Фарзандони азиз, донишҷӯёни гиромӣ!

Шуморо бо Рӯзи Дониш, рӯзе, ки аввалин қадамҳои мустақилонаи худро ба ин даргоҳи муқаддаси касбу илм – Донишгоҳи техникии Тоҷикистон мегузоред, табрик мегӯям.

Шумо хушбахттарин ҷавонони тоҷик ҳастед, ки рӯй ба ин донишгоҳи олӣ овардаед. Донишгоҳи техникии Тоҷикистон Шуморо бо омӯзиши касби равияҳои техникӣ – муҳандисони роҳу нақлиёт, мошинсозиву энергетика, сохтмону металлургия ва ғайраҳо, ки имрӯз хоҷагии халқи ҷумҳурӣ ба он ниёз дорад, раҳнамун мегардад.

Мавриди назар қарор гирифтани ҷавонон ва тарбияи онҳо аз ҷониби роҳбарияти олии кишвар низ аз ғамхории падаронаи Роҳбари давлат шаҳодат медиҳад. Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ аз 15.04.2009 омадааст: “Ҳадафи сиёсати давлатии мо дар бахши ҷавонон тарбияи кадрҳо ва мутахассисони донишманду соҳибмаърифат, насли дорои ҷаҳонбинии васеъ ва хислатҳои ватандӯстиву ватанпарастӣ мебошад”. Ин матлаб дар Паёми навбатӣ 20.04.2012 чунин омадааст: Дар шароити ҷаҳонишавӣ мо бо ҷалби аҳли ҷомеа, бахусус падару модар бояд наслеро тарбия карда, ба воя расонем, ки аз нигоҳи одобу ахлоқ, донишу заковат, худшиносиву ҷаҳонбинӣ ба ниёзмандиҳои ҷаҳони муосир мувофиқ бошад”.

Ин гуфтаҳои ҳакимона на танҳо Шумо, балки мо – омӯзонандагони касбу ҳунар – устодони Донишгоҳи техникиро низ бо масъулияти ифтихормандонаи бузург рӯ ба рӯ месозад.

Ин ҷо ҳақиқати ҳол будани гуфтаҳои дигари Эмомалӣ Раҳмонро дар волоияти касбҳои техникӣ мушоҳида мекунем: “Танҳо сатҳи баланди тафаккури техникӣ метавонад, ки боиси рушди илмҳои техникӣ ва ҷорӣ кардани технологияҳои муосир гардад”.

Гоҳо миллати фарҳангии моро танҳо ба навиштани шеъру фалсафаороӣ нисбат медиҳанд ва гӯё касе аз олимони мо дар даврони бостон ба илмҳои техникӣ рӯ наоварда бошад. Аммо комилан ин тавр нест. Гарчанде истилои юнониёну арабҳо ва турку муғул барои аҳли адаб ва ҳунар қисматҳои талхе пеш овардаву ҳар яке аз ин ҳуҷумҳои беамон барои илм ва навовариву технологияи онвақтаи гузаштагони сарсахти мо шикастҳои ногуфтанӣ оварда бошад ҳам, дарахти илму адаби миллати моро хушк карда натавонистанд. Гӯё дар сангзору регистон олимони мо чун арчаҳои ҳамешасабз нумуъ мекарданд. Бузургмардони тоҷик – муҳандисон – Абурайҳони Берунӣ, Абуалӣ Сино, Форобӣ, Хайём, Алӣ Қушчӣ, Баҳоваддини Амулӣ, Ҷамшеди Кошонӣ, Ал-Хоразмӣ, Алӣ ибни Аббоси тоҷик, ихтироъкорони тӯпи борутӣ – Алоуддин, Исмоил ва Қиёсуддин дар Чин, асосгузори илми тригонометрия – Ҷобири Батонӣ, аввалин муайянкунандаи хами мадори офтоб (кривизны эклиптики) Ал-Фарғонии тоҷик, ихтироъкори осонтарин роҳҳои дарёфти обҳои зеризаминӣ Муҳаммад Карачӣ, асосгузори физикаи таҷрибавӣ Абӯбакри Розӣ, «Падари илми кимиё» дар ҷаҳон Ҷобир ибни Ҳайёни тоҷик ва садҳо олимони дигар бо тартиб додани зичҳо, сохтани расадхонаҳо, омӯхтани кайҳону ихтирои дастгоҳҳои гуногун ба илми ҷаҳонӣ хизмати босазое кардаанд.

