Имрӯз дар фазои тантанавӣ ба 23 нафар хатмкардагони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар соли 2018 дипломи аъло тақдим карда шуд.

Боиси дастгирист, ки ҳамасола чунин чорабинии хотирмон дар донишгоҳ баргузор мегардад ва натиҷаи таҳсили аълои донишҷӯён бо тақдими дипломҳои аъло қадр карда мешавад.

Хатмкардагони имсола, ки сазовори дипломи аъло гардиданд, ихтисосҳои “Нерӯгоҳҳои барқӣ”, “Идоракунии мақомоти маҳаллӣ”, “Меъморӣ”, “Лоиҳакашии биноҳо ва иншоот”, “Сохтмони зеризаминӣ ва шахтаҳо”, “Сохтмони саноатӣ ва шаҳрвандӣ”, “Сохтмони роҳҳо ва фурӯдгоҳҳо”, “Менеҷменти истеҳсолӣ”, “Автоматонии системаҳои коркарди иттилоот”, “Ташкили ҳамлу нақл ва идоракунии нақлиёти роҳи оҳан”-ро аз рӯйи дараҷаи касбии бакалавр (15 нафар), магист (7 нафар) ва таҳсилоти дуюми олии касбӣ (1 нафар) хатм намудаанд.

Роҳбарияти донишгоҳ кӯшиш бар он медорад, ки чунин хатмкардагони аълочиро бо роҳҳои гуногун ҳавасманд гардонида, барои дар оянда ба донишгоҳ ҷалб намудани онҳо замина гузорад. Чуноне имрӯз ректори донишгоҳ Одиназода Ҳ.О. дар суханронии худ қайд намуд, ҳар як хатмкардаи сазовори дипломи аъло гардида имкон ва ҳуқуқ доранд, ки дар магистратура ва докторантураи донишгоҳ таҳсил намуда, ҳамчун кадри маҳаллӣ ва омоданамудаи донишгоҳи азиз давомдиҳандаи фаъолият ва кору пайкори устодони худ бошанд.

Дар охир барои гирандагони дипломи аъло ва дар симои онҳо ба ҳар як хатмкардаи донишгоҳ муваффақиятҳо таманно карда шуд.

 

Маркази иттилоот ва нашр.