Дар фазои тантанавӣ ва пур аз шаҳомат рӯзи 2-юми июли соли 2018 дар ҷаласаи Шӯрои олимони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ ба мудири кафедраи “Газу гурмитаъминкунӣ, ҳавотозакунӣ ва ҳифзи ҳавзаҳои ҳавоӣ”-и ДМТБ (БНТУ) — Хрусталев Борис Михайлович унвони “Профессори фахрӣ”-и донишгоҳ сазовор дониста шуд.

Боиси қайд аст, ки Хрусталев Б.М. – академики Академияи миллии илми Ҷумҳурии Беларус яке аз ҳамкасбони собиқадорест, ки бо донишгоҳи мо робитаҳои зичи ҳамкорӣ дорад. Дар замони Ректори ДМТБ буданаш кӯмак ва дастгирии бевоситаи ӯ ба донишҷӯёни тоҷик ва аспирантону унвонҷӯён ба таври назаррас мушаҳида гардидааст.

Инчунин ҳайати меҳмонон аз ин донишгоҳи бонуфуз муовини аввали ректори ДМТБ – Вершина Г.А., декани факултети меъмории ДМТБ – Сардаров А.С. ва дигарон ширкат доштанд.

Ташрифи меҳмонон имрӯз дар факултети муштараки ДТТ-ДМТБ ба анҷом расид. Меҳмонон бо донишҷӯён ва волидони онҳо вохӯрда, доир ба таҳсилоти донишҷӯён, мушкилоти онҳо ва идомаи таҳсилашон дар Ҷумҳурии Беларус суҳбат оростанд.

Маркази иттилоот ва нашр.