Имрӯз дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15-уми сентябри соли 2011 таҳти №АП-1729 ва ҷадвали тасдиқнамудаи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти нимсолаи якуми соли 2018 бо иштироки васеи ВАО доир гардид.

Дар нишасти матбуотӣ намояндагони васоити ахбори омма – хабарнигорон аз телевизиони «Ҷаҳоннамо», рӯзномаҳои «Тоҷикистон», «Садои мардум», «Ҷавонони Тоҷикистон», «Ҷумҳурият», «Илм ва ҳаёт», радиои «Садои Душанбе», радиои «Тоҷикистон», радиои «Овози тоҷик», АМИТ «Ховар», радиои «Ховар», раёсати донишгоҳ, декани факултетҳо, сардори Маркази иттилоот ва нашри донишгоҳ, Сардорони идораҳо ва мудирони шуъбаҳои дахлдор иштирок намуданд.

Дар аввал Ректори донишгоҳ Одиназода Ҳ.О. дар бораи фаъолияти ДТТ ба номи академик М.С. Осимӣ дар нимсолаи аввали соли 2018 маълумоти мухтасар пешниҳод намуд.

Сипас хабарнигорон бо саволҳои гуногун муроҷиат намуданд. Асосан саволҳои аз ҷониби намояндагони ВАО пешниҳодгардида доир ба масъалаҳои бо ҷойи кор таъмин намудани хатмкардагони таҳсили буҷавӣ, натиҷаи тадқиқоти олимони донишгоҳ, нашри мақолаҳои онҳо, шароити ҳимояи рисолаҳои илмии устодон, дастгирии донишҷӯёни эҳтиёҷманд ва ҳавасмандгардонии устодону кормандон, вазъи таҳсили аспирантон ва унвонҷӯён – олимони ҷавон, рафти қабули имсолаи довталабон ба донишгоҳ, фаъолияти Парки технологии донишгоҳ ва монанди инҳо буд.

Ба саволҳои пешниҳодшуда аз ҷониби ректори донишгоҳ Одиназода Ҳ.О., муовини ректор оид ба таълим, муовини аввал – Саидзода Р.Ҳ., муовини ректор оид ба илм ва робитаҳои байналмилалӣ – Абдуллоев М.А. ва дигар мутасаддиёни идораву шӯъбаҳои донишгоҳ ҷавобҳои қонеъкунанда дода шуд.

Боиси зикр аст, ки фаъолияти донишгоҳ дар намуди слайди намоишӣ (презентатсия) ва видеоролик дар тахтаҳои электронии толори маҷлисӣ ба намоиш гузошта шуд ва дар давоми нишасти матбуотӣ намояндагони ВАО аз он низ маълумот гирифта тавонистанд.

Дар охир ректори донишгоҳ Одиназода Ҳ.О. ба намояндагони ВАО миннатдории худ ва аҳли коллективи донишгоҳро баҳри ҳамкориҳои судманди доимиашон баён дошт.

Маркази иттилоот ва нашр.