Имрӯз, ки бо шарофатии сиёсати пешгирифтаи давлату Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии фарзанди барӯманди тоҷик – Эмомалӣ Раҳмон тамоми имконоту фазои мусоиди илмомӯзӣ муҳайёст, мо бояд аз он истифода намоем. Илм омӯхтан вазифаи ҳар ҷавон аст, то ба халқ хизмат кунад.

Дар ҳадисе аз ҳадисҳои Паёмбари ислом (с.а.в.) омадааст: “Илм зиннати охират буда, толибилмон сазовори биҳиштанд. Илму дониш гирифтан болотар аз ибодат асту маҳфили илм боғистони биҳишт аст. Худованд фармудааст, ки беҳтарин уммати ман толиби илм асту ҳар кӣ илм талаб кунад, ризқаш кафолат дода мешавад”.

“Илм омӯхтан аз ибодат муқаддам (пештар, боло) аст, яъне илм омӯхтан худ ибодат аст” – мегӯяд Имоми Аъзам – пешвои мазҳаби ҳанафӣ. Дар дигар ҷой қайд мегардад, ки “Илм андӯхтан – мероси паёмбарон ва мол андӯхтан мероси фиръавнон аст”. Аз ин рӯ, то тавонем, ба омӯзиши илмҳои замон шуғл варзем.

Ҳамчунин фаромӯш набояд кард, ки бе азхудкунии дастовардҳои илму техника ва технологияи муосир ва забонҳои хориҷӣ мутахассиси комил шудан душвор аст. Аз ин рӯ барои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва азхудкунии тарзу услуби ҷаҳонии касби худ мунтазам кӯшиш намоед.

Дар бобати ҳунаромӯзӣ ва соҳибкасбӣ Унсурулмаолии Кайковус дар “Насиҳатнома”-и худ гуфтааст: “Бидон ва огоҳ бош, ки мардуми беҳунар мудом бесуд бошад чун муғелон, ки тан дораду соя надорад, на худро суд кунад ва на ғайри худро”.

Касби бедониш ба кас нафъе надорад ва Муҳаммади Ҳиҷозӣ дар «Ҳазор сухан» овардааст: Донишандӯзон аз ҳазор бало дар амонанд”, “Донишпажуҳон ба ҷуз илму ҳунар ҳама чизи дунёро кӯчак ва ҳақир мешуморанд”, “Нодон аз он чӣ надорад, бештар ба худ меболад”.

Пас, фарзандони азиз, касбро бо дониши амиқ азхуд кунед.

Сиёсатмадор – Франклин гуфта, ки: ”Агар зиндагиро дӯст дорӣ, вақти гаронбаҳои худро талаф макун”. Ин матлабро Жан Жак Руссо низ чунин баён доштааст: “Аз ҳама бузургтарину муҳимтарин дар ҳама гуна ҷабҳаи қавоиди тарбият чӣ чиз аст? Ин ғанимат донистани вақт нест, балки сарфа карда тавонистани он”. Аз ин рӯ, даврони донишҷӯйии худро сарфакорона ва самаранок истифода баред. Ояндаи зиндагии Шумо аз ин давра вобаста аст. Зеро ба қавли Локард “Зиндагии имрӯз киштзорест, ки зиндагии фардо аз он ҷо мерӯяд”.

Бародарон ва хоҳарони толибилм. Дар охир ба Шумо шаш насиҳати бостонии миллати тоҷикро бароятон баён мекунам, то аз вазифа ва масъулияти худ огоҳ шавед.

Аввал, дар талаби илм ихлос кунед. Дуюм, фароғативу ҷавониро дар талаби илм ғанимат донед. Сеюм, дар талаби илм кӯшиш кунед. Чорум, аз гуноҳ дурӣ биҷӯед. Панҷум, дар илм амал кунед. Шашум, илми худро ба дигарон таълим диҳед.

Шуморо бо оғӯши кушоди падарона имрӯз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон пазируфтааст ва Шумо чун фарзандони як оилаи нек ба сӯйи тақдирҳои саиди худ равона хоҳед шуд.

Дар ин роҳи пурсаодат ба Шумо бурдбориҳо, омӯзиш ва хушбахтиҳо хоҳонам.