Ҷаҳони муосирро саросар моҷарои динӣ, мазҳабӣ, этникӣ, сиёсӣ ва ғайра фаро гирифтааст, ки ҳамарӯза ҳазорон кас мубталои ин амалҳои номатлуб гардида, дунёро падруд мегӯянд. Гурӯҳҳои террористиву ифротие, ки дар паси онҳо давлатҳои манфиатҷӯй қарор доранд, мехоҳанд бо роҳу воситаҳои гуногун, бахусус истифода аз технологияи муосиртарин ҳадафҳои нопоки худро дар ин ё он минтақаи дунё пиёда созанд. Мақсади ниҳоии террористон аз байн бурдани миллатҳои гуногуни олам мебошад ва ба ин васила онҳо роҳу воситаҳои мухталифро меҷӯянд, то ин ки мақсади шуми худро амалӣ созанд.

Терроризми генетикӣ барои ҳар як давлати соҳибистиқлол хатари нав ба шумор меравад. Чунончӣ агенти иттилоотии STRINGER гуфтааст: Оғози маъракаи васеъ оид ба мубориза бар зидди терроризми генетикӣ аз ҷониби Агентии RBC рӯзи 17.06.2004 «Ғарб силоҳи навро дар Русия таҷриба менамояд» шурӯъ намудааст. Худи ҳамон рӯз, Ассотсиатсия дар бораи “Тренинги генетикӣ таҳдидҳои нав ба Русия ва ҷаҳон” баромад кард. Дар ҷаҳон ҳанӯз мардум амалҳои террористии генетикиро намедонанд. Аммо коршиносони аъзои кишварҳои СММ ишора мекунанд, ки «ғизо метавонад потенсиали асосии силоҳи генетикӣ дар комиссияи амалиёти террористӣ бошад[1]».

Терроризми генетикӣ ва ё биологӣ солҳои охир мавриди баҳси муҳақиқону коршиносони олам гардидааст. Вақтҳои охир ҷомеаи ҷаҳониро буҳрони об фаро гирифтааст, ки дар аксари кишварҳои Ғарб конференсияву симпозиумҳо дар масоили об ба назар мерасад. Имрӯз баъзе давлатҳои абарқудрат мехоҳанд, ғизо ва обро идора намоянд ва яке аз ин давлатҳо Исроил ва ИМА мебошанд, ки солҳои тӯлонист кӯшиши мақсади худро амалӣ карданро дар дил мепарваранд. Оё абарқудратҳо мехоҳанд мушкилоти давлатҳои кӯчакро осон гардонанд? Оё мушкилии мо мушкилии онҳост? – Не, ин ҳама гапҳои пучу холист. Давлатҳои бузург мехоҳанд, амнияти ғизоии дунёро идора намоянд, барои идораи амнияти ғизоӣ пеш аз ҳама мардуми ин ё он миллатро бояд зери тарсу ҳарос қарор дод. Миллате, ки тарсуст, мавриди идора қарор дода мешавад, миллате, ки наметарсад, идораи он ғайриимкон мегардад.

Президенти ОАГБ (Ассотсиатсияи миллии амнияти генетикӣ) Александр Баранов дар як суханронии худ қайд кард, ки «агарчи моҷарои пешинро таҳлилгарони дохилӣ ва берунӣ ба хубӣ эҳсос карданд, аммо ҳоло бошад моҷаро ба таври махфӣ ва ором сурат мегиранд ва ҳатто бисёриҳо аз эҳсоси ҳаводисҳои замон воқифанд». Яке аз технологияҳои асосии чунин моҷаро яроқи биологӣ мебошад ва маҳсулоти ГМО метавонад интиқолдиҳандаи ин яроқ гардад, агар монеаҳои дахлдор ба ин роҳ дода нашаванд.

Умуман хатари терроризми генетикӣ ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ баҳри бартараф намудани ин вабои аср ҳарчӣ бештар бояд кӯшиш намояд, то ин ки миллати худро аз вартаи нобудшавӣ наҷот диҳад. Ба ҳамагон маълум аст, ки ҶТ аз рӯзи ба даст овардани истиқлолияти хеш сиёсати дарҳои бозро пеш гирифтааст, ки ин эҳтиёткорӣ ва зиракии сиёсиро аз ҳар як фарди ватандор талаб дорад.

Расулов Ҷаҳонзеб – ассистенти кафедраи фанҳои «Ҷомеашиносӣ»

[1]http://stringer-news.com/publication.mhtml