.
Басе давлатҳое ҳастанд, ки ҷанги дохилию бархӯрдҳои шаҳрвандии худро бо ягон роҳ пеш гирифта наметавонанд. Мо хушбахттарин миллате ҳастем, ки бо хиради азалӣ ва сарсупурдагии тоҷикона аз ин хатари фанобори миллат раҳидем ва шукри ин неъмат мебояд кард.
Дар суханрониҳояшон Роҳбари муаззами миллат – Эмомалӣ Раҳмон доимо дар пайи дарёфти роҳи ҳалли муноқишаҳои дохилии Афғонистони ҳамсоя буда, ҷомеаи ҷаҳониро барои таъмини сулҳ дар Афғонистон даъват менамоянд. Аз як нуқтаи назар ин амал некхоҳию инсондӯстии миллати тоҷикро нишон диҳад, аз тарафи дигар мақсадеро пайгирӣ мекунад, ки вақте ҳамсоя осоишта аст, хайраш ба мо низ мерасад.
Соли равон ҳамчун “Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ” эълон шуда, яке аз ҷанбаҳои дигари ваҳдатсароии мардуми моро нишон хоҳад дод. Зеро сайёҳони хориҷӣ агар мақому манзалати Тоҷикистон ва миллати меҳмоннавози тоҷикро ба олам баранд, мо бо тақвият бахшидани таомулу урфиятҳои миллию ҳунармандӣ, меҳмоннавозию қабули дӯстон ба кошонаи худ дар байни минтақаҳои гуногуни кишвар ваҳдати ягонаро нерӯ мебахшем. Омезиши рукнҳои либоси хоси маҳалҳои гуногуни миллати тоҷик ва завқи истифодаи он тамоми мардуми моро ба ҳам оварда, як миллати воҳид ва соҳибмақомро дар арсаи таърих роҳнамо хоҳад шуд. Бегонапарстию таблиғи анаъанаҳои ғайр аз байн хоҳанд рафт.
Ҳар як чорабиние, ки дар сатҳи олии давлатдории мо сурат мегирад ва новобаста аз чорабинии сиёсӣ, фарҳангӣ, варзишӣ ва ғайра буданаш моро ба ҳам меорад ва ин яке аз самтҳои асосии стратегияи сиёсии давлатдории навини тоҷикон аст. Дар ин самт олимони тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ таъсирбахшанд. Олимон бо афкори созанда, эҷодкорона ва татбиқкоронаашон барои пешрафти иқтисодиёти ягонаи Тоҷикистон саҳми худро мегузоранд. Хушбахтона олимони донишгоҳи азизи мо низ дар тамоми ҷанбаҳои пешбурди системаи хоҷагии халқ софдилона меҳнат менамоянд.
Имрӯзҳо, ки дар Тоҷикистони азизи мо сулҳу ваҳдат ҳукмфармо буда, ҷунбиши созандаи мардум дар ҳамаи ҷабҳаҳо ба назар мерасад, ҳар лаҳза даҳҳо иншооти бузурги саноатӣ, энергетикӣ, мактабу дармонгоҳҳо, шоҳроҳҳои замонавӣ сохта, ба истифода дода мешаванд, ҳар рӯз диёри азизамонро аз дирӯза ободу шукуфон мебинем, бароямон ҳодисаи муқаррарие менамоянд.
Оре меваҳои истиқлолият ва сулҳу ваҳдат барои ҳар халқу миллат, барои ҳар фарду шахсият ҷонбахшу гуворост. Аммо барои он ки ин меваҳо ҳамеша дастрасу ғизодиҳанда бошанд, боғбони моҳире мебояд, ки дарахтони онҳоро эҳтиёту нигоҳубин намояд.
Ба бахти миллати мо сарбонии боғи ваҳдатамон ба боғбони донишманду заҳматкаш, саховатманду дурандеш, ғамхори ҳар ниҳолу парваришкунандаи ҳар гулзор ба Пешвои миллатамон Эмомалӣ Раҳмон насиб гашт ва маҳз тавассути талошҳои пайгиронаи ҳамин боғбон имрӯзҳо дарахтони боғи ваҳдатамон меваҳои ширин ба бор оварда, гулзораш шукуфою дилнишин гашта, диққати тамоми оламро ҷониби худ ҷалб намуда истодааст.
Бигзор сулҳу ваҳдати мо пойдор бошад, дасти ҳам бигрифта сохтанҳо, обод карданҳо, суруданҳо ва ниёиш баҳри осудагии мардум ҷовидонӣ бошад.
Ҷашни ваҳдат муборак